Тайи панҷ соли охир дар сар то сари кишварамон дигаргуниҳои куллие ба амал омаданд, ки онҳоро метавон намунаи беҳтарини рушди кишвари ҷоноҷонамон – Ӯзбекистон номид.
Махсусан, корҳои ободонӣ дар минтақаҳои дурдаст ва маҳаллаҳо ба тарзи бояду шояд ба роҳ монда шуд, ки онро ҳар яки мову шумо бо чашми худ мебинем ва хеле қаноатманд низ мегардем, ки маҳз бо дастгирии Президент имрӯзҳо дар ҳаёти деҳот ва маҳаллаҳо дигаргуниҳои азим ба амал омаданд. Метавон ислоҳотеро, ки амалӣ мегардад аз корҳои беҳтарини ҳукумати кишвар ҳисобид, ки маҳз баҳри манфиати мардум нигаронида шудааст.
Имрӯзҳо дар маҳаллаи “Эҳтиром”-и ноҳияи Сариосиё 445 хоҷагӣ, 715 оила ва 2680 нафар аҳолӣ истиқомат менамоянд. Маҳаллаи мо аз 4 деҳа иборат аст. Инҳо деҳаҳои Ӯзгариш, Тӯпаланги нав, Ҳазорбоғ ва деҳаи дурдасти кӯҳии Хушхабар (Источ) мебошанд, ки дар маҷмӯъ маҳаллаи “Эҳтиром”-ро дар бар мегиранд.
Бояд гуфт, ки соли 2021 маҳаллаи мо ба дараҷаи ҳудуди вазнин дохил шуд. Аз ин рӯ, аз оғози соли 2021, яъне моҳҳои январ ва феврал корҳои ободонӣ шурӯъ гардид. Чунончи бо дастгирии собиқ ҳокими ноҳия Ӯ.Тӯраев ва ёрмандии ҳомиёну ташаббускорон ба таври дастҷамъона як қатор корҳои назаррас ба амал оварда шуд, ки аз ин ғамхориҳои ҳукумати кишвар аҳолии маҳаллаи мо хеле миннатдор мебошанд.
Дар навбати аввал бо саъю кӯшиш ва ташаббускории ҳокимияти ноҳия ва аҳли маҳалла кӯчаҳои ба номи И. Каримов, А. Навоӣ, М. Бобур, Ҳазорбоғ, А.Темур ва А. Ҷомӣ бо шағал тахту ҳамвор карда шуд. Аз ҳама асосиаш дар маҳалла 12 симчӯби бетонӣ гузошта шуд, ки ҳолати пештараи ин симчӯбҳо хеле бад ва кӯҳна низ гардида буд. Дар ҳудуди 500 метр деворҳо сафед, 350 бех кӯчатҳои манзаравӣ шинонида шуд. Ба ғайр аз ин, наздикии 1,5 километр ҷӯйборҳоро тоза намуда, дар ду қабристон – Қозӣ Қобил ва Чанор корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуд ва гирду атрофи он тозаву озода гардид.
Дар ҳамин давраи ободгардонии маҳалла боз ба як кори хайре даст зада шуд, ки боиси ифтихор аст. Манзили истиқоматии сокини маҳалла Рӯзимурод Холназаров, ки аз оилаҳои камтаъмин ҳисоб меёбад, таъмир гардид.
Чанде пеш огоҳ гардидем, ки бо дастгирии ҳукумати кишвар чанд маҳаллаи ноҳияи мо оғози соли 2022 ба Барномаи давлатии “Деҳаи обод” ворид гардидааст. Аз ин хеле хурсанд гардидем. Зеро ин ғамхориҳои сарвари кишвар маҳз барои он нигаронида шудааст, ки мардуми одӣ, ҳатто дар деҳоти дурдаст ҳам дар шароити беҳтар зиндагонӣ намоянд.
Ободии ҳар як маҳалла, албатта, ба нафъи сокинони он аст. Бошад, ки дар ояндаи наздик ҳар як маҳаллаи мо ободу ба як маскани хушманзара мубаддал гардад.
Баҳриддин БОЗОРОВ,
раиси маҳаллаи ”Эҳтиром“-и ноҳияи Сариосиё.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.