Ӯзбекистон бо анъанаҳои ҳамраъйии худ шуҳрат дорад, дар мамлакат нишонаи антисемитизм мавҷуд набуд, ҷумҳурӣ намунаи ҳамзистии осудаи намояндагони миллатҳои мухталиф ба ҳисоб меравад.
Чунин мулоҳизаҳоро The New York Times дар мақолаи хабарнигори худ Эндрю Хиггинс пеш мегузорад.
Дар мақолаи нашри дараҷаи ҷаҳонӣ муаллиф таъкид менамояд, ки дар Бухоро ду ибодатхона, мактаби ибтидоие, ки забони иврит омӯзонда мешавад, иттиҳодияи мадании яҳудиҳо, инчунин қабристоне, ки 10 ҳазор яҳудӣ дафн шудааст, мавҷуд мебошад. Чи хеле ки журналист мепиндорад, намояндагони ин миллат то имрӯз дар яке аз шаҳрҳои қадимаи ҷаҳонии молики шоҳасарҳои меъмории исломӣ истиқомат мекунанд.
Бино бар маълумоти Э.Хиггинс «баромада рафтани яҳудиҳо» аз Бухоро дар солҳои 1990 шиддат гирифтааст. Сабаби ин чи хеле ки шореҳ мепиндорад, хавфи яҳудиён, русҳо ва намояндагони миллатҳои дигар аз авҷ гирифтани миллатгароӣ ва экстремизми мусулмонӣ баъди соҳибистиқлол гардидани Ӯзбекистон мебошад. Аммо ин хел нашуд. Ҳатто онҳое, ки имрӯз ҷумҳуриро тарк кардан мехоҳанд, қайд менамояд муаллиф, Ӯзбекистонро чун мамлакате таъриф менамоянд, ки дар он мусулмонон ва яҳудиён паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар бидуни ягон хел мухолифат нисбат ба Исроил ва мамлакатҳои зиёди Аврупо зиндагӣ мекунанд. «Ман ҳеҷ гоҳ дар ин ҷо антисемитизмро эҳсос нанамудам», нашр суханони яҳудизан Л.Қиматоваро, ки дар Бухоро истиқомат мекунад, меорад.
Ба қарибӣ барои исроилиён то ки муҳоҷирони яҳудӣ баргарданд, ақаллан мамлакати имрӯзаро бинанд, тартиби бераводид ҷорӣ карда шуд, менигорад рӯзномаи амрикоӣ. Дар ин ҷанба Ню-Йорк Таймс суханони муовини аввали раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон С.Сафоевро меорад. Ӯ изҳор менамояд, ки «Яҳудиҳо ҳамеша як қисми ҷудонопазири ҷамъияту халқи ӯзбек буданд ва халқ ба онҳо эҳтиёҷ дорад».
Дар мақола хабар дода мешавад, ки буду боши яҳудиён дар Бухоро аз Пушти даҳуми гумгаштаи Исроил аз садаи VIII то милод ибтидо гирифтааст. Бино бар маълумоти дигар ҷараён аз Вавилонро забт намудани шоҳи форсҳо Кир дар асри IV то милод оғоз ёфтааст.
Хабарнигор дар бораи суҳбаташ дар Бухоро бо президенти ҷамъияти яҳудиёни бухороӣ А.Исҳоқов нақл менамояд. Ӯ қайд мекунад, ки фарзандон ва хешовандонаш, ки дар Австралия, Исроил, ИМА истиқомат мекунанд, ҳамеша хоҳиш менамоянд, ки ба хориҷ биёяд. «Аммо ҷавоби вай бетағйир мемонад: «Ман ба инҳо бештар зарур ҳастам. Зиндагии хуб дорам. Дар Ӯзбекистон мо бо мусулмонон паҳлӯ ба паҳлӯ дар як кӯча зиндагӣ мекунем; мо ба мактаб ва кор якҷо рафтаем», – суханони А.Исҳоқовро меорад The New York Times.
ОИ «Ҷаҳон».