«ОБ АГАР САДПОРА ГАРДАД, БОЗ БО ҲАМ ОШНОСТ»

Интиҳои асри ХХ, дар баробари ворид намудани дигаргуниҳои мусбат, бо санҷишу имтиҳонҳои сахт ҷаҳонро ба ҳадде такон дод, ки ҳатто давлатҳои абарқудрат дар ҳоли раҳгумӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, дар кишварҳои пасошӯравӣ, қариб ки ҷумҳурие намонд таъсири бади он ҳама ҳаводисро эҳсос накарда бошад.    
Аз миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистони соҳибистиқлол зиёдтар аз ҳама гарон афтод. Хоинону душманони миллат бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ ва сӯистифода аз эътиқоди сахти динии мардум арзишҳои миллию давлатиро сарфи назар карда, кишварро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ифротгароёни исломӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопок ва табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари исломӣ, аз разолат рӯ намегардонданд. Бархӯрди сиёсие, ки дар ҷумҳурӣ рух дод, зиёда аз 150 ҳазор қурбонӣ, шаҳру деҳоти вайрону валангор боқӣ гузошта, ба иқтисодиёти мамлакат ҳисороти азиме ворид кард. Бадтар аз ин, тоҷик ҳамчун миллат ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар садади нобудӣ қарор гирифт. Хушбахтона, бадхоҳони миллат ба ҳадафҳои нопок расида натавонистанд ва дар лаҳзаҳои тақдирсоз миллати тоҷик паҳлӯ ба паҳлӯ бо дигар халқияту миллатҳои маскуни Тоҷикистон, новобаста аз вазнинию маҳрумияти зиёд, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва муборизаи беамон тавонистанд мамлакатро аз вартаи нобудӣ эмин нигоҳ доранд. Дар рӯзҳои барои миллат сахту душвор кӯмакҳои беғаразонаи маънавию моддӣ аз ҷониби мардуми шарифи Ӯзбекистон ба хубӣ эҳсос мегардид. Мутаассифона, бо дасисаи гурӯҳҳое, ки оромию осоиштагӣ ва пешрафти ҳар ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамҷаворро намехостанд, муддати муайян монеа эҷод гардид, ки ҳаргиз ба манфиати тарафҳо набуд.     
Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гӯё маҳз барои он рӯзҳо байтҳои машҳури зерро навишта буд:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон 
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.   
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Хушбахтона, он рӯзҳо ҳам паси сар гардиданду бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев субҳи деринтизор барои сокинони бо ҷону дил пайванди ҳар ду ҷониб дамид ва муносибати ҳасана байни ҳар ду кишвар аз нав барқарор шуд ва бисёриҳо он лаҳзаро «таваллуди дигар» номида, ба беҳбудии равобити мамлакатҳо мутмаин шуданд. Иқдоми хайру савоб ва ниҳоят, ҷавонмардона ба сокинони ҳар ду кишвар шароити мусоиди ҳамкорӣ фароҳам овард. Зеро садду монеаҳо имконият намедоданд, ки аз ҳар ду тараф оилаҳои муштарак, хешу табор, пайвандону наздикон бо ҳам дар омаду рафт бошанд, аз ҳоли ҳамдигар воқиф гарданд ва дар рӯзҳои ғаму шодии якдигар боҳам бошанд.    
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баҳори соли 2018 ба Тоҷикистон нишон дод, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои фазои азими фарҳангӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишофёфта буда, метавонанд рафтуомади озод дошта, истеҳсоли маҳсулоту хизматрасониро бештар фароҳам оранд ва барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт иқтидори транзитиро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд. Баъди ин рӯйдоди муҳими таърихӣ бо талошу ташаббусҳои неки сарони давлатҳо 16 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояи нек расонд.  Ҳосил аз ин сафар ба имзо расидани 27 санаду созишнома, аз ҷумла, ба шаҳрвандони ду кишвар додани ҳуқуқи будубош  бидуни виза то сӣ рӯз дар қаламрави ҳамдигар гардид.
Қайд кардан зарур аст, ки андешаи ҳамзистии дӯстона, ки аввалин маротиба дар Эъломияи Куруши Кабир ҷойгоҳи муносиб ёфтааст, мардумро ба ҳамдилию бародарӣ даъват менамояд. Ин пиндори башардӯстонаро минбаъд гузаштагон идома дода, бо аксар қавму қабила, дину мазҳаб бо эҳтиром муносибат менамуданд ва рафоқатро ҳамчун намунаи неки ҳамбастагӣ азизу муқаддас медонистанд. Дар ҳамин асос тоҷикон бо ҳамсоягон, бахусус бо халқи бародари ӯзбек, дӯстии мустаҳкам барпо намуданд, ки он аз имтиҳони таърих сарбаландона гузаштааст.
Аслан,  муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардида бошад ҳам, дӯстию рафоқати халқҳо таърихи қадим ва бою рангин дорад. Тоҷикон ва ӯзбекон дар муборизаҳои якҷояи таърихӣ бар зидди истилогарони аҷнабӣ борҳо  садоқату рафоқати байниҳамдигариро собит намудаанд. Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни XV  боз ҳам устувор шуд ва дар мисоли ҳамкориҳои адабию дӯстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ сифатҳои навро соҳиб гардида, ба анъанаи нек табдил ёфт ва то кунун идома дорад. Сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишери Навоӣ, бо таъсири осори устодаш Мавлоно Ҷомӣ, ба забони тоҷикӣ ончунон садоқат доштааст, ки бо тахаллуси Фонӣ ғазалҳои ноби тоҷикӣ эҷод карда, онҳоро дар шакли девони алоҳида мураттаб сохтааст. Пасон ин анъана дар эҷодиёти шоирони асрҳои ХVI-ХХ Махмур, Маъдан, Нодира, Анбар-Отун, Гулханӣ, Ҳозиқ, Аҷзӣ, Айнӣ ва дигарон мақоми хос пайдо кард.
Дар садаи ХХ устод Садриддин Айнӣ, ҳамчун донандаи хуби забони ӯзбекӣ, анъанаи зуллисонайниро идома дод. Инчунин, анъанаҳои неки чандасраи равобити дӯстонаи тоҷикон ва ӯзбеконро тақвият бахшида, дар ин ҷода хизматҳои шоиста ба анҷом расонд.
Садриддин Айнӣ бо адибони ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом ҳамкории наздики эҷодӣ барқарор карда, дар тарбияи онҳо низ нақши назаррас дорад. Ҳамин анъанаи неку писандида ва дӯстиву рафоқати ҳар ду халқи ҳамсояро баъдан шахсиятҳои барҷастаи фарҳангу сиёсат Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов идома дода, ба он мазмуни баланди башардӯстона ҳамроҳ намуданд.
Рӯйдоди фараҳбахшу таърихии дигар, ки бешубҳа, ба қавитару мустаҳкамтар гардидани равобити дӯстии ҳар ду миллат мусоидат менамояд, нахустин сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Он 17-18 августи соли 2018 ба вуқӯъ пайваст ва боис ба имзои 26 санади нави ҳамкорӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахши сиёсату тиҷорат, иқтисод, нақлиёту мухобирот, фарҳанг, масоили минтақавию байналмилалӣ гардид.
Зимнан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки: «Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ҳамеша яке аз ҷойҳои махсуси афзалиятнокро касб менамояд... Равобити мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз муносибатҳои ҳамҷаворию қаробати халқҳо, дӯстии бисёрасра ва эҳтироми мутақобила сарчашма мегирад».
Ҳамчунин, дар байни он ҳама ҳуҷҷате, ки ба имзо расиданд, аз ҳама муҳим имзои Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, ки муносибатҳои ҳар ду кишварро ба сатҳу сифати нав мебарорад. 
Сарони давлатҳо дар густариши робитаҳои дуҷониба аҳамияти асосии рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро махсус қайд карда, иброз доштанд, ки байни кишварҳо динамикаи мусбати ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фароҳам оварда шуд ва аз ду баробар боло рафтани ҳаҷми гардиши мол дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ карданд. Пешниҳод гардид, ки барои дастгирии минбаъдаи ин тамоюл соҳаҳои тиҷоратӣ диверсификатсия карда шуда, барои беҳтар намудани шароити фаъолияти сармоягузорӣ ҳамгироии амиқ лозим аст.
Боварӣ аст, ки ба шарофати муҳаббату дӯстӣ фазои боз ҳам солиму созанда на танҳо дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки дар минтақа устувор мемонад.
Билохира, хеле бамаврид медонам, ки андешарониро бо яке аз байтҳои машҳури Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳусни анҷом бахшам, ки ба тариқи зайл аст:
Гар ба зоҳир аз ту дурам,дур фаҳмидан хатост,    
Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност.

Самариддин АСОЕВ, 
сармуҳаррири рӯзномаи 
«Садои мардум».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: