Ҷараёни сиёсии муҳими такмили Қонуни асосиро, ки дар кишвар идома дорад, аз назар гузаронида ба хулосае омадам, дар тағйироте, ки ба масъалаҳои соҳаи экологӣ дахл доранд, аз ҷумла, қисман бошад ҳам, ба ҳалли муаммоҳои об эътибори алоҳида медоданд, айни муддао мебуд.
Аз ҷумла, таклифи кор карда баровардани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ бобати ба тартиб даровардани фаъолияти комиссияи доимӣ оид ба дида баромадани таклифҳои марбути ҳифзи об дар ҳудудҳо, ҳуҷҷатҳои меъёрии тасдиқкунандаи ҳуқуқ ва маҷбурияти онҳо дода шудааст. То ҳол ҳудудҳои ҳифзи об нишон дода нашудааст. Новобаста ба саъю ҳаракати масъулон дар ҷойҳо корҳои ғайриқонунии сохтмон бурда мешаванд.
Мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии ҳифзшаванда» ҳангоми ҷудокунӣ ва банақшагирии заминҳои хоҷагиҳои ҳудуди аҳолинишин бо маслиҳати идораҳои ҳифзи об ва назорати санитарӣ, ҳифзи муҳити атроф ва экология кор бурда мешавад. Баъзан ба ин ҳолат эътибор намедиҳанд. Аз ин рӯ, агар назорати комиссия ташкил карда шавад, ҳудудҳои ҳифзи об сари вақт ба фаъолияти ғайриқонунӣ рахна мезананд ва масъулияти шаҳрвандон дар ин ҷода меафзояд.
Аз боиси набудани ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба ҳалли масъалаҳое, ки шаҳрвандон доир ба масканҳои дамгирии ғайриқонунии дар атрофи сой, ҷӯйбор ва каналҳо сохтаи соҳибкорон ва ба ҳангоми тозакунии ин мавзеъҳои обӣ ба монеъгиҳо дучор шудан муроҷиат мекунанд, душвориҳо пеш меоянд.
Марғубахон
МУХТОРХОНОВА,
раиси шӯрои ноҳияи Чусти Ҳизби экологияи Ӯзбекистон.