ОДАМ ҒАНИМАТ АСТ

Вақт хеле тез мегузарад.

Вақт хеле тез мегузарад. Онҳое, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон баҳри имрӯзи мо бо фашистони хунхор фидокорона ҷангидаанд, сол то сол кам мемонанд. Як сол муқаддам дар ноҳияи Шофиркон иштироккунандагони ин ҷанг ду нафар монда буданд. Бешафқатии тақдирро бинед, ки соли 2019 дар арафаи 9 Май яке аз онҳо аз олам чашм пӯшид. Ҳамин тариқа дар ноҳия ягона иштирокдори ҷанги хонумонсӯз Мамараҷаб Сафарови деҳнавӣ дар қайди ҳаёт монд. 9 май ба Рӯзи Ғалаба 75 сол пур мешавад. Ба ин муносибат ният доштам, ки ба зодгоҳи модари устод С. Айнӣ – деҳаи Маҳаллаи Болои ҷамоати Деҳнав рафта, аз рӯзгори имрӯзаи «таърихи зинда»-и ҷанг чизе нависам. Афсӯс, дуюмбора дидани дидори ҷанговари садсола М.Сафаров насиб накард. Вай рӯзҳои аввали соли 2020 аз ин олам рафтааст. Шунидам, ки дар ноҳияи Вобканд ҷанговари собиқе буду бош дорад ва Ҳомид Турсунов номи ӯ. Фавран ба роҳ баромадам. Дар шуъбаи корҳои мудофиаи ноҳия сардор Мансур Полвонниёзов корманди шуъба Шӯҳрат Худойбердиевро ба мо роҳбалад намуд. Ниҳоят ба ҳавлии 11-уми кӯчаи Зиёи маҳаллаи Чармгарони шаҳри Вобканд – манзили Ҳомид Турсунов расидем. Хушбахтона, собиқадори ҷанг ва меҳнат дар хонааш буд. Вай бо писари калониаш Обид ва аҳли оилаи ӯ дар як ҳавлӣ мезист. Мӯйсафед моро самимона қабул кард. Вай 95-сола бошад ҳам, зоҳиран бардам менамуд. Мутаассифона, шебу фарози зиндагӣ, солҳои пурваҳшат дар гирдоби ҷанг, рӯбарӯшавӣ бо аҷал, захмдоршавиҳо дар фронт беосор намонд. Ҳоло хотираи ӯ тамоман аз байн рафтааст. Дар ҳолате ки вай ҳатто номи падару модари худро ба забон оварда натавонист. Илова ба ин гаронии гӯшҳояш мулоқотро хеле душвор гардонда буд. Аз ин рӯ саволҳои мо беҷавоб мемонданд. Ба як қисми онҳо аъзоёни хонадон равшанӣ андохтанд. Маълумоти саҳеҳтар дар бораи иштироккунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳон бо мадади шуъбаи корҳои мудофиаи ноҳия дастрасамон гардид. Ҳомид Турсунов соли 1925 дар деҳаи Наршахи ноҳияи Вобканд дар хонадони Қудрат Турсунов ба дунё омада, синфи 10-уми мактаби рақами 1-ро хатм кардааст. Моҳи феврали соли 1943 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда дар омӯзишгоҳи ҳарбии пиёдагарди Орлов се моҳ таҳсил гирифтааст. Баъд дар фронт дар бригадаи десанти ҳавоии гвардияи 19-ум ба муқобили душманон ҷангидааст. Моҳи майи соли 1943 дар яке аз ҳарбҳои шадид сахт ярадор шуда, чор моҳ дар госпитали ҳарбӣ муолиҷа гирифтааст. Ба Ҳ.Турсунов лозим омадааст, ки аз моҳи августи соли 1944 то моҳи марти соли 1945 дар шӯъбаи 7-уми полки десантӣ-таълимӣ ҳамчун курсант малакаи ҳарбиашро такмил диҳад. Вайро боз ҳамчун тирандози армияи 9-уми дивизияи 103-юм ба фронт фиристоданд. Ӯ дар набардҳои ҳалкунандаи тақдири ҷанги дуюми ҷаҳон мардонавор иштирок карда, якҷоя бо ҳамяроқони аз тиру туфанги фашистон эминмонда шаҳди зафар чашид. Афсӯс, ки дидани Рӯзи Ғалаба ба аксарияти ҷанговарон насиб накард. Ин айёми фархунда ба ивази ҷонсупориҳои бештар аз 27 миллион нафар муборизони шуҷоъ, истодагарию фидокориҳои афсонавии шермардони ватандӯсти майдони ҷангу заҳматҳои тоқатфарсои мардуми ақибгоҳ хеле бо талафоти зиёд ба вуҷуд омад. Идроки ин фоҷиаи аср, тасаввури маҳрумиятҳои овардаи ин ҷанги хонумонсӯз аз имкон берун аст. Ба Ҳомидбобо баъди ду соли торумори фашизм аз хидмати ҳарбӣ ҷавоб доданд. Вай ниҳоят охири моҳи апрели соли 1947 ба зодгоҳаш баргашт. Соҳиби хонаю дар гашта бо меҳнати осоишта машғул шуд. Солҳои тӯлонӣ ҳамчун мудири хоҷагии беморхонаи марказии ноҳия, корманди стансияи назорати санитарию эпидемиологии ноҳия ва ғайра фаъолият нишон дода, ба нафақа баромадааст. Ҳ.Турсунов бо ҳамсари омӯзгораш Ҳокима Адизова се писару як духтарро ба воя расонда, соҳиби набераю абераҳои зиёд гаштаанд. Дорандаи даҳҳо нишону медалҳо Ҳомидбобо дар ҷамъомаду вохӯриҳо ба ҷавонон, абераю чаберагонаш аз хусуси ваҳшати ҷанг, нокомиҳои солҳои қаҳтӣ, ватандӯстию меҳнатдӯстии авлоди гузашта ҳарф зада, онҳоро ба шукргузории рӯзгори имрӯза ва дӯст доштани Ватани маҳбуб даъват месозад. Ӯ сарфароз аст, ки хидматҳои арзандааш ва дигар собиқадорони ҷанг пайваста тақдир карда мешаванд.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: