Аз қадимулайём мардуми мо ба ободониву кабудизоркунӣ диққати махсус медоданд.
Аз қадимулайём мардуми мо ба ободониву кабудизоркунӣ диққати махсус медоданд. Албатта, нақши ҳамҷиҳативу ваҳдат, ки ба халқи мо хос аст, дар татбиқи ин корҳои хайр бузург аст. Чор сол аст, ки чунин арзишҳои халқи мо таҳти сарварии роҳбари давлатамон дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» ҳамҷиҳатона бо ҳамватанонамон амалӣ карда мешаванд. Дар натиҷаи татбиқи ин барномаҳо дар ҳаёти мо ҳазорон деҳаҳо ва маҳаллаҳои ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ обод гардонда шуда, намуди замонавӣ пайдо мекунанд.
Хусусияти ба худ хоси ин барномаҳои ба Ӯзбекистони нав хос, дар он аст, ки на танҳо нуқтаҳои аҳолинишин, шабакаҳои хидматрасонии ҳудудҳои дурдаст аз нав бунёд мегарданд, балки ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагии ҳамватанони мо, ки дар ин деҳаҳо зиндагӣ мекунанд, низ тағйир меёбад. Дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» ташаббусҳои ҳазорон ҷавонон ва занон, ки мехоҳанд фаъолияти соҳибкории худро ба роҳ монанд, дастгирӣ карда шуда, ҷойҳои нави корӣ бо музди меҳнати муносиб созмон дода мешаванд.
Ҷолиби диққат аст, ки дар замоне, ки аз сабаби пандемияи ҷаҳонӣ кишварҳои ҷаҳон бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва иҷтимоиро аз сар мегузаронанд, дар мамлакати мо корҳои дар ин самт оғозёфта идома доранд. Аз ҷумла, 24 март дар ҷамъомади видеоселекторие, ки таҳти раёсати Президент оид ба баррасии корҳое, ки дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» дар соли 2021 анҷом дода мешаванд, маълумоти муфассал дода шуд.
Аз ҷумла, дар соли 2021 325 деҳа ва 71 маҳаллаи вазъи иҷтимоию иқтисодиашон вазнин обод карда мешаванд. Барои сохтмон ва таъмири шабакаҳои оби нӯшокӣ ва барқ, роҳҳои дохилӣ ва иншооти иҷтимоии ин маҳаллаҳо 3 триллиону 300 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Ғайр аз ин, барои таъмири зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои дохилии 2 721 маҳалла 2 триллион сӯм, барои кашидани зиёда аз 4000 километр шабакаҳои оби нӯшокии 500 маҳалла 1 триллион сӯм равона карда мешавад. Яке аз мушкилоти имрӯзаи аҳолӣ азнавсозии 15 000 километр хати интиқоли барқ ва беш аз 4000 трансформатор дар 5 377 маҳалла бо мақсади беҳтар намудани таъминоти барқ мебошад. Ин маънои 60 фоизи маҳаллаҳои мамлакатамонро дорад. Барои ин тадбирҳо қариб 2 триллиону 100 миллиард сӯм чудо карда мешавад.
Дар иҷрои ин кор ба масъалаи бо кор таъмин кардани ҳамватанони мо, ки дар деҳаҳои дурдаст ва маҳаллаҳо зиндагӣ мекунанд, диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ба нақша гирифта шудааст, ки барномаҳои «Деҳаи обод» ва « Маҳаллаи обод» -ро бо барномаҳои соҳибкорӣ ва шуғл пайваста, 500 ҳазор ҷавон ва 200 ҳазор занро бо ҷойи кор таъмин карда, 300 ҳазор нафар аҳолии ба «дафтари оҳанин» воридкардашуда аз сафи камбизоатҳо бароварда шаванд.
Бо ин мақсад имсол барои Барномаи «соҳибкории оилавӣ» 9 триллион сӯм маблағ равона карда шуда, дар 128 маҳалла ба ивази 1 триллион сӯм маблағ минтақаҳои хурди саноатӣ таъсис дода мешаванд.
Инчунин дар барномаҳо чорабиниҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ муайян гардида, дар доираи барномаи «Деҳаи обод» дар 379 мактаб, 171 муассисаи томактабӣ ва 161 муассисаи тиббӣ, дар доираи барномаи «Маҳаллаи обод» дар 57 мактаб, 37 кӯдакистон ва 15 муассисаи тиббӣ корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ анҷом дода мешаванд.
Ваколати назорати корҳо дар ин самт, муайян кардани деҳаву маҳаллаҳое, ки ба барнома дохил карда мешаванд, пурра ба зиммаи Шӯроҳои маҳаллӣ дода мешаванд. Ба зиммаи намояндагони халқ гузоштани ин вазифа бошад, аз мо – депутатҳо масъулияти баландро талаб мекунад. Минбаъд ҳар як намояндаи халқ корҳоеро, ки дар доираи барнома дар ҳавзаҳои интихоботии худ амалӣ мешаванд, назорат карда, бинобар иҷрои онҳо дар ҳар семоҳа ҳисоботи масъулинро мешунаванд.
Махфират ХУШВАҚТОВА,
узви фраксияи ҲСД «Адолат» дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.