ОБРӮЙИ ОМӮЗГОР БОЛО МЕРАВАД

Бо ташаббуси Президент шаъну шуҳрати омӯзгорон дубора барқарор мегардад.

Ин бесабаб нест. Мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеаи мо хеле поён рафта буд. Баъзе омӯзгорон ба сабаби шароити ногувори корӣ ё камии маош ин касбу кори бошарафро тарк карданд. 
Мо, равшанфикрон аз дидани ин ҳол ҷигархун мешудем. Зеро дар ҳамаи давру замон шахсеро, ки ба кори таълиму тарбия машғул шудааст, эҳтиром кардаанд. Президенти муҳтарам иқдоми наҷиб кард ва барои боло бурдани мақоми омӯзгор саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, ки боиси хурсандиву сарфарозист. Ҳоло маоши омӯзгорону мураббиён хеле боло рафтааст. Гузашта аз ин, барои тармим ва бозсозии муассисаҳои таълимӣ давлат маблағи калон ҷудо мекунад.
Бубинед, дар айни ҳол теъдоди ҷавононе, ки маҳз, касби омӯзгориро интихоб кардаанд, беш аз пеш меафзояд. Танҳо соли равон аз ноҳияи Сӯх даҳҳо нафар ҷавонон баъди хатми мактаб ва коллеҷу литсей, ба донишгоҳҳои Тошканду Фарғона, Самарқанду Бухоро ва Чирчиқ рафта дохил шуданд. Як идда ҷавонон ҳатто берун аз қаламрави ҷумҳурӣ, ба донишгоҳҳои Душанбеву Хуҷанди Тоҷикистон рафтаву машғули таҳсил мебошанд. Ин ҳол аз он далолат медиҳад, ки сарвари давлат ва ҳукумати мамлакат ба баланд шудани ҷойгоҳ ва мақому манзалати омӯзгор таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд.
Омӯзгорону мураббиёни мо иди касбии худро доранд, ки аз 1 октябри соли 1997 ба ин сӯ ҳар сол таҷлил мешавад. 
Банда солҳои тӯлонӣ дар мактаб, баъд дар литсейи академӣ ба касби омӯзгорӣ машғул будам. Ҳоло низ наметавонам аз ин соҳа дур бошам. Шуъбаи таълими халқи ноҳия маро ба ҳайси мушовир-равишомӯз ба кор ҷалб намудааст. Дар семинарҳои гуногун ба омӯзгорон аз таҷрибаи кории худ нақл мекунам ва аз онҳо даъват менамоям, ки эътибори ин касби бошарафро беш аз пеш боло бардоранд.
Ин ҷо зикри як нуктаро хеле ҷоиз медонам. Ҳар як соҳаву машғулият пири худро дорад. Кори омӯзишу парвариш низ ҳамчунин дорои пири худ мебошад. Мегӯянд, ки пири соҳаи таълиму тарбия паямбар Идрис алайҳиссалом мебошад. Идрис алайҳиссалом дарсро хеле муқаддас меҳисобидааст. Мувофиқи талқини ӯ, ки дар байни мӯйсафедони мо роиҷ мебошад, агар омӯзгор ё тарбиятгар нисбати кори худ масъулият эҳсос накунад, ба қаҳри Худо дучор мешудааст. 
Ман низ ҳамеша ба ҳамин ақида устуворам, ки  омӯзгор бояд дарсро муқаддас шуморад. Агар омӯзгор салоҳияти интеллектуалии худро сайқал надиҳад, аз китобу китобхонӣ дур шавад, шогирдони дуруст тайёр карда наметавонад. Омӯзгор аз имтиёзҳои зиёди корӣ бархурдор шуда истодааст, вале ҳаққи маънавӣ надорад, ки нисбати дарси худ лоқайд ва бетафовут бошад. Инро ҳар як омӯзгор бояд донаду дарк намояд.
Дар ҷараёни кори таълиму тарбия усулҳои инноватсионии интенсивӣ-оптималии таълимро ҷорӣ кардаам. Ин барои он зарур аст, ки маводи забон ва адабиёти тоҷик ба таври амиқ ва  зуд ба шогирдон омӯзонида мешавад. Дар мактабҳои таълимоти умумӣ аз ин усулҳо фаровон истифода мебаранд ва бар асоси он шогирдони хуб тайёр мекунанд. 
 Худам низ шогирдони зиёдеро тарбия кардаам, ки  дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол кардаанд. Аз ҷумла, 15 нафари онҳо ба таври имтиёз маҳз ба донишгоҳҳои омӯзгорӣ дохил шуда, баъди хатми он дар мактабҳову литсейҳои академӣ ба омӯзишу парвариш машғуланд.
Донишмандон гуфтаанд: Агар фард аз омӯхтан бозмонад, вай аз ҳаёту зиндагӣ ақиб мемонад. Ин гуфтаҳо маҳз, ба мо, омӯзгорон хеле вобастагии қавӣ дорад. Ҳарчанд дар нафақа ҳастам, пайваста меомӯзаму мехонам, дар чорабиниҳои соҳаи маориф бо маърӯзаҳо иштирок мекунам. 
Ҳанӯз соли 1998 маро ба унвони “Муаллими шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон”  сазовор донистанд. Соҳиби нишонҳои дигари давлатӣ ва ифтихорномаҳои зиёд низ ҳастам. 
Нуктаи дигаре, ки таъкид кардани онро лозим медонам, қарори сарвари давлатамон  аз 14 августи соли 2018 “Дар бораи тарбияи маънавию ахлоқӣ ва ҷисмонии ҷавонони комил, чораҳои сифатан дар марҳалаи нав баланд бардоштани низоми омӯзишу парвариш” мебошад. Ин қарор ходимони соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки ба таълиму тарбия бо ҳисси масъулият бархурд кунанд. Зеро мояи асосии ин қарорро ташаккул додани қобилияти ҷавонони комилу босалоҳият ва соҳиби интеллект ташкил медиҳад.
Дуруст аст, ки омӯзгорӣ кори саҳлу содда нест. Омӯзгор рӯзмарра китоб варақ мезанаду дафтар пур мекунад, бо шогирдон дар мулоқоту муколама аст. Барои ҳамин ба корҳои дигар вақт намеёбад ва танҳо бо ҳамон қути лоямуте, ки барояш давлат муқаррар кардааст, иктифо менамояд. Хушбахтона, вазъият комилан тағйир ёфтааст. Ҳоло ҳамкасбони зиёдам нисбати дарсу машғулиятҳо садоқати том зоҳир мекунанд, ҳар як соати дарсашонро босамар мегузаронанд. 
Аз тариқи рӯзномаи дӯстдоштатарини худ – “Овози тоҷик” дар ин рӯзҳои фархунда ҳамаи омӯзгорону мураббиёнро бо иди касбӣ самимона шодбош мегӯям. Умедворам, ки дар ин кори пуршарафу пурмасъулият ҳаргиз хастагиро эҳсос намекунанд. 

Саброрҷон ЭРНАЗАРОВ,
Муаллими шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: