ОБИД — АЗ НАСЛИ ҲАФТУМ

Мардуми мо аз қадимулайём бо эҷоди ҳунарҳои косибони чирадасту устодони соҳибистеъдодаш дар ҷаҳон ном баровардааст.

Мардуми мо аз қадимулайём бо эҷоди ҳунарҳои косибони чирадасту устодони соҳибистеъдодаш дар ҷаҳон ном баровардааст. Дастони моҳири эҷодкорони пешаҳои миллӣ дар тӯли асрҳо ҳунарҳои гуногун офарида, онро тавассути Роҳи абрешим пешкаши дигарон намудаанд, ки имрӯз як ҷузъи таркибии мероси фарҳангиву тамаддун ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, ҳунари кулолгарӣ таърихи тӯлонӣ дошта, то имрӯз шуҳрати худро гум накардааст.
Ҳунар кони зар аст ва ҳунарманд заргари бузург. Ҳунарҳои мардумӣ хеле зиёданд. Ҳоло, ки мо дар бораи ҳунари кулолгарӣ ва музейхона менависем, барои ин шоистатар аз сулолаи Нарзуллоевҳо нест. Барои ин дар меҳмонии устои машҳури чирадаст, устое, ки бо ҳунари худ сайри дунё кардаасту ҳунари мардумиро муаррифӣ намудааст Алишер Нарзуллоевҳо будем. Чуноне ба мо маълум аст, дар авлоди имрӯзаи онҳо ҳашт нафар даст ба ҳунари кулолӣ задаанд. Яке аз онҳо кулолгар Обид Нарзуллоев аст. Ӯ авлоди ҳафтум буда, имрӯз шогирдони зиёди худро дорад.
Нигоҳ доштан ва эътироф намудани суннатҳои моддиву ғайримоддии ниёгон рисолати ҳар фарди бедордил аст. Хушбахтона, моҳияти ин иқдомро то имрӯз миллати куҳанбунёду озодандеш накӯ дарк намуда, асолати онро ҳифз мекунад. Ҳунарманд Обидҷон Нарзуллоев аз зумраи он инсонҳоест, ки бо ҳунари волояш, ки аз ниёгон мерос гирифтааст, ҳамагонро дар ҳайрат гузоштааст. Оилаи Нарзуллоевҳоро дар ноҳияи Ғиждувон ва берун аз ҷумҳурӣ хеле хуб мешиносанд. Ҳамчун кулолгарони моҳир онҳо яке аз сулолаҳои муваффақ бу-да, солҳои зиёд бо ҳунари худ миёни мардум муаррифӣ шудааст.
Дар ин пешаи пурифтихор заҳмату талошҳои зиёд намудаву шогирдони зиёдеро аз ҳунари кулолгарӣ огоҳ намудааст. Соҳиби дастони муъҷизакор миёни мардум барвақт шуҳратманд шудаву санъати зебояш кайҳост дар ватану берун аз он овоза гаштааст. Он ашёҳое, ки бо ранҷи дастони ҳунармандони ин авлод офарида мешаванд, яке аз дигараш зеботар аст. Имрӯз, ки ба хона-музейи ин хонадон омадем, бо дидани ашёи  зебое, ки дар ин ҷо ба намоиш гузошта шудаанд, ангушти ҳайрат газидем. 
Дар ин ҷо мо таърихи худ, таърихи миллати худро мебинем. Бе сабаб намегӯянд, ки дасти одамӣ гул аст, ҳар лаҳзае аз худ зебоиҳоро меофарад. Муъҷизаест, ки ҳамагонро дар ҳайрат мегузорад, яъне нозукиҳои касби кулолгарӣ дар ҳунари оилаи Нарзуллоевҳо баръало дида мешавад. Вақте ки маҳсули дасти ҳунарманд дар чорабиниҳои ватан ва берун аз он дар маърази тамошо гузошта мешаванд, маълум мегардад, ки аз кори устоҳои дигар фарқ дорад. Шахси ҳунарманд ҳамон аст, ки миёни мардум эҳтироми хоса дорад, муаррифгари ҳунари воло ва оинҳои миллии мо ба ҳисоб меравад. Маҳз истиқлолият барои эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ шароит муҳайё намуда, ҷиҳати ривоҷу ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани ҳунарҳои аҷдодӣ имконият фароҳам овардааст. Ҳунармандон кӯшиш доранд, ки дар ин пайраҳа шогирдонро омода созанду ҳунарҳои мардумиро рушд бахшанд, то ки аз байн нараванд.

Беҳрӯзи ДАВЛАТ,
вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: