ОБОДИИ КИШВАР АЗ ОБОДИИ МАҲАЛЛА ОҒОЗ МЕШАВАД

Баъди қарори Президент “Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” дар ноҳия корҳои зиёд ба анҷом мерасанд. Аз ҷумла, барои сохтмон ва таъмири роҳҳои Сӯх 104,1 миллиард сӯм маблағ харҷ хоҳад шуд.

Баъди қарори Президент “Дар бораи тадбирҳои  рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” дар ноҳия корҳои зиёд  ба анҷом  мерасанд. Аз ҷумла, барои сохтмон ва таъмири роҳҳои Сӯх 104,1 миллиард сӯм маблағ  харҷ хоҳад шуд.  

Дарвоқеъ, аллакай дар роҳҳои дохилӣ ва марказии якчанд маҳалла сохтмон ва таъмиру мумфаршкунӣ ба анҷом расид. Хусусан, ин гуна ободониҳо дар ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаҳои  Сариканда, Сарибозорча, Ҳушёр, Янгиариқ, Мулгон, Чашма, Гулистон, Навобод, Деҳвайрон, Ленбур ва Тӯл ба амал омаданд. 
Сарвари идораи роҳсозии ноҳия Ҳабиб Мирзоев бо гурӯҳи роҳсозони худ, наздики чор  моҳи соли равон аст, ки сохтмон ва таъмири   роҳҳои  ноҳияро ба зимма гирифта, чандин роҳи дохилӣ ва марказии ноҳияро аз таъмир баровард. 
Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои “Себзор”, “Қақир” ва “Ҳушёр” низ корҳои зиёд амалӣ гардиданд. Мардуми онҳо аз ғамхориҳои Президент миннатдоранд, зеро дар ин маҳаллаҳо роҳҳои дохилии харобшуда таъмир  карда шуданд. Мисоли  он 1 ҳазору 800  метр  роҳҳои дохилии мошингузар ва пиёдагарди  ҷамоаи  шаҳрвандони маҳаллаи “Себзор” бетонрезӣ  ва мумфарш  гардид.  
– Ин албатта, ба мардум хурсандии  зиёд меорад, – гуфт раиси ҷамоаи шаҳрвандони  маҳаллаи “Себзор” Абдулазиз Абдуҷабборов. 
Аълочии таълими халқи ҷумҳурӣ Бегалӣ Болтаев мегӯяд,  сангро аз сари  роҳ  гирифта ба каноре  партофтан ҳам савоб аст. Ба гуфтаи ӯ  роҳҳое, ки имрӯз пурра аз таъмир  баромадаанд,  ҳодисаи гуворо барои мардуманд.
– Дар солҳои 40-50-уми асри гузашта дар ин роҳҳо аробаҳо мегаштанд. Акнун он ба роҳи мошингард табдил ёфтааст, – гуфт Бегалӣ Болтаев. – Аз  сиёсати одилона  ва  ғамхориҳои  Президенти  мамлакат хеле шодам,– афзуд ӯ.  
– Дар маҳаллаи мо ин гуна ободониҳоро ҳатто ба гӯшаи хаёл намеовардем ва он ба орзуи  мардуми мо табдил ёфта буд. Пойафзори хонандагони  мактаб пеш  аз мумфаршу бетонрезӣ шудани роҳҳо дар фасли зимистон ва рӯзҳои боришот  ба обу лой меғутид ва онҳо бо азоб равуо мекарданд. Шукри беадад,ки  баъди қарори Президент дар  қатори маҳаллаҳои зиёди ноҳия роҳҳои харобгаштаи мо ҳам обод гардид, – мегӯяд нафақахӯри ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи “Қақир” Мирзоамин Умаров.  
Ҳоло сохтмон ва таъмири роҳҳои дохилии ноҳия бо суръати баланд идома  дорад.
  
Файзулло ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: