ОБУ ОБОДИИ ЯНГИАРИҚ

Янгиариқ яке аз калонтарин деҳаҳо дар воҳаи Сӯх буда, дар қисми марказии ноҳия ҷойгир шудааст.

Қисми шимолии он бо шохобҳои дарёи Сӯх, ҷанубиаш бо Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ғарб бо кӯҳҳои Обишир, аз шарқ бо шаҳрчаи Ровон ҳамҳудуд аст. Маҳалҳое, ки номашон ба «ариқ» (ҷӯй) вобаста, дар вилояти Фарғона якчандто, масалан, Учариқ, Бешариқ, Олтиариқ ва ғайра. Ба Янгиариқ ном гирифтани деҳае, ки дар борааш нақл карданием, айни замон, ҷӯйи калоне сабаб, ки аз доманакӯҳ мегузарад. Дарозиаш 14 километр. Дар Янгиариқ тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Вале номи деҳа, тавре мебинем, ба туркӣ. Назар ба тахмини насли куҳансол, онҳое, ки ҷӯй канда, ба ин ҷо об овардаанд, намояндагони қабилаҳои Таит ва Қоржоғду, мансуб ба миллати қирғиз мебошанд. Зимнан, дар қисми шарқии Янгиариқ ҳанӯз теъдоди зиёди қирғизҳо бо тоҷикон паҳлӯ ба паҳлӯ умр ба сар мебаранд ва, аҷибаш, маҳаллае, ки қисми муайяни аҳолиаш туркизабонҳоянд, Офтобрӯ ном гирифтааст.
Оббарорӣ ба маҳалла осон набуд. Шароити ноқулайи кӯҳистон дар ҷӯйканӣ душвориҳои зиёд тавлид мекард. Мардум маҷбур буд дили кӯҳро шикофта, яъне туннел (нақб) кофта, об барорад. Овони бачагӣ ба саргаҳи об рафта ва лаб-лаби ҷӯи калон қадам ниҳода, ба кӯҳи баланде, ки дар пешорӯст, дучор омадаву бинобар номумкинии идомадиҳии роҳ ҷои худ истода, аз чӣ тавр вориди туннелшавии рӯди шӯхоб ба ҳайрат меафтодем. Шикофтани дили кӯҳ осон аст? Машаққати зиёд талаб мекунад ин кор. Ва ҳам ғайрату шуҷоати Фарҳоди афсонавӣ.
Саршавии деҳа «Сари бозор» ном гирифтааст, ки онро дар гузаштаи наздик «Сари бароз» меномиданд. «Бароз» мафҳуми суғдӣ буда, «ҷои зебо, ороста»-ро ифода мекунад. Яке аз мавзеъҳои наздикӯҳӣ дар Янгиариқ Кафтарғул аст. «Ғул» ба маънои оғил ё доманакӯҳ ҳамон мавриди истифода мебошад.
Дар Янгиариқ якчанд ҳоит мавҷуд. Марза ё боғзори берун аз ҳавлӣ ё маҳалла ҳоит гуфта мешуд ва имрӯз ҳам мавзеъҳои ҷудогона чун Ҳоити Селӣ, Ҳоити Сангин, Ҳоити Мамаҷон, Ҳоити Мадазим ба забон оварда мешавад.
Аз Янгиариқ бисёр уламои дин дар водии Фарғона шуҳрат доштанд. Номҳои Қорӣ Завҳар, Муллосафо, Муллоаминҷон, Муллохидир, Муллораҳмон, Мулломадамин, Домуллобегмат, Домуллоэргаш, Ҷамилаойӣ, Нусратотин барин зиёиён, ки дар ривоҷи фиқҳ ва тарғиби ғояҳои инсонпарварона саҳм гирифтаанд.
Корномаҳои ҷангӣ ва меҳнатии фидокорони Янгиариқ ба диққат сазовор. Баъди бозгашт аз сангарҳои хунини Ҷанги дуввуми ҷаҳон Илёсиддин Охоналиев, Абулқосим Бароқов, Илёс Қобилов, Мунаввархон Атахонов, Аминҷон ва Бобоисобой Мадалиевҳо, Қӯрғанбой Ёқубов, Мирзобой Ҷӯраев, Гадойбой Болтабоев, Нарзиддин Маткаримов, Ӯринбой Шамсиев, Додомирзо Хидиров, Туйғун Ҷӯраев, Эсан Ҳасанов, Маҳмасаид Қайюмов, Қӯрғанбой Иброҳимов барин диловарон, бо вуҷуди он ки ҷароҳат бардошта буданд, то охири умр бо меҳнати ҳалол ва сидқидилона ба дигарон намуна гардиданд.
Мактаби таълими умумии рақами дуюм (директораш Ф.Мирзоев) яке аз куҳнатарин масканҳои таълим дар воҳа аст. Аълочиёни таълими халқи ҷумҳурӣ Шодибой Маҳмудҷонов, Эркиной Султонова, Гулбаҳор Шодиева ва дигар ҳамкору шогирдони сазовори онҳо барои ҳарҷониба солим тарбия намудани насли наврас ва пешбурди таълим дар воҳа саҳми муносиб гузошта ва мегузоранд.
Омӯзгори фанни нақшакашӣ Муҳаббатсобит Гадоев бо медали «Шуҳрат» сарфароз гардид. Дастпарвари мактаби номбурда Раҳматҷон Аслонзода ҳоло номзади илмҳои таърих буда, байни устодону профессорони Донишгоҳи давлатии Фарғона мавқеи ба худ хос дорад.
Солҳои охир дар деҳа корҳои ободонию хуррамсозӣ ҷадалнок пеш бурда шуданд. Маҳалла бо оби нӯшокӣ ва гази табиӣ пурра таъмин. Соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд – рӯ ба тараққӣ. Таҳти ташаббуси шифокори тоифаи олӣ Додомӯсо Мӯсоев ба наздикӣ маскани тиббии хусусӣ «Сабрина Невромед» дари худ боз ва ба қабули беморон пардохт. Замонавитарин ускунаҳо устувор гардонида ва дар ин ҷо ба дараҷаи талаботи имрӯз хидматҳои хушсифати тиббӣ расонида мешаванд. Тӯйхонаи боҳашамате, ки тадбиркор Исроил Завҳаров барпо кард, ба деҳа ҳусни нав зам намуд.
Янгиариқ аз ду ҷамоати шаҳрвандӣ – Янгиариқ ва Офтобрӯ таркиб ёфтааст.
– Дар ҳудуди мо 2574 нафар шаҳрвандон истиқомат мекунанд, – мегӯяд раиси ҷамоаи шаҳрвандии маҳаллаи Янгиариқ Амиралӣ Сафаров. – Аз онҳо 735 нафарро ҷавонон, 227 нафарро калонсолони синни нафақа ташкил медиҳанд. Дар маҳалла зиёда аз 100 мулкдорон ва ҳунармандон аз шароитҳое, ки барояшон фароҳам оварда шудааст, самаранок истифода ва ба ривоҷи соҳибкорӣ, ҳосили фаровон рӯёндан аз киштзору боғот саҳм мегузоранд. Дар асоси барномаҳои «Ҳар як оила тадбиркор», «Ҷавонон – ояндаи мо», «Деҳаи обод», ки бо ташаббуси Президентамон қабул карда шудаанд, корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд. Дар маҳаллаамон барномаи «Деҳаи обод» ҳанӯз татбиқ наёфта бошад ҳам, Янгиариқ аз ободтарин маҳаллаҳо камӣ надорад. Бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ бо иштироки шахсони масъул аз идораҳои ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо мегузаронем. Фаъолияти маскани назорати ҷамоатӣ мувофиқи матлаб ба роҳ гузошта шудааст. Самараи чунин чорабиниҳост, ки тӯли соли 2018 дар маҳалла ҷиноят содир нашуд.
Истироҳатгоҳҳои Ҳоити Сангин ва Санги Навишта бо манзари марғуб ва обу ҳавои мусоид ҷолибанд. Хонаи хидмати тиббии тобеи поликлиникаи марказии ноҳия, 20 нуқтаи тиҷоратӣ ва шохобчаҳои хидматрасонии сервис, мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 30-юм, корхонаи истеҳсоли нон, ки дар ҳудудамон ҷойгиранд, мувофиқи матлаб фаъолият ба роҳ гузошта ва сифатнок хидмат мерасонанд, гуфт раиси ҷамоаи шаҳрвандӣ А.Сафаров дар фуроварди сухан.
Воқеан, дар давраҳое ҳам, ки ба маҳалла шодравонҳо Муҳаммадҷон Мадаминов, Лайлихон Мадаминова, соҳиби ордени «Дӯстлик» Раҳимбердӣ Мавлонов сарубар буданд, пешқадамӣ ва пештозии Янгиариқ байни дигар ҷамоаҳои шаҳрвандӣ баръало ҳис мегашт. Маҳмадалӣ Сафаров ва Насимахон Мирзоалиева, айни замон, чун раис корҳои маҳалларо хеле хуб ба роҳ гузоштаанд. Аз соли 2010 раисиро А.Сафаров қабул ва ӯ ба боварии умум, боварии онҳое, ки ӯро интихоб кардаанд, сазовор мегардад.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: