Ҳашари умумхалқии хайриявие, ки рӯзи 30 апрел дар мамлакатамон таҳти шиори “Ободии маҳалла – фаровонии диёр” ташкил карда шуд, рӯҳбаландона ва бо савияи баланд гузашт.
Дар арафаи Иди Рамазон ва 9 май – Рӯзи хотира ва қадр баргузор шудани ҳашари умумихалқии имсола маънои рамзии ба худ хос дорад. Зеро, эътибор ва ғамхорӣ ба калонсолон, саховат, мурувват, меҳру оқибат, ҳурмат ба вакилони насли калонсол сутуни фазилатҳои миллии халқи мо ҳисоб меёбад.
Ислоҳоти васеъмиқёсе, ки имрӯз дар мамлакатамон ба амал бароварда мешавад, бо боз ҳам баланд бардоштани қадри инсон, пурзӯрсозии иштироки фаъолонаи маҳаллаҳо дар он аҳамиятнок аст. Ҷиҳати ба амал баровардани Стратегияи давлатии рушди Ӯзбекистони Нав, ки барои солҳои 2022- 2026 пешбинӣ шудааст, дар Барномаи давлатии “Соли бузургдошти инсон ва маҳаллаи фаъол” аз рӯи ҳал кардани муаммоҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳудудҳо масъалаи васеъсозии ваколати маҳаллаҳо, таъмини робитаҳои бевосита байни мақомоти давлатӣ ва маҳаллаҳо аҳамияти устувор касб менамояд.
Ташаббуси неки мазкур дар асоси ғояҳои муштараки Бунёди ҷамоатии хайрияи “Маҳалла”, Бунёди дастгирии фаъолияти иҷтимоии собиқадорони Ӯзбекистон “Нуроний”, вазоратҳои дастгирии маҳалла ва нурониён ва хидматрасонии коммуналии хонаву ҷой, Агентии кор бо ҷавонон, мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, намояндагони васеи ҷомеа ташкил карда шуд. Он дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд бо корҳои тоза кардани атрофи мавзеъҳои истиқоматӣ, деҳаҳо, кӯчаву ҷӯйборҳо дар нуқтаҳои аҳолинишин, ба тартиб андохтани чаҳор самт аз пагоҳии барвақт авҷ гирифт.
Дар доираи лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” дар мавзеъҳои истиқоматӣ ва маҳаллаҳо шинондани гул, ниҳолҳои меваноку манзаравӣ, сафед кардани бехи дарахтон пеш бурда шуд. Иштирокдорони корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ бо техникаи зарурӣ ва анҷомҳо таъмин карда шуданд. Маҳаллаҳо, нуқтаҳои аҳолинишин, биноҳои бисёрошёна, атрофи ҳавлиҳо, гузарҳо, хиёбонҳо, масканҳои муқаддас намуди дигар гирифтанд. Аз ҳоли оилаҳои ниёзманд, беморон, бесаробонҳо, мӯйсафедон хабар гирифта шуд. Барои ба тартиб андохтани манзили мӯйсафедони танҳо кумак расонда шуд.
– Бо баҳонаи ҳашар атрофи бисёр манзилҳои бисёрошёнаро тоза кардем, — мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони “Шайх-ул-олам”-и шаҳри Бухоро Моҳира Тошева. — Беморон, ногироҳо, солхӯрдагони яккаро хабар гирифтем. Ба онҳо кумаки мурувватангез расонда шуд.
Дар ҳашари хайрияи умумихалқӣ ба бештар аз 30 ҳазор нафар оилаҳои эҳтиёҷманд ва наздик 8 ҳазор нафар солхӯрдагони якка зиёда аз 14 миллиард сӯмина ёрии моддӣ расонда шуд. Дар доираи тадбири ҳашари хайрия манзили наздик 5 ҳазор нафар ҳамдиёронамон таъмир гашт.
Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» низ корҳои самаранок пеш бурда шуданд. 1 миллион бех ниҳолҳои меваноку манзаравӣ, наздик 3 миллион дона гулу буттаҳо шинонда шуданд.
Дар доираи ҳашар зиёда аз 300 зиёратгоҳ, наздик 9 ҳазор қабристон ба тартиб дароварда шуд. Зиёда аз 10 ҳазор гектар майдони замин обод гардонида, бештар аз 2 ҳазор километр ҷӯй ва заҳбурҳо тоза карда шуданд.
Дар ҳашари умумихалқии хайрия зиёда аз 8 миллион нафар ҳамватанонамон ширкат ҷустанд.
Дар ҳашари умумихалқии хайрия дар кадом як гӯшаи мамлакатамон гузари нави маҳалла, поликлиникаҳои оилавӣ, объектҳои иҷтимоӣ, майдончаи бачаҳо, маҷмӯъҳои солимгардонӣ ба истифода супурда шуданд. Замон ҳар қадар бо шиддат тағйир наёбад, ҳашар, ҷашн боқӣ мемонад, ки халқи моро ба ҳамҷиҳатӣ, аҳлӣ, меҳру саховат, шукргузорӣ даъват менамояд. Дар аснои ин гуна ташаббусҳои нек дар қалби ҳамдиёронамон боз ҳам мустаҳкамтар ҷой гирифтани ободӣ, мурувват, меҳр, хайрхоҳи накӯӣ будан барин эҳсос аниқ аст!
Назокат УСМОНОВА, мухбири ӮзА.