ОҒОЗИ ИҚДОМИ НЕК

Дар чорчӯбаи ҳаракати умумимиллии «Макони сабз», ки бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлатамон оғоз ёфтааст, дар Самарқанд ба шинонидану парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадор ва манзаравӣ ҳашари умумихалқӣ эълон гардид.

— Дар доираи чорабинии мазкур тирамоҳи соли равон ва баҳори соли оянда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд шинондани беш аз 15 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони гуногун ба нақша гирифта шудааст, – гуфт сардори идораи хоҷагии ҷангали вилояти Самарқанд А.Ҷамолов, – ба ин мақсад 80 нафар олимону мутахассисони мактабҳои олии Самарқанд ҷалб гардиданд, ки онҳо дар куҷо ва чӣ тавр парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадор ва манзаравиро ба мардум маслиҳат медиҳанд.
Фаромӯш набояд кард, ки ҳар чӣ қадар дарахтон бисёр шаванд, муҳити зисти ҷомеа ҳамон қадар тоза мешавад.Чӣ ҷойи руст кардан аст, ки моҳҳои охир пойтахти ватанамон ,– шаҳри Тошканд дар дунё аз рӯйи ифлосии ҳаво аз Деҳлӣ гузашта, ҷойи аввалро ишғол кард. Сабаб – буридани дарахтони бисёрсола, сохтмони беҳисобу бисёр ва афзоиши нақлиёт.
Бинобар ҳамин, дар Самарқанд мо бештар дар кӯча ниҳолҳои дарахтони сояафкан сабзонида, инчунин хиёбонҳо барпо мекунем.
Дар кӯҳистон низ бунёди ҷангалзор, боғу токдорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Охир Соҳибқирон дар атрофи  Самарқанд 14 боғи дилнишину хушманзараи табиӣ бунёд карда буд.
Фаромӯш набояд кард, ки «аз нек боғ» мегӯянд.
  
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти 
Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: