ОҒОЗИ НАВ ВА РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТИЮ ҲАМКОРӢ

Муносибатҳои халқҳои ӯзбеку тоҷик воқеияти нав нест, ки дирӯз ё имрӯз пайдо шуда бошад.

 Дар ҳақиқат тайи асрҳо муносибатҳои маънавӣ, динӣ ва фарҳангии ниёгонамон ба ҳам пайванд буданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми музокирот ва вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иброз намуд, ки «Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. 
Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, таконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд».
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои устуворро ҷиҳати рушди соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу робитаҳои башарӣ, иртибототи нақлиётӣ, истифодаи захираҳои обу энергетикӣ, амният ва мудофиа, ҳамчунин густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар асос гузошт.
Имрӯз қариб ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба сарҳад ҳалли худро пайдо карданд ва ин воқеият ба ҷонибҳо имконият дод, ки Шартномаи дахлдорро дар ин хусус ба имзо расонанд.
Қарор оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз натиҷаи дигари муҳими мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шумор меравад. Дар ин замина қарори ҷонибҳо оид ба марҳала ба марҳала барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон низ муассир мебошад.
Дар ин робита, ҷиҳати амалӣ гардонидани ҳадафҳои гузошташуда ва ба расмият даровардани ин муносибатҳо санадҳо, аз ҷумла созишномаҳои тарафайн ба имзо расонида ва онҳо дар парлумони Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.
Ин иқдомҳои бузург ва арзишманд бо тасмими роҳбарияти олии бо ҳам дӯст ва ҳамҷавор – Тоҷикистону Ӯзбекистон амалӣ гардонида шуд, ки дар натиҷа ҷиҳати таҳкими робитаҳои дӯстона ва хайрхоҳонаи мардумонамон заминаи мусоидро фароҳам меоварад.
Дар ин замина, санаи 1 то 4  августи соли равон Ҳайати дӯстии Тоҷикистон ба кишвари Ӯзбекистон сафар намуд. Ҳайат аз намояндагони ҷамъиятиву сиёсӣ ва ходимони фарҳанг иборат буд.
Сафари мазкур дар партави сиёсатҳои  хирадмандона ва дурбинонаю ҳамҷавори роҳбарияти олии ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар Тоҷикистону Ӯзбекистон амалӣ карда шуд, ки намунаи баланди ҳамҷаворӣ, ҳамдилӣ ва муҳаббати халқҳои тоҷику ӯзбек гардид. 
Ҳангоми ворид гардидани Ҳайати дӯстии Тоҷикистон ба сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо изҳори хушнудӣ ва истиқболи оғӯши гарму пурмуҳаббати бародарона бо садои карнаю сурнай ва суруду рақс оғоз ёфт.
Зиёрати маҷмааи «Ҳазрати Имом», ки дар осорхонаи он нусхаи аслии Қуръони усмонӣ маҳфуз аст, Қасри форумҳои «Ӯзбекистон» ва Хиёбони адибон, хиёбони ба номи Амир Темур, меҳмонхонаи «Тошканд-палас», Телевизиони миллии Ӯзбекистон, Китобхонаи миллӣ ва Академияи улум, шаҳри бостонии Самарқанд, боздид аз маҷмааи таърихии мадрасаҳои Улуғбек, Тиллокорӣ ва Шердор ва тамошои намоиши бисёр ҷолиби навори филм-шоуи таърихӣ дар майдони «Регистон», зиёрат ва тамошои хона-музейи устод Айнӣ дар шаҳри Самарқанд ба мо таассуроти нек бахшид.
Истиқболу пазироии самимона ва гарми мардуми Ӯзбекистон бо гусели самимонаву пурэҳсос ба анҷом расид. Мисли як дил наметавон халқҳои моро, ки ба ҳукми тақдир бо ҳам омехта шудаанд, аз ҳам ҷудо кард. Бигзор ҳамеша дарвозаҳои меҳру муҳаббат ва дӯстиву бародарӣ ба рӯи халқҳои бародару ҳамҷавор – тоҷикону ӯзбекон боз бошад. Боздидҳо ва мулоқотҳо нишон доданд, ки халқҳои тоҷику ӯзбек ва дӯстии онҳо гувоҳи он буданд, ки мо воқеан ташнаи дидор, сухану ҳунари ноби ҳамдигар ҳастем.
Мо дар Тоҷикистон ҳамеша боварӣ доштем, ки дер ё зуд дар муносиботи неки бисёрасраи кишварҳои мо давраи навине эҷод мешавад ва ҳама чиз ба давраи муқаррарии худ бармегардад.
Дар Тоҷикистон ба рушди забони ӯзбекӣ таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад. Дар кишвар беш аз 260 мактаби ӯзбекӣ фаъолият мекунад. Дар донишгоҳҳо ҳамчунин кафедраҳо барои тайёр кардани муаллимони забон ва адабиёти ӯзбек мавҷуданд.
Муносибатҳо миёни ҳарду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Созишҳои мутақобилан судманд ба даст омаданд, ҳамкории дуҷониба бо суръат рушд меёбад, боздидҳои ҳайатҳои доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар роҳандозӣ мешаванд, инчунин робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ густариш меёбанд.
Дар доираи ин сафар масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳоямон низ мавриди музокира қарор дода шуд. 
Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳангоми вохӯрӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров иброз намуда буданд, ки муносибатҳои дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардумони ҳарду кишвар доранд. Аз ин хотир, вазифаи сиёсӣ ва инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем.
Арзишҳои умумии таърихӣ ва фарҳангӣ, анъаноти эҳтироми тарафайн ва ҳусни ҳамҷаворӣ барои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Ӯзбекистон заминаи устувор мегузоранд.

Лутфия РАҶАБОВА,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
оид ба илм, маориф, фарҳанг  ва сиёсати ҷавонон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: