ОБОДИИ НОҲИЯ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

Қарори Девони Вазирони ҷумҳурӣ «Дар бораи тадбирҳои бартараф намудани оқибатҳои обхезиву сел ва аз нигоҳи иҷтимоӣ-иқтисодӣ маҷмӯан ривоҷ додани ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона» аз 24 сентябри соли 2018 аз зумраи ҳамин қарорҳост, ки бар асоси он дар ин ноҳияи дурдасти кишварамон иҷрои корҳои зиёд барномарезӣ шудаанд.

Дар қарори мазкур таълифи «Харитаи роҳ», баҳри иҷрои саривақтии он ҷудо кардани маблағи зарурӣ, ба роҳ мондани сохтмони объектҳо, бозсозиву тармими якчанд объект мадди назар гузошта шудаанд. Хусусан, бозсозии роҳҳои селгузари «Ҳушёри асосӣ», «Ҳушёр-4», роҳи селгузари «Суратӣ», мустаҳкам намудани садамаҳои ҳимоявии «Сариканда», ҳамчунин ташкил намудани «Роҳрави сабз» барои сокинони ҷамоатҳои шаҳрвандони Шоҳимардон ва Ёрдон, якчанд иловаҳо ба «харитаи роҳҳо»   аз зумраи корҳое шумурда мешаванд, ки бар асоси ин қарор иҷрояшон ногузир хонда шудааст.
Дар ҷамъомади васеъ, ки  бо ширкати узви Сенати Олий Маҷлис ва ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев баргузор гардид, ҳамин қарор мавриди баррасӣ қарор гирифт.
– Аз ҳар ҷиҳат ривоҷу равнақ додани ноҳия, ҳалли муаммоҳои аҳолӣ,  баланд бардоштани сатҳи зиндагии  мардуми он дар маркази таваҷҷӯҳи Президент ва ҳукумат қарор доранд. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷае, ки дар айни замон иҷро гардид, ба панҷоҳу чаҳор аъзои хонаводаҳои аз оқибатҳои обхезиву сел зарардида  ҷудо кардани шасту панҷ миллион сӯм маблағ мебошад, – изҳор кард Шӯҳрат Ғаниев.
Ба таъкиди ҳокими вилоят дар ноҳия бист ҳавлӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бунёд мегардад ва ин хонаҳоро шифокорону омӯзгорон ба таври ройгон соҳибӣ хоҳанд кард. Ҳоким тазаккур дод, ки дар айни замон корҳои мустаҳкамкунии соҳилҳои рӯдхонаи Сӯх бо суръати тез идома дорад, зеро дар фасли тобистон бар асари обхезӣ киштукори мардуми деҳаҳои Умбара, Деҳвайрон ва Ленбур метавонад осеб бинад.
– Аммо бо вуҷуди тақозоҳои зиёд корҳои тармим ва бозсозии бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Умбара, Демурсад, Сариканда, Мӯлгон, Зангат кашол меёбанд, – гуфт Шӯҳрат Ғаниев.
Тавре ки дар ин ҷамъомади фаъолони ноҳия боз гуфта шуд, бунёд намудани хонаи маданият бо гунҷоиши 150 нафар, толори варзишӣ бо гунҷоиши 120 нафар, фароғатгоҳҳои бачагона, ташкил намудани боғчаҳои хусусӣ бар асоси қарори Девони Вазирони ҷумҳурӣ сурат хоҳанд гирифт.
– Дар ин самт бояд мутасаддиён ва роҳбарони секторҳо фаъолнокии бештар нишон диҳанд, то ки мардуми ноҳия аз мо розӣ бошанд. Вале бар асари бемасъулиятиву беҳавсалагии баъзе масъулоне, ки бар дӯши онҳо иҷрои корҳоро гузоштаем, намешавад гуфт, ки дар ноҳия иҷрои қарори Девони Вазирон бо суръат пеш меравад, – иброз дошт ҳокими вилоят.
Гузашта аз ин, дар ноҳия хизмати робитаи мобилӣ хеле заиф ташкил шудааст. Барои ҳамин ҳокими вилоят таъкид намуд, ки корҳои беҳтар намудани алоқаи мобилӣ, ташкили минтақаҳои Wi-Fi низ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Мувофиқи қарори ҳокимияти вилоят ба се ҳазор хонаводаи деҳаҳои мухталифи ноҳияи Сӯх ҳудудан шаш ҳазор тонна ангишт  ройгон тақсим карда хоҳад шуд. 
– Ҳамчунин як қисми аҳолӣ дар ивази дуним миллиард сӯм соҳиби сӯзишвории моеъ мешаванд, – гуфт Ш.Ғаниев.
– Мо аз Президенти мамлакатамон ва ҳукумати ҷумҳурӣ сипосгузорем. Таваҷҷӯҳ ба мардум аз ин зиёд намешавад. Дар ивази ҳамаи ин мардуми Сӯх низ барои пешрафту тараққии мамлакат тамоми қувваашонро сарф хоҳанд кард, – мегӯяд собиқадори меҳнат Алиҷон Мирзоев.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: