ОБУНА ИХТИЁРИСТ, ВАЛЕ...

Тирамоҳи ҳар сол маъракаи обуна ба нашрҳои даврӣ оғоз мешавад.

Тирамоҳи ҳар сол маъракаи обуна ба нашрҳои даврӣ оғоз мешавад. Ин анъана аз давраи Иттиҳоди шӯравӣ идома меёбад. Мақсад – аз сари соли нав – 12  моҳ ҳар як шахсу ҳар як оиларо бо матбуоти даврӣ, яъне навгониву хабарҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, маърифативу маънавӣ ва намунаҳои осори бадеӣ шинос кардан аст. Вале вақтҳои охир бо баҳонаи «обуна ихтиёрӣ» ин маърака хеле сусту заиф сурат мегирад. Ин «баҳона» барои баъзе ашхоси аз фарҳангу маданият дур, гӯё айни муддао шуд. 
Мутаассифона, баъзе ҳамзабону ҳаммиллатҳои мо — тоҷикон аз иқдоми ба рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Ховар», «Овози Самарқанд» обуна шудан, маънавиёту маърифати худ афзудан зиёфатхӯрӣ ва маишатро афзал медонанд.
Солҳои таҳсил дар мактаби миёна устодону муаллимон аз мо, хонандагон қатъӣ талаб мекарданд, ки муташаккилона ба рӯзномаву маҷаллаҳои маҳз тоҷикӣ обуна шавем.
Боиси хушнудист, ки туфайли ғамхории сарвари давлат маоши кормандони соҳаи таълими халқ низ ду-се маротиба афзоиш ёфт, аммо эътибор ба обуна дар мактабҳо сол аз сол кам мешавад, коҳиш меёбад, ки ин ҳолат касро ба ҳайрат мегузорад.
Умедворам, ки имсол мардуми Самарқанд, бахусус зиёиёни шаҳру вилоят чун табақаи пешқадами ҷомеа дар маъракаи обуна фаъолтар мешаванд.
Охир «Овози тоҷик» овози мост.

Хуршед МАҲМУДОВ, 
собиқадори таълими халқ, 
сокини гузари Сӯзангарони шаҳри Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: