ОБ – МАНБАИ ҲАЁТ

2-юми феврал таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои беҳтар гардондани низоми кор бо партов ва вазъияти экологӣ, вазифаҳои муҳими татбиқсозии лоиҳаи умумимиллии “Манзили сабз” ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

2-юми феврал таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои беҳтар гардондани низоми кор бо партов ва вазъияти экологӣ, вазифаҳои муҳими татбиқсозии лоиҳаи умумимиллии “Манзили сабз” ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад масъалаҳои муҳим баррасӣ шуда, оид ба такмил додани маданияти экологии шаҳрвандон сухан рафт.
Воқеан, Ӯзбекистони биҳиштосо кишвари боғу роғ, меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, ҳайвоноту наботот, кӯҳу талҳои зебо, чашмаҳои мусаффо, дараҳои ҳамешабаҳор, рӯду наҳрҳои зарафшон мавзеи беҳтарини сайру саёҳат ва истироҳати дилнишину гуворои меҳмонону мизбонон аст. Аммо «обу ободонӣ» гуфтаанд. Шояд аз ҳамин сабаб кас ба манбаъҳои фаровони об, ки аз синаи кӯҳҳо ҷӯш зада мебароянд, бо ҳавас нигариста, ба маънии «об – манбаи ҳаёт» беҳтару хубтар сарфаҳм меравад. 
Шукри Парвардигор, ки маҳз бо ташаббусҳои созандаи сарвари давлатамон дар ҳар кӯчаю маҳаллаи шаҳру ноҳияҳо, ҳатто минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ низ лӯлаҳои обгузар гузошта шудаанду мардум аз оби ошомиданӣ таъмин гардидаанд. Воқеан, агар дастрасии об дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҳаёти иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо ба талаботу меъёр мувофиқат накунад, рушду равнақ нахоҳад шуд. Барои ҳамин Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ҳамеша баҳри истифодаи оқилона, тозагии об ва аз хушкшавӣ нигоҳ доштани баҳри Арал чораҳо меандешад.
Лекин ғайр аз муаммои баҳри Арал, аксарият наҳру ҷӯйборҳои мамлакатамон низ вазъи ташвишовар доранд. Баъзе шахсони худобехабару беинсоф ҳар чизе рост ояд, беандеша ба рӯду рӯдхонаҳо мепартоянд, ки  дар натиҷа онҳо ба партовгоҳҳо табдил меёбанд. 
Аз рӯйи маълумоти мутахассисону коршиносон ҳоло дар тамоми ҷаҳон тахминан 1,5 миллиард одам аз норасоии оби нӯшиданӣ азият мекашад, беш аз 20 миллион нафар ҳар сол аз сабаби беморие, ки аз оби ифлос сироят мекунад, ҳалок мешаванд.
Ёд дорам, охири солҳои 60-уми асри гузашта дар Венгрия адои қарзи ҷавонмардӣ мекардам ва гоҳ-гоҳ мо, сарбозон ба сайри атрофи Будапешт мебаромадем. Тааҷҷуби ман аз ифлос будани дарёи Дунай буд. Дертар фаҳмидам, ки нӯшидани оби рӯди Рейни Олмон, Сенаи Фаронса, Пои Италия, Тисаи Полша ва дигар дарёҳои Аврупо аз сабаби ниҳоят ифлос буданашон  манъ аст ва ҳатто дар онҳо шустушӯ кардан мумкин нест.
Афсӯс, ки оби дарёи Зарафшон низ сол то сол натанҳо ба миқдор, балки аз ҷиҳати сифат ҳам коҳиш меёбад. Бинобар ин як гурӯҳ аъзои ташкилоти «Самарқандро нигоҳ медорем» бо сарварии журналисти бебоку шуҷоъ, ҷонишини сардабири рӯзномаи «Самаркандский вестник» Анастасия Павленко бонги изтироб мезананд, ки ба дарёи ҳаётбахши мо осеб нарасад.
Ба мақом ва аҳамияти об дар фаъолияти инсон баҳо додан мушкил аст, бидуни об на кори кишоварзӣ пеш меравад, на нон пухта мешавад. Зеро об – унсури ҳастӣ ва дорои табиати пурасрори физикӣ аст.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ниёгони мо ба чор унсури бунёдии табиат – обу оташу хоку бод эҳтирому эътиқоди хосса дошта, замину обро аз ҳар гуна палидиҳо пок медоштаанд.
Пири равшанзамири Шарқ Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ»-и хеш менависад:
То кунун кардӣ, 
чунин акнун макун,
Тира кардӣ обро, афзун макун.
Барҳақ об неъмати бебаҳои табиати кишвари офтобии мост. Алалхусус, вазъияти нохубу ночори деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанд диққати касро ба худ мекашад. Ҳар ҳафта мо, як гурӯҳ дӯстони табиат дар сармову гармо, яъне зимистону тобистон азми сафари ин мавзеи дилнишину хушҳаво мекунем. Устоди сухан, фарзанди Оҳалик раҳматӣ Шодон Ҳаниф бо ифтихор мегуфтанд, ки дар гузашта давлатдорони Самарқанд дар ин манзил истироҳат мекардаанд. Шояд аз ҳамин сабаб дараи мазкурро Шаҳнондара мегуфтанд. Вале пас аз он, ки дар асрҳои XIV-XV-ум деҳа ба маркази истеҳсоли оҳак табдил ёфт, номи «Оҳаклик» ва бо гузашти айём суфташуда «Оҳалик» гардид. Ҳозир ҳам ба кас дар канори рӯдаки кӯҳӣ истода ба атроф нигаристан кайфияту лаззат мебахшад. Зеро, табиати нотакрори зебо, мусиқии якнавохти оби дарё, насими маҳину дилнишин, нағмасароии паррандаҳои хушхон ҳар як фардро сеҳру афсун мекунанд. Аммо дар канори дарёча, таги дарахтони сояафкан боқимондаҳои гулхан, шишаву коғазҳо ва дигар партовро дида, табъи кас хира мешавад. Бар болои сӯхта  намакоб гуфтагӣ барин баъзе шахсон мошини худро дар ҷойи тунукоби рӯд  мешӯянду онро беш аз пеш ифлос мекунанд ва агар эътироз кунед, ба хурӯси ҷангара табдил меёбанд.
Фиғони мо боз аз он аст, ки дар натиҷаи суми аспу хар, гову гӯсфандон чашми чашмаҳо кӯр мешаванд. Ҳайвоноти баднафсу носер рустаниҳоро маҳв мекунанд. Ин ҳолатҳои нохуш дар анҷумани матбуотӣ бо иштироки роҳбарони идораи экологияи вилояти Самарқанд баррасӣ гардид. Қарор карда шуд, ки қаторкӯҳҳои Оҳалик мамнӯъгоҳ эълон гардад, дар он намудҳои нодири набототу ҳайвоноте, ки дар вазъи нестшавӣ қарор доранд, ҳифз шаванду чашмаҳо аз нав ба ҷӯш оянд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: