ОБ МАНБАИ ЗИНДАГИСТ

Сол аз сол дар минтақаҳои мухталифи дунё норасоии об бештар эҳсос мешавад.

Бино ба натиҷаҳои тадқиқоти пажӯҳишгарон дар кураи Замин минтақаҳое мавҷуданд, ки ба иллати камбудии об манзилҳои зиёд дар онҳо ба хароба табдил ёфтаанд ва сокинони он маҷбур шудаанд, ки ҷову ҷалоли худро тарк намуда, ба минтақаҳои дигар кӯч банданд. 
Бе об наметавон ҷоеро обод намуд, ба киштукор  машғул шуд ё кӯчати ниҳол шинонду  боғеро бунёд кард. Дар айни ҳол кишоварзони вилояти Фарғона  ҳудудан дар  сесад ҳазор гектар майдонҳои таҳти кишт  пахтаву ғалла, сабзавоти полизӣ ва боғҳои беканор парвариш  мекунанд, ризқу рӯзӣ ба даст меоранд. Ба ин васила атрофу акноф сарсабзу хуррам мегардад. 
Нуктаи дигар  қобили қайд аст, ки аз манбаъҳои об бояд оқилона истифода бурд. Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев борҳо  таъкид кардааст, ки ҳар як фермер истифодаи манбаъҳои обро мувофиқи мақсад ба роҳ монад, аз об самаранок истифода кунад. Он гоҳ ҳосили кишт  афзоиш меёбад ва зиндагӣ фаровон мешавад.
Аммо оё барои марди деҳқон истифода аз манбаъҳои об ҳамеша бидуни монеаву мушкилӣ муяссар мегардад? Оё конвенсияҳои байналхалқии истифодаи манбаъҳои об аз ҷониби кишварҳои мо риоя мешаванд? 
Манбаъҳои оби нӯшокӣ ва обёрии баъзе манотиқи вилояти Фарғона дар қаламрави кишвари ҳамсояи Қирғизистон воқеъ мебошад. Дарвоқеъ, то се-чор соли пеш мардуми деҳоти Чашма, Зангат, Гулистон, Чумоқча, Обишир, Мӯлгон, Сафедкон, Ҳушёр ва Қизилқиёқи ноҳияи Сӯх аз ҳамин манбаъҳои об  истифода мебурданд. Ҳоло пеши роҳи оби чашмасорон баста шуда, киштзорҳову боғу роғи мардуми зиёд рӯ ба хушкидан  овард. 
– Асрҳо боз мардуми деҳаҳои Ҳушёру Қизил-қиёқи мо дар радифи сокинони деҳоти Согмент, Ғоз, Кунгайтон ва Чорбоғи вилояти Ботканди Қирғизистон  аз оби шаффофи ду чашма  баҳра мебурданд, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх Мирзоамин Ифтихонов – Дар ҷониби ҳамсоя пеши оби чашмасоронро бастанду моро аз истифодаи ин манбаъҳои об маҳрум карданд. Ҳатто се соли пеш сокинони деҳаҳои Ҳушёр ва Қизилқиёқ  дар фасли зимистон барфро об карда истифода бурданд. 
Тавре ки раиси ин ҷамоат афзуд, онҳо даҳҳо маротиба ба идораҳои болоӣ муроҷиат кардаанд, ки мардумро бояд аз ин ҳолати ногувору риққатовар раҳо намуд. Мирзоамин Ифтихонов бовар дорад, ин аризаҳо самари нек ба бор хоҳанд овард ва киштзорони васеи мардум аз хушкшавӣ наҷот хоҳад ёфт.
Ба манзури тадқиқи ин мавзӯъ саре задам ба Вазорати хоҷагии оби кишвар.  Сардори раёсати вазорати хоҷагии об Мадамин Қурбонов  ба мо гуфт, ки  бо талошҳои зиёд аз зери замин ду нуқтаи оби ошомиданӣ кашида бароварданд, ки тавассути барқ сурат мегирад. 
– Ҳоло каму беш сокинони деҳаи Ҳушёрро, ки аҳолии он дасти кам ҳафт ҳазор нафарро ташкил мекунад, бо оби нӯшокӣ таъмин кардем. Аммо майдонҳои кишти аксари хонаводаҳои ин деҳаҳо аллакай хушкидаву чораҳои фавриро тақозо менамояд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини мардуми  деҳаҳои Ҳушёр ва Шарқободи ноҳияи Сӯх маблағҳои зиёд ихтисос дод. То ин замон мардуми деҳаи Шарқобод минбаъд ба камбуди об дучор нахоҳад шуд. Дар ояндаи наздик аз дарёи Сӯх насосҳои пурқувват барои мардуми деҳаи Ҳушёр ва киштзори онҳо об кашида мебарорад ва ин муаммо низ бартараф мегардад, – бо итминон изҳор кард Мадамин Қурбонов.
– Агар мо ба таври фаврӣ аз зери замин об кашида намебаровардем, шояд маҷбур мешудем, ки ба ҷойи дигар кӯч бандем. Оби чашма аз ҳавлии ман дар масофаи саду панҷоҳметрӣ воқеъ гаштааст. Бо сабабҳои барои мо номаълум ҳоло оби ин чашма ба тасарруфи деҳаи Чашмаи Қирғизистон гузаштааст ва кайҳо боз ҳамсояҳоямон пеши оби чашмаро барои мо бастаанд, – мегӯяд коршиноси масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳокимияти вилояти Фарғона Камолиддин Азизов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: