Нешханд
Баҳси бобову набера дар масъалаи чӣ тавр пайдо шудани инсон мисле интиҳо надошт. Вақте набера мегуфт одам аз маймун ба вуҷуд омада ва чӣ тавр аз маймун пайдо шудани инсон дар илм исбот шудааст, торҳои асаби бобо ба канда шудан оид мегашт.
– Ором шавед, – табассум мекард набера. – Назар ба афсонаҳои дерин, ки бобою бобокалонҳо аз бобою бобокалонҳояшон шунида ва онҳоро ба авлод гуфта омадаанд, аввалин одам Ҳазрати Одам ҳисобида мешуд ва баъд аз қабурғаи чапи Одам ҷуфти ӯ офарид Офаридгор. Дуруст? Лекин дурустӣ ва ҳаққонияти ин исбот шудааст ё не?
– Хӯш, ҳаққонияти аз маймун пайдо шудани инсонро илми ту исбот кард?
– Илми ман не, илми ҷаҳонӣ исбот кард. Ким-кай.
– Модоме аҷдоди мо маймун, чаро он маймунҳое, ки дар телевизор мебинем, дар зоопаркҳо мебинем, ба ҳоли худ монданд? Чаро имрӯз маймунҳо ба одам табдил намеёбанд?
– Яку якбора не, дар зарфи миллионҳо сол, бо тақозои шароити таърихӣ, маймун ба инсон табдил ёфт, бобо. Ва боз бо тақозои шароити ба худ хоси таърихӣ қисме аз маймунҳо ба маймунии худ монданд. Дарвинизм таълим медиҳад...
– Ту дарвинизм-харвинизми худ мон. Ман ба ин гуна ақидаҳо бовар намекунам.
– Ба Бедил-чӣ? Ба Абдулқодири Бедил.
– Ба Абдулқодири Бедил?
– Вай мегӯяд, «Пеш аз он ки одамӣ одам шавад, бӯзина буд».
Бобо лаҳзае ба фикр рафт. Набера инро таври худ фаҳмид ва гумон кард, тираш, ки бехато ба нишон расид, бобо сари калоба гум намуд.
– Гап занед, аз маймун пайдо шудани одамро бобокалонҳои худи мо низ таъкид накарда будаанд? Одамӣ пештар бӯзина, яъне маймун буд, мегӯяд ҳазрати Бедил.
– Наход?– ларзон садо баровард бобо. – Бедил чизи дигар гуфтааст, «донояк»-и ман.
– Чизи дигар?
– Ба чанд қадам не, ба дуртар нигоҳ кун, ҷони бобо. Ба умқи фармудаҳои Бедил сар фурӯ бар. Вай мегӯяд одамро маънавият, илм, тарбия – «одам» кард, муҳити маънавӣ ба одамӣ табдил дод, дар акси ҳол бӯзинаро мемонд!
– Бобо...
– Ту ба Дарвинбобоят содиқ мон. Маро ба ҳолам гузор.
Аз байн чанд рӯз гузашт. Набераи аз илми ҷаҳонӣ огоҳ ҳеҷ гумон надошт бобои якрав, ниҳоят, аз фикри худ гашта, ба дурустии ақидаи донишмандони аврупоӣ тан медиҳад. Дарвин беҳуда олими ҷаҳонӣ нест!
Деҳқони хокпош телевизор тамошо мекард. Набераи олимшавандааш дар компутер чизе сабт менамуд.
Нохост дарро кушод ва:
– Дурустии фикри ту исбот шуд, – гуфт бобо. Набера ба гӯшҳояш бовар намекард. Бобо давом дод:
– Дарвин дуруст мегуфтааст. Мани кӯтоҳақл ҳам Бедилро нодуруст мефаҳмидаам.
– Чӣ боис шуд, аз ақидаи худ гаштед? – набера ҳайрон.
– Телевизор. Консерте, ки намоиш медиҳанд. Канӣ, хез.
Бобою набера ба хонаи телевизордор даромаданд. Дар кадоме аз шабакаҳо писару духтарон, зану мардҳои нимурён таҳти кадом як мусиқии замонавии Ғарб ба таври худ рақс мекарданд. Ғирев, наъра, чиррос, нола ва фарёд ба ҳам омехта, ҷасту хези раққосонро шиддат мебахшид.
– Базми маймунҳо, – бадард табассум намуд бобо. – Намое аз ба асл баргаштани инсонҳо. Ту ҳақ баромадӣ, набераҷон. Ман – таслим!
Ш.МУҲАММАД.