ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ ДАР МУҲОФИЗАТИ ДАВЛАТ

  • ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ ДАР МУҲОФИЗАТИ ДАВЛАТ
  • ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ ДАР МУҲОФИЗАТИ ДАВЛАТ

Дар 12 объекти мероси мадании вилояти Андиҷон корҳои сохтмонӣ-таъмирӣ ва ободонӣ ба амал бароварда мешаванд.

Ҳифзи обидаҳои таърихӣ ва ёдгориҳои мадании мавҷуда ва корҳои ободонӣ дар асоси нақша амалӣ мегарданд. Соли равон татбиқи корҳои сохтмонию таъмир ва ободонӣ дар ёдгориҳои меъмории «Дукчӣ Эшон», «Аҳмадбекҳоҷӣ», «Масҷиди Юнусҳоҷӣ», «Масҷиди гунбаз», «Обелиск ва салиб», «Калисои Николайи авлиё» воқеъ дар шаҳри Андиҷон, «Суфлитеппа» (ноҳияи Булоқбошӣ), «Абдуллобий-I» (ноҳияи Ҷалақудуқ), зиёратгоҳи «Юнусота» (ноҳияи Қӯр-ғонтеппа) ба нақша дароварда шудааст.
Эҳтиёт кардан, барқарор ва обод сохтани зиёратгоҳҳо, ёдгориҳои меъморӣ, обидаҳои таърихию меъморӣ, ки таърихи бой, давлатдории миллии моро дар худ инъикос мекунанд, дар як қатор зиёратгоҳҳои вилоятҳои дигари ҷумҳуриамон низ ба роҳ гузошта мешаванд.
Дар сурат: пешбурди корҳои сохтмонию ободгардонӣ дар объектҳои мероси мадании вилояти Андиҷон.
Суратгир: З.УМУРЗОҚОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: