ОБОДГАРИҲО – ВОҚЕОТИ ТАЪРИХӢ!

Ба қабули барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод», дар ин самт баимзорасии фармонҳои роҳбари давлати мо чаҳор сол бештар вақт гузашт.

Бо шарофати ин ду ҳуҷҷат ва ба иҷро расонда шудани вазифаҳое, ки дар онҳо муайян шудаанд, гуфтан мумкин, қиёфаи шаҳру деҳоти диёрамон куллан дигаргун гашт.

 

Аз таърихи бой ва қадимаамон маълум, ки эътибор ба ободонӣ ва амалӣ сохтани корҳои бунёдгарона дар маҳаллаҳо аз арзиш ва анъанаҳои бебаҳо ҳисоб меёфт. Дар вазъи идомадиҳии муттасили ин арзишҳо равнақ бахшидан ба ободонӣ дар тамоми ҳудудҳои мамлакат ва мутаносибан офаридани шароити муносиби зист ба аҳолӣ, беҳсозии маданияти зиндагӣ, аз ҳама муҳимаш, ҷалбсозии насли ҷавон ба корҳои хайр аҳамияти басо муҳим касб намуд.
Дигаргунсозиҳо ба рӯҳия ва тафаккури шаҳрвандони мо бетаъсир намонд. Ҳар кас саъй нигаронд дар ободгариҳо қадри тавон саҳм гузорад. Вале дар кори офаридани шароити муносиби зист ва таъмини фаровонии рӯзгор ғамхориҳои давлатӣ нақши муҳим бозид.
Ташрифи роҳбари давлат ба ҳудудҳо зуд-зуд ба вуқӯъ пайваст. Давр тақозо сохт ҳокимон ва дигар роҳбарони дараҷаҳои гуногун ба маҳаллаҳо баромада, ба аҳволи воқеӣ дар ҷойҳо аз наздик шинос шаванд. Ба хонадонҳо даромада, ба сокинон суҳбат кунанд. Арзу муроҷиатро шунида, чораҳо андешанд.
То андозае вазъро омӯхтаву таҳлил сохта, роҳбаронамон ба хулосае омаданд, ки бе куллан дигаргунсозии маҳалҳои зист, рушди иҷтимоию иқтисодии онҳо пешравии кор ва табдил додани Ӯзбекистон ба яке аз давлатҳои тараққиёфта имконнопазир. Душворӣ ва проблемаҳо низ мавҷуд буданд. Лоқайд ва корбехушҳо ба аҳволи ногувори мавҷуда сахт хӯ гирифтаву одат карда, ҳатто ба саранҷому саришта нигоҳ доштани хонаву ҷой ва ҳавлии худ эътибор наменигаронданд. Об ҳаст, хок серҳосил, вале қитъаҳои замини наздиҳавлӣ ё худ рӯйидаричаҳо ба ҳоли худ. Ҷуз ин аз ҷониби ҷамоати васеъ ва ҷалби васеи шаҳрвандон ба корҳои ободонӣ ташаббускорӣ ҳис нашуда ва корҳои самараноки сохторӣ муташаккилона пеш бурда намешуданд. Гоҳо ҳашар – иҷрои корҳои дастҷамъона, ки аз анъанаҳои қадимист, барои назарфиребӣ танҳо дар арафаи иду ҷашнҳо ба амал омада ва бештар барои расмӣ сохтани ҳуҷҷат ва додани ҳисобот рӯйи кор меомаданду халос.
Норасоӣ ва эҳтиёҷҳоро ба ҳисоб гирифта, бо мақсади куллан дигаргунсозии шароити зист дар ҳудудҳо, замонавӣ гардондани қиёфаи маҳаллаҳо, барпои ҷойҳои нави корӣ барои бошандагоне, ки дар онҳо умр ба сар мебаранд, қонунҳои зикршуда қабул ва барномаҳои «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод» мураттаб гардонда шуданд. Мувофиқи онҳо, дар навбати аввал, аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ва маблағҳои аз бунёдҳои мақсадноки давлатӣ ҷудошуда таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, барпо, навсозӣ ва таъмири роҳҳо, дар асоси лизинг байни деҳот ва маркази ноҳияҳо ба роҳ гузоштани равуои автобусҳо, айни замон эътибор ба корҳои обдонию хуррамсозӣ ва вобаста бо он барпо намудани иншооти санитарию ирригатсионӣ, беҳсозии таъминот ба барқ ва гази табиӣ, модернизатсияи сохтори алоқа, барои куллан беҳсозии хидматҳои аҳамияти иҷтимоидошта барпои боғчаҳои бачагона, мактаб ва поликлиникаҳои оилавӣ, ҷалби соҳибкорон ба барпои объектҳои инфрасохтори бозор ва шохобчаҳои сервис аз вазифаҳои устувор муайян гардиданд.
Барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ дар ҳузури Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимони вилоятҳо бунёдҳои «Деҳаи обод» ташкил ва маблағи буҷаи маҳаллӣ, корхонаву ташкилотҳо, гранти институтҳои молияи байналхалқӣ ва давлатҳои хориҷӣ, хайрияҳои ҳомигии бунёди «Маҳалла» ва ташкилотҳои дигар, маблағҳои соҳибкорони ташаббускор ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Дар натиҷаи омӯзиш маълум гашт дар 1071 деҳа ва маҳалла проблемаҳо ҳанӯз ҳалли худро наёфтаанд. Ҷуз ин дар 179 деҳа ва маҳалла мактабҳои таълими умумию филиалҳои онҳо аз похса ва хишти хом сохта шудаанд. Дарозии умумии роҳу кӯчаҳое, ки ҳанӯз мумфарш нагардидаанд, 29 ҳазор километрро ташкил менамояд. 1540 маҳалла бо оби нӯшокии марказонидашуда таъмин нест. Деҳа ва маҳаллоте, ки ба равуои автобусҳо ниёз доранд, 49-то. Дар 781 нуқтаи аҳолинишин хидмати ҷамъоварии партов ташкил нашудааст.
18 марти соли равон роҳбари давлат ба қарор «Дар бораи чораҳо оиди ба амал баровардани барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» имзо гузошт.
Мувофиқи барномаи давлатӣ дар амалигардонии Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав, ки барои солҳои 2022-2026 пешбинӣ шудааст, дар Соли бузургдошти инсон ва маҳаллаи фаъол ҷамъ 413 деҳа ва маҳалла интихоб гардида, ки дар онҳо корҳои сохтмон, таъмир ва ободонӣ пеш бурда мешаванд.
Зимнан, ободонӣ пештар ҳам буд, ки ҳаваси ҳамаро меовард, вале танҳо ба кӯча ва маркази ноҳияҳо эътибор нигаронда мешуду халос. Дарунтар ворид шавед ва тангкӯчаву ҳавлӣ ва биноҳои абгорро бинед, табъатон мекоҳид. Ҳоло гӯшаҳои дурдаст низ дигаргунӣ касб намудаанд.
Барои обод гардондани ноҳияҳои дурдаст ва таъмини ободгарӣ дар рӯзгори мардум қарорҳои алоҳидаи роҳбари давлат қабул гардид, ки ба барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» ҳамоҳанганд. Масалан, қарор «Дар бораи чораҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҷмӯии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021».
Дар доираи ин ҳуҷҷат тӯли як-ду соли охир корҳои азими бунёдгарона ба амал бароварда шуданд. Маҳалла ё кӯчае намонд, ки аз эътибор дур монда бошад. Кӯча ва роҳҳои дохилии маҳаллаҳое ҳам, ки аз маркази ноҳия хеле дуранд ва пештар дар онҳо равуо хеле душвор буд, васеъ ва мумфарш гардонда шуданд. 
Чанде пеш дар маркази ноҳия истироҳатгоҳи замонавии бачагона сохта ва ба истифода супурда шуд.
Умуман, барои ободгардонии ҳудуди анклав дар вақтҳои охир, назар ба маълумотҳо, бештар аз 500 миллиард сӯм маблағ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар маросими кушоиши он раиси Федератсияи иттиҳодияҳои касабавии Ӯзбекистон, Қудратулло Рафиқов гуфт: «Бинобар эътибори баланди Президент тӯли панҷ соли охир дар Сӯх дигаргуниҳои таърихӣ ба амал бароварда шуданд».
Воқеан, обод ва хуррамсозиҳо дар ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ, ки тарҳи Ӯзбекистонро ба маънои ҳақиқӣ нав карданд ва ба пайдо шудани ибораи «Ӯзбекистони Нав» сабаб гаштанд, фикр мекунем, аҳамияти таърихиро моликанд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: