ОБОДӢ АЗ МАҲАЛЛА САР МЕШАВАД

Ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов дар ноҳияи Чортоқ бо корҳои сохтмон ва таъмири роҳ шинос шуд.

 Дар маҳаллаи А. Навоӣ 43 км роҳе, ки бо маркази ноҳия пайваст мешавад, мумфарш гардид. 


Ғайр аз ин, ба мақсади таъмини бехатарии ҳаракати автомошинҳо роҳҳо васеъ гардонда, ба ду тарафи он чароғақҳои шабона низ насб карда шуд. Барои бехатар ва озод ҳаракаткунии пиёдаҳо низ шароитҳо фароҳам оварда шуд. Инчунин роҳи зеризаминии пиёдагарди маркази ноҳия аз нав таъмир гашт.   
Дар асоси таҷрибаи ширкати «Афёнкараҳисар»-и Туркия оиди туризм корҳои амалӣ сар шуд. Ҳамкорон чашмаҳое, ки дар ҳудуди ноҳия мавҷуданд, аз рӯйи талаби замон таъмир карда, барои истифода тайёр намуданд. 
Фаъолияти якчанд меҳмонхонаи оилавӣ ва сиҳатгоҳҳо низ аз назар гузаронда шуд. 
Ба оби шифобахши маъданноки ноҳия эътибор дода, аз он пурра ва бомақсад истифода бурдан таъкид шуд. 
Корхонаи «Келажак сифат текстили»-и маҳаллаи Гулшан либосҳои бачагона истеҳсол мекунад. Барои васеъ намудани фаъолияти корхона аз тарафи ҳокимият 40 дона мошини дарздӯзӣ дода шуд, ки 50 нафар бонувонро бо кор таъмин хоҳад намуд. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: