ОБОДОНӢ ВА ТОЗАГӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ

9 августи соли 2018 таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар масъалаҳои ҳифзи муҳити атроф ва рушди низоми ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳои маишӣ машварат баргузор шуд.

Дар мамлакати мо бобати ободонӣ ва таъмин кардани тозагии муҳити атроф, ҷамъ овардан, ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳо корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. 
Мувофиқи қарори роҳбари давлати мо «Дар бораи чораҳои куллан такмил ва инкишоф додани низоми муомила бо партовҳо барои солҳои 2017-2021» аз 21 апрели соли 2017-ум дар соҳаи мазкур, ки пештар ба дараҷаи кофӣ ба тартиб оварда нашуда буд, низоми ягона ташаккул ёфт. Дар натиҷаи эътиборе, ки ба соҳа дода мешавад, пешбинӣ мегардад, ки то охири сол 67 фоизи аҳолӣ (22 миллион нафар) аз хидмати партовкашонҳо баҳравар мешаванд. Барои қиёс бояд гуфт, ки дар соли 2016-ум ин нишондиҳанда танҳо 22 фоизро ташкил медод.
Тӯли 7 моҳи соли равон корхонаҳои «Тоза ҳудуд», ки дар низоми Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити атроф таъсис дода шудааст, имкон пайдо карданд, 49 миллиард сӯм фоида гиранд. Дар маҳалҳо корхонаҳои коркарди партовҳо бунёд меёбанд.
Тартиби ба корхонаҳо вобаста кардани қитъаҳо барои хидматрасонӣ доир ба кашондани партовҳо аз тариқи ауксиони электронӣ ҷорӣ карда шуд, механизми ҷалби соҳибкорон ба ин кор дар пояи шарикии давлативу хусусӣ созмон ёфт, ба истеҳсол, фурӯш, воридоти халтаҳо аз плёнкаи полимерӣ маҳдудият муқаррар гардид, барои ҷалби васеи сармоягузорони хориҷӣ имтиёзҳои андоз ба роҳ монда шуданд.
Дар машварат таъкид гардид, ки корҳои дар самти мазкур амалишуда кофӣ намебошанд, бояд боз як қатор чораҳо андешида шаванд.
Аз ҷумла, соли равон барои корхонаҳои «Тоза ҳудуд» 210 адад техникаи махсус харид гардиданд. Дар солҳои 2019-2021 хариди боз 510 адад техника дар назар дошта шудааст, ки имкон медиҳад дараҷаи фарогирии хидмат бинобар кашондани партовҳо то ба 83 фоиз афзояд.
Барои вусъати минбаъдаи миқёси корҳое, ки дар самти мазкур амалӣ мешаванд, ба кумитаҳои давлатии оид ба сармояҳо, экология ва ҳифзи муҳити атроф супориш дода шуд, ки дар зарфи се моҳ бобати хариди боз 500 адад техникаи махсус аз ҳисоби воми Бонки рушди Осиё пешниҳод тайёр кунанд.
Ҳамчунин мавҷудияти мушкилот дар ҷамъоварии партовҳо ва ситондани пардохтҳои дахлдор таъкид шуд.
Дар мамлакати мо пардохт барои ҷамъоварии партовҳо ба сари ҳар нафар 2000 сӯм ё худ 25 сентро ташкил медиҳад, ки ин имкон намедиҳад соҳибкорон ба соҳаи мазкур васеъ ҷалб карда шаванд.
Дар хориҷа дар соҳаи ҷамъоварии партовҳо шарикии давлативу хусусӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Соҳибкорон танҳо бо ҷамъоварии партовҳо машғул мешаванд, ҳокимиятҳои маҳаллӣ бошанд, бо назардошти ҳаҷми хидматрасонӣ музд медиҳанд.
Ба роҳбарони Вазорати молия, Кумитаи давлатии экология, Бюрои иҷрои иҷборӣ супориш дода шуд, ки бобати ба ҷараёни ҷамъоварии партовҳо васеъ ҷорӣ намудани шарикии давлативу хусусӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод кунанд.
Дар ин маврид бояд ба коркарди тарифҳои муқарраршуда барои ҷамъоварии партовҳо, таъсис додани низоме, ки бинобар он қабули пардохтҳоро Бюрои иҷрои иҷборӣ амалӣ менамояд, маблағи ҷамъомада дар ҳисобсуратҳои махсуси ҳокимияти ноҳия ва шаҳрҳо ғун шуда, ба корхонаҳои партовкашонӣ дар асоси шартномаҳои шарикии давлативу хусусӣ пардохт карда мешаванд, эътибори махсус дода шавад.
Дар машварат ҳамчунин ба масъалаҳои коркарди партовҳо эътибори алоҳида дода шуд.
Бинобар маълумоти мавҷуда, дар тамоми ҷаҳон на камтар аз 65 фоизи партовҳо коркард мешаванд ва ин даромади хуб меоварад. Мутаассифона, дар кишвари мо аҳволи кор дар соҳаи мазкур бад аст. Ҳоли ҳозир дар ахлотгоҳҳои мамлакат 18 миллион тонна партовҳо ғун шудаанд, ҳар сол ба онҳо 4 миллион тонна партов зам мешаванд. Бинобар ҳамин ҳам ҳарчи зудтар татбиқ намудани лоиҳаҳои коркарди партовҳо ва аз онҳо истеҳсол кардани маҳсулоти тайёр тақозо мегардад. 
Бобати аз партовҳо коркарди нирӯи барқ ба қарибӣ дар ноҳияи Оҳангарон татбиқсозии лоиҳаи арзишаш 55 миллион доллар якҷо бо ширкати «Сежин»-и Куриёи Ҷанубӣ оғоз гардид. Лоиҳа аз ахлотхонаҳо гирифтани гази биологӣ ва коркарди 16 мегаватт нирӯи барқро пешбинӣ менамояд, ки барои таъминоти электрии 10 ҳазор хона кофӣ мебошад.
– Мо бояд миқдори чунин лоиҳаҳои пешомаднокро зиёд кунем, – гуфт Президенти мамлакат. – Барои ин моро лозим аст, донем, ки барои чӣ сармоягузорони хориҷӣ ба ин соҳа рағбати зиёд надоранд. Сабаб он аст, ки корҳо бобати ҳаллу фасли мушкилоти мунтазам, ки ба ҷалби сармояҳои хориҷӣ монеа мешаванд, дуруст ба роҳ монда нашудаанд. Барои татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявӣ муносибати маҷмӯӣ вуҷуд надорад. То ҳанӯз механизмҳои пешниҳоди нирӯи муқобили электр, ки аз ҳисоби коркарди партовҳо ба даст меоянд, ба шабакаи ягонаи энергия ҷорӣ нашудааст, ҳисобу китоб барои энергияи расондадода шуда ва аз байн бардоштани фарқияти байни тарифҳо мавҷуд нест.
Зикр гардид, ки мувофиқи тартиби дар амал ба низоми ягонаи энергетикӣ вобаста кардан ва татбиқи пардохтҳо танҳо барои манбаъҳои нави энергия ҷорӣ карда мешаванд, миқдори пардохт барои 1 киловатт / соат хеле кам – 2 сент аст. Бинобар ҳамин ҳам сармоягузорон ба соҳа рағбат зоҳир намекунанд.
Ба роҳбарияти вазоратҳои молия, иқтисодиёт, хидматрасонии манзиливу коммуналӣ ва ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго» супурда шуд, ки дар муҳлати ду ҳафта лоиҳаи қарори дахлдорро, ки ба ҳаллу фасли ин мушкилот нигаронида шудаанд, тайёр кунанд.
Дар ҷамъомад дар назди роҳбарони масъул вазифаҳои дар тӯли ду моҳ дида баромадани минтақаҳо, андешидани таклифҳои сармоявӣ бинобар коркарди партовҳо ва истеҳсоли энергия аз онҳо, ҳамчунин параметрҳои умумии онҳо, то охири сол татбиқ намудани на камтар аз 5 лоиҳаи дахлдор гузошта шуданд. 
Зикр шуд, ки ба роҳ мондани фаъолияти ахлотхонаҳо мувофиқи талаботи санитарӣ ва экологӣ аз ҷумлаи мушкилоти асосӣ ба шумор мераванд.
Ҳоли ҳозир барои татбиқсозии фаъолияти 221 адад ахлотхонаи ҷавобгӯйи талабот 1,2 миллиард доллар зарур мебошад. 
– Ин маблағи бузург аст. Барои ба соҳа ҷалб намудани сармоя бояд раванди дар ҷаҳон васеъ истифодашавандаи «Ҳар кӣ ифлос кунад, бояд пардозад», ҷорӣ карда шавад, – гуфт роҳбари давлат. – Дар ин маврид бояд ба арзиши маҳсулоти истеҳсолгарони бузург хароҷот барои утилизатсияи партовҳо, ки аз истеҳсоли он ба миён омаданд, зам шавад. Ин хароҷот набояд сарбории одамон бошад. Маблағҳо бояд дар Бунёди экология, ҳифзи муҳити атроф ва муомила бо партовҳо ҷамъ ва барои ба талаботи санитарӣ мувофиқ сохтани ахлотгоҳҳо ва зиёд кардани  миқдори онҳо сафарбар карда шаванд. 
Ба шахсони масъул супурда шуд, ки дар зарфи як моҳ ин механизми навро ҷорӣ кунанд.
Дар машварат зарурияти ҷорӣ намудани низоми ягонаи идора барои самарабахш ба роҳ мондани фаъолияти молиявиву хоҷагии корхонаҳои «Тоза ҳудуд» таъкид гардид. Барои ин бояд роҳбарияти Кумитаи давлатии экология бобати дар ҳайати кумита созмон додани сохтори махсуси марказонидашуда бинобар таъмин сохтани фаъолияти самарабахши корхонаҳои «Тоза ҳудуд» таклиф пешниҳод кунад. Сохтори мазкур ба масъалаҳои мубрами истифодаи ахлотгоҳҳо ва техника, мониторинги электронии ҳаракати техникаҳои махсус бинобар хатсайрҳои муқарраршуда, ҳисобу китоби дурусти музди хидматҳо машғул мегардад. 
Зарурияти минбаъд такмил додани боз як низом, ки ба таъмини тозагии ҳудудҳо масъул мебошад, яъне раёсати ободонии назди ҳокимиятҳо зикр шуд. 
Бинобар пойгоҳи ғайриқаноатбахши моддиву техникӣ ба кори ободонӣ ва сохтмон техникаи корхонаҳои «Тоза ҳудуд» ҷалб карда мешаванд. Вазъияти мазкур ба кори асосии корхонаҳои «Тоза ҳудуд» таъсири манфӣ мерасонад, ки сабаби пеш аз муҳлат аз кор баромадани техникаҳо мегардад.
Умуман ба таъминоти методологии соҳаҳои ободонӣ ва беҳтар намудани пойгоҳи моддиву техникии он ки аз асри гузашта мерос мондааст, куллан эътибор дода намешавад.
Бинобар ин ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки дар зарфи ду моҳ ба ҷойҳо рафта, фаъолият ва мушкилоти раёсатҳои ободониро таҳлил кунанд, бобати куллан такмил додан, ҷорӣ намудани низоми нави идоравӣ, таҷдиди назари пойгоҳи методологӣ, тайёр кардани кадрҳо ва ҷорӣ намудани шарикии давлативу хусусӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.
Боз як масъалаи муҳим, ин дар ҷомеа то ҳанӯз куллан ташаккул наёфтани маданияти ҷамъоварии партовҳо ба ҷойҳои махсуси барои онҳо ҷудокардашуда, риоя накардан ба тозагии ҳудудҳо ва дар маҳаллаи худ ба шумор меравад. Бо назардошти ин зарурияти коркарди лоиҳаи қонун таъкид шуд, ки механизмҳои муассири барои ифлоскунии ҳудудҳо ба ҷавобгарӣ кашиданро пешбинӣ менамояд.
Дар машварат ахбори шахсони масъул шунида, супоришоти дахлдор дода шуданд.

ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: