ОДАМ БО УМЕД ЗИНДА

Ӯ саргарми мутолиа буд, ки тақ-тақи дарвоза шуд.

Дере нагузашта як гурӯҳ меҳмонон бо роҳнамоии наберааш ташриф фармуданд. 
– Ҳа, муаллима, ба мо чашми рост ё чапи шумо парида буд? – гуфтем мо.
– Ҳар дуяш, – завқ карда хандид Муайяна Хоҷаева, – нури дида, тоҷи сар, дари хонаам ҳамеша бароятон боз аст, дӯстони азизи ман!
Сипас, ӯ бо мо – муҳаррири рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов, корманди телевизиони вилоят Шаҳло Аҳророва, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Самарқанд Акбар Маҳмудов ва дигаронро ба оғӯш кашида вохӯрӣ намуд ва баъди нишастан дар атрофи дастархон даст ба дуо бардошта гуфт:
– Илоҳо, ҳамеша осмонамон мусаффо, дастархонамон фаровон, диёрамон гул-гул шукуфон ва ба  бахтамон сарвари давлатамон ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошанд.
– Мо бо супориши ифтихорӣ омадем, – баъди як пиёла чой нӯшидан ба мақсад гузаштем, – ба шумо гувоҳномаи нави аъзогии Иттифоқи журналистони ҷумҳуриро месупорем.
Муайяна Хоҷаева бо ҳаяҷону мамнуният ҳуҷҷату нишонро гирифт. Ва баъди гусели меҳмонон ба гирдоби хаёлот ғӯта зад...
Вай ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ба адабиёт дил баст, ки пас аз гирифтани номаи камол ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуд. Бо таклифи раиси кумитаи радиои вилоят Раҳматҷон Акрамов нахустин барандаи барномаи тоҷикӣ гардид. Он солҳо бо ҳамсабақи худ, ҳоло адабиётшинос Аслиддин Қамарзода тавассути радио баромад мекарданд. Маҳз нахустин ҳикояи лирикиаш “Меҳри аввал”-ро бо ҳаяҷон ба шунавандагон хонд. Муайяна Нӯъмоновна баробари ровигӣ хабару лавҳа, очерку гузоришҳои ҷолиби диққат иншо намуда, ба рӯзномаҳои “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (“Овози тоҷик”), “Пионери Тоҷикистон” (“Анбоз”), “Маориф ва маданият” ва маҷаллаи  “Машъал” ирсол мекард. Аммо баъди ба даст гирифтани дипломи донишгоҳ дар дуроҳа монд: ходими илмӣ шавад ё журналист? Меҳри рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон”, ки кайҳо дар қалбаш маъво гирифта буд, ӯро соли 1963 ҳамчун тарҷумон ба  кор қабул кард. Аз шоири зуллисонайн, устоди сухан Муҳаммадҷон Васфӣ, журналистони пуртаҷриба Раҳматҷон Норов, Мӯҳсин Умарзода, Қамариддин Шамсиев, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, Саъдихон Солеев, Ҳомидҷон Қиличев ва дигарон асрори ҳунар омӯхт. Муҳимаш аз душворӣ ва заҳмати касби рӯзноманигорӣ наҳаросид. 
Соли 1966 ӯро ба узвияти Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ қабул карданд, ки масъулияти он ниҳоят калон буд. Муайяна Нӯъмоновна дар иттифоқи журналистон ба утоқи кории раис Есенбоев ворид шуду ҳамаи муҳаррирони рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳуриро дида, ба ҳаяҷон омад. Саволу ҷавоб ба забони русӣ ҷараён гирифт. Баъди чанд пурсиш сардабири рӯзномаи “Тошкент ҳақиқати” Аҳмадака гуфт, ки ин хонуми зебои тоҷикро ба ҳаяҷон гузоштем, кифоя. Ман аввалин шуда барои ба аъзогӣ қабул карданро ҷонибдорӣ мекунам!
Дигарон низ ба ӯ якдилона пайравӣ карданд...
Ин дидори мо дар арафаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хонадони журналисти шинохта, бибиҷони дуогӯй Муайяна Хоҷаева барпо шуд, ки аз ин хурсандии ӯ интиҳо надошт.
– Ҷавонон бо умед, калонсолон бо хотира умр ба сар мебаранд, – лаб ба сухан кушод Муайяна Нӯъмоновна, – “то пир нашуд мард, надонад хатари умр, то монда нашуд мурғ, надонад хатари бол” гуфтааст кадоме аз бузургон. 
– Гапатон дуруст, муаллима. 
Ба гуфтаи шоир:
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
– Дар ин дунё ҳама чиз гузаро будааст, – мусоҳибамон табассум кард, – аммо нуронӣ шудан ҳам санъат ва он ба ҳама ҳам муяссар намешавад. Бовар кунед, чӣ тавр аз ғавчӯби ҳафтодсолагӣ гузаштам, худ нафаҳмидам. Оҳ, гарчанд дар ҳаётам рӯзҳои хурсандӣ бисёр буданд, вале чархи гардун бо лаҳзаҳои вазнин имтиҳони иродаи ман намуд. Аввал ҳамсарам, сонӣ писару духтарам аз барам рафтанд, ки ғаму ғусса овард. Шукри Худо мекунам, ки ёру дӯстон, ҳамкасбону шогирдон занг мезананд, нобаҳангом ба кулбаи хоксоронаам омада тасаллои дил медиҳанд, табъамро болида месозанд. Аз онҳо сипосгузорам ва ба ҳаққи эшон дуои нек мекунам. 
Чанде пеш ба дарди “Ковид-19” печида бистарӣ шудам. Арӯси нозанинам Моҳигул, мағзҳои бодоми ман Ислому Моҳинур, Фирӯзу Моҳзода ва шифокор Аюбхон Бақоев дар атрофам парвона шуда, аз чанголи марг халос карданд, аз онҳо миннатдорам. 
– Одам бо умед зинда, – хулоса намуд муаллима, – гарчанд ба гуфти Камоли Хуҷандӣ:
Ҷаҳон бо ҷумла лаззоташ ба занбӯри асал монад,
Ки ширинеш бисёру вале афзун шару шӯраш,
“пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек”-ро, ки дар китоби муқаддаси зардуштиён – “Авесто” ҳамчун шиори халқҳои эронинажоди қадим дарҷ ёфтааст, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем ва ба он амал намоем.
 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: