ОҒОЗИ ДАВРАИ НАВ ДАР МАКТАБҲОИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Давраи нав дар назди низоми таълим низ талабҳои қатъӣ мегузорад.

Давраи нав дар назди низоми таълим низ талабҳои қатъӣ мегузорад. Тавре ки сарвари давлат дар суханронии табрикии худ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён таъкид намуд, асоси тараққиёт, қуввае, ки мамлакатро иқтидорнок, миллатро бузург мегардонад, ин илму фан, таълиму тарбия буда, фардои мо, ояндаи Ватан дар навбати аввал бо низоми таълим ва тарбияи фарзандонамон вобастагии қавӣ дорад. Барои ҳамин ҳам дар мамлакат ба масъалаи афзун гардондани салоҳияти омӯзгорон, беҳтар кардани сифати таълим дар сатҳи сиёсати давлатӣ эътибор дода, дар ин бобат ислоҳоти пай дар пай амалӣ мешаванд. Хусусан таҳияи лоиҳаи Фармони Президент «Дар бораи чораю тадбирҳои иловагӣ оид ба такмил додани низоми таълиму тарбияи мамлакат, тезонидани рушди соҳаи илму фан» дар ҳаёти кишвар воқеаи муҳим гардид. Дар ҷамъомади селекторӣ , ки таҳти роҳбарии сарвари давлат 30 октябри соли ҷорӣ бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи фармон баргузор гардид, педагогҳои бухороӣ низ фаъолона иштирок карданд. Бояд эътироф намуд: лоиҳаи фармон, ки мақсад аз он бартарафсозии масъалаҳои ҷойдоштаи таълим ва дар панҷ соли наздик ноилшавӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ, инчунин ифода кардани роҳи минбаъдаи тараққиёт мебошад, аз оғозёбии давраи нав дар мактабҳои Ӯзбекистони таҷдидёфтаистода гувоҳӣ медиҳад. Дар лоиҳа роҳҳои ҳалли масъалаҳо – аз қабили дар ҷамъият боло бардоштани обрӯю эътибору нуфузи муаллим, аз нав дида баромадани барнома ва усулҳои таълим, ноилшавӣ ба алоқаи узвии мактаб бо марҳилаҳои навбатии таълим, аз коғазбозиҳои зиёдатӣ раҳонидани омӯзгорон ва баҳри дар болои худ корбарии онҳо шароит фароҳам овардан, ҳавасмандгардонии эшон, беҳтар намудани инфрасохтори мактаб ва муҳити маънавии он ва ғайра акси худро ёфтаанд. Дар ҷамъомад зарур будани кор карда баромадани рейтинги ҳар як мактаб ва дар ҳамин асос муайян намудани рейтинги сифати таълим дар ноҳия, шаҳр ва вилоят таъкид ёфт. Бинобар натиҷаи рейтинг ба фаъолияти директорони мактаб, ҷонишинони вай, омӯзгорон, ҳокимон ва мушовирони онҳо оид ба таълим баҳо дода мешавад. Ба директорони мактаб, ки дар рейтинг панҷгонаи аввалро ишғол мекунанд, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ музди иловагӣ дода мешавад. Чунончи, директорони мактаб ва муовинони онҳо ба андозаи аз 3 то 12 баробари музди камтарини меҳнат ҳавасманд гардонда мешаванд. Баробари ин роҳбари шуъбаи таълими халқ ва методисти он, директорони мактаб, ба ду нафар омӯзгорони пешқадами мактабҳое, ки дар рейтинги ноҳия ҷойҳои якум ва дуюмро соҳиб шудаанд, аз тарафи иттифоқҳои касаба ҳар сол ба сиҳҳатгоҳҳо роҳхати ройгони дуҳафтаина дода мешавад. Педагогҳои фидоӣ ҳамчунин бо роҳҳои дигар ҳавасманд гардонда мешаванд. Дар ҷамъомад роҳбари давлат таъкид намуд, ки дар навбати аввал бояд меъёрҳои таълимӣ ва миқдори дарсҳо аз нав дида шаванд, бо назардошти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ офаридани методикаи миллӣ, ки хонандагонро ба фикркунӣ водор месозанд, зарур аст. Ин баробари ба мо – омӯзгорон фароҳам овардани шароитҳои қулай масъулият низ зам мекунад. Ба масъалаи аз нав дида баромадани тартиботи муайянкунии тоифаи омӯзгорон низ эътибор дода шуд. Таъкид ёфт, ки бо роҳи соддагардонии ин ҷараён ба омӯзгорон сабукиҳо дода шавад. Масъалаи дар мактабҳо ҷорӣ намудани идоракунии замонавӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Акнун ба вазифа таъинкунии директорони мактаб бевосита, бо маслиҳати шӯроҳои маҳаллӣ дар асоси интихобот сурат мегирад. Ҳар як номзад бо барномаи дар 3 соли оянда баҳри пешравии мактаб чӣ кор хоҳад кард, баромад мекунад ва баъди интихоб шудан ҳар сол дар назди шӯроҳо ҳисобот медиҳад. Ин, бешубҳа, бобати ташкил кардани фаъолияти мактабҳо, пешгирӣ намудани дахолати ноқонунӣ ба кори директор ва беқарорӣ (ҷойивазкунӣ)-и кадрҳо чун омили муҳим хидмат мекунад. Тавре ки сарвари давлат таъкид кард, шубҳае нест, ки фармон бобати боз ҳам такмилёбии низоми таълиму тарбия дар Ӯзбекистон, рушди соҳаи илму фан «... манбаи пуриқтидоре мебошад, ки зуд ба чашм намерасад, вале дар 10-15 соли наздик баҳри дигаргунсозии қиёфаи мамлакат ҳамчун асос хидмат мекунад». 

Дилфуза МУСТАФОЕВА, 
сардори садорати таълими халқи вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: