ОБУНА – 2020

«ОВОЗИ ТОҶИК» – ОВОЗИ ШУМО!

Ба «Овози тоҷик» – рӯзномаи 95-солаи ягонаи тоҷикии ҷумҳуриявӣ барои соли оянда обуна давом дорад. Тартиби расмӣ кардани он дар сартосари ҳудуди Ӯзбекистон як хел аст ва аз солҳои пешин фарқ намекунад. Агар то ба охир расидани мавсими обуна барои соли 2020 он сари вақт расмӣ кунонида шавад, рӯзномаро тамоми сол дастрас хоҳед кард.
Ҳоло тамоми шуъбаҳои алоқа, ширкатҳои хусусӣ ва агентиҳои махсусе, ки бо рӯзнома дар ин бобат қарордод доранд, бо нархҳои гуногун ҳуқуқи обуна карданро соҳибанд.
Шитобед, то аз «Овози тоҷик» бебаҳра намонед!


«ФИКРИ САБТНОШУДА – ХАЗИНАИ ГУМГАШТА»
Ман духтури ҳарбии дар истеъфо мебошам. Рӯзномахониву мутолиаи асарҳои бадеӣ қисми асосии ҳаёти ман  аст. Маҷаллаву рӯзномаҳоро оиди касбу кор ва рӯзномаҳои истироҳатбахшу шавқоварро бештар мутолиа менамоям. Аммо барои ман рӯзномаи «Овози тоҷик» ҷойгоҳи алоҳида дорад, чунки он манбаи ягонаест, ки ман аз он  намунаҳои бадеиро ба забони модариам дарёфт карда метавонам.
Инак, даҳсолаҳост, ки ба ин рӯзнома обуна шуда, бо маводҳое, ки таҳти рукни «Адабиёт ва санъат», «Саҳифаи истироҳат» дода мешавад ва намунаҳои эҷодии адибони гузаштаву эҷодкорони муосирро бо шавқи баланд мутолиа мекунам.
Ҳоло замонест, ки ахбори зарурӣ дар муддати кӯтоҳ ба воситаи техникаи иттилоотӣ дарёфт мегардад. Аммо чунин материалҳо бо гузашти вақт «аз даст меравад» ва аз нав пайдо кардани онҳо душвориҳо дорад. Яъне, ба гуфти яке аз бузургон «Фикри сабтношуда – хазинаи гумгашта». Аз ин сабаб, рӯзномаҳо барои ман манбаи «намиранда» ба шумор мераванд.
Аз ҳеч кас сир нест, ки байни адабиёти бадеие, ки дар миқёси мамлакатамон чоп мешаванд, шумораи асарҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ хеле кам аст. Ва вақте мехоҳам, ба забони модариам чизеро мутолиа намоям, «Овози тоҷик» барои ман манбаи бебаҳо мегардад.
Ман он касонеро, ки қадру қимати миллатамонро медонанд, барои обунаи «Овози тоҷик» даъват менамоям. 
Тақдири рӯзномае, ки таърихи беш аз 95-сола дорад, ба саъю ҳаракати мо вобаста мебошад.

Исматулло ҒАЙБУЛЛОЕВ,
сокини шаҳри Тошканд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: