ОБОДӢ АЗ БОТИН ШУРӮЪ МЕШАВАД

“Аз мудовои беморӣ пешгирии он осонтар аст.”

“Аз мудовои беморӣ пешгирии он осонтар аст.” Ҳуқуқвайронкунӣ ҳам мисли беморист. Барои ҳамин пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ аз бартараф намудани оқибатҳои зиёнбори он, ҳам осонтар ва ҳам ба мақсад мувофиқтар мебошад. Мувофиқи Қонуни Асосӣ Ӯзбекистон давлати ҳуқуқбунёд аст. Яъне дар кишвари мо ҳуқуқи инсон дар дараҷаи аввал қарор дода шудааст. Дар моддаи 18-уми Қонуни Асосии Ӯзбекистон чунин оварда шудааст: “Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тамоми шаҳрвандон баробарҳуқуқ мебошанд, новобаста аз ҷинс, миллат, нажод, забон, дин, баромади иҷтимоӣ, эътиқод ва мавқеи шахсӣ ва иҷтимоиашон дар назди қонун баробаранд...”
Барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар навбати аввал бояд маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад. Яъне, бояд аз давраи мактабхонӣ дар хонандагон тасаввурот дар бораи мафҳуми ҳуқуқ ва зарурати риоя ба он шакл дода шавад. Модари ҳуқуқ ахлоқ аст. Ахлоқ бошад сароғоз дар оила, маҳалла ва мактаб ташаккул меёбад. Чуноне ки Иқболи Лоҳурӣ мегӯяд:
Адаб сармояи нодону 
доност,
Хуш он, к-ӯ аз адаб 
худро биёрост.
Надорам он 
мусулмонзодаро дӯст, 
Ки дар дониш фузуду 
аз адаб кост.
Мо, волидайн ва омӯзгорон, дар навбати аввал, бояд бо якдигар ба таври наздик ва мунтазам ҳамкорӣ кунем. Зеро барои инсони комил ба воя расидани фарзандонамон ҳамаи мо ҷавобгар ҳастем. Ҳеч кас намехоҳад фарзандаш бадахлоқ ва ҳуқуқвайронкун бошад. Пас, бояд барои пешгирӣ намудан аз он, ки насли ҷавони мо ба роҳҳои бад равад, мо ҳар лаҳза ҳушёр бошем. Албатта, ин маънои онро надорад, ки мо фарзандони худро дар қафасе гузорем. Яъне фарзандони худро на он қадар озод гузорем, ки лаҷомгусехта шаванд ва на он қадар маҳдуд намоем, ки онҳо қобилияти озодона фикр карданро аз даст диҳанд. Кофист, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худамонро ба таври дақиқ шиносем ва риоя  кунем. Танҳо дар ҳамон сурат мо ба он “Шаҳри фозилон”, ки Форобӣ дар орзуи он буд, мерасем. Танҳо ҳамон вақт авлоди мо нисбати мо беҳтару хушбахттар зиндагонӣ хоҳад кард.
Пас, тамоми умед ва орзуи мо барои ташаккули ҷамъияти ҳуқуқбунёд ба насли ҷавон, ба насле, ки имрӯз дар мактабу донишгоҳҳо таълим мегиранд, бастагӣ дорад. 
“Ободӣ аз ботин шурӯъ мешавад”  мегӯянд. Агар мо рӯзҳои дароз дар боби одобу ахлоқ ва донистану риояи ҳуқуқ ба хонандагон таълим диҳему дар амал худамон ба он гуфтаҳо риоя накунем, ин талаф намудани ҳам вақти худ, ҳам вақти хонанда аст.
 
Шакарбой САЙФУЛЛОЕВ,
омӯзгори мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: