«ОДАМИ НА-А-ҒЗ»

Ҳар хел мешаванд одамон.

Яке бадҷаҳлу ситезакор, дигаре нармтабиату бамулоҳиза, яке кушодчеҳраву хандонрӯ, дигаре тундхӯву тундгӯ... Ҳалимбобо аз тоифаи мулоимхислатон аст. Дар бораи касе ҳаргиз сухани баду номақбул намегӯяд. Ҳатто боре як шӯрнӯл аз ӯ пурсидааст: «Ягон бор занатона задаед?» 
«Не-е!» ҷавоб додааст хонаобод. Дар ғайби одамон низ ин гапро такрор мекунад: «Вай одами на-а-ғз», «вай писари на-а-ғз», «ун кас мардаки на-а-ғз». 
Ва аз такрор-такрор гуфтани ин суханон монда ҳам намешавад. Одамон ҳам ба ин рафтори ӯ бетараф наистода, барояш лақаби соз ёфта монданд: «Луқмони Ҳаким». Дар деҳа одамони тоифаи дигар, яъне бадҷаҳлу пурғазаб ҳам ёфт мешаванд. Аз ҳама бадҷаҳлтарини онҳо сарвари хоҷагӣ — раисбобо аст. Бо раисбобо нағзаш рӯ ба рӯ наоед. Зеро, албатта, ягон камбудиатонро гуфта, дар байни мардум хуб коҳиш мекунад.
Аммо раисро, ки бо ӯ ягон кас бас омада наметавонист, боре ана ҳамин Ҳалимбобо ба узрпурсӣ маҷбур кард. Воқеа ин тавр рӯй дода буд: 
Дар назди идораи хоҷагӣ аксар коркунон ҳозир буданд. Ҳалимбобо низ дар гӯшае хомӯш ба фикр фурӯ рафта буд. Ногаҳон раис аз идора баромаду сӯйи Ҳалимбобои боғбон равон шуд. Қиёфаи ӯ хашмгин ва ситезаҷӯ буд. Аз афташ дар кори Ҳалимбобо камбудии ҷиддӣ ҷо дошт, ки ӯ бе пӯшт-пӯшт омада бобои бечораро ба зери санги маломат гирифт. Раис сахт дарғазаб буд, аз даҳонаш ҳатто суханони қабеҳтарин мебаромаданд, аммо Ҳалимбобо бо сари хам хомӯш меистод. Охирон ҳавсалаи раис пир шуд магар, ки ба тарафи ӯ даст афшонду дуртар рафт. Аммо дилаш ҳанӯз хунук нашуда буд, аз ин рӯ гоҳ-гоҳ ба тарафи бобо нигоҳ карда, имконияти аз нав ба ҳуҷум гузаштан меҷуст. Ҳангомаҷӯйҳо ба Ҳалимбобо дарафтоданд:
– Э бобо, шуморо Луқмони Ҳаким мегӯянд, дар ҳамин синну соли пирӣ ба ҳақоратҳои раис чӣ тоқат карда истодед? 
– Сахтакак ҷавоб диҳед намешавад! Раис бошад ба худаш, – оташро бод медод дигаре.
Ниҳоят, Ҳалимбобо баъди ҳамаи ин таънаву маломатҳо ба гап даромаду калла ҷунбонда, такрор-такрор:
– Раис одами на-а-ғз, аз ростӣ, ки одами на-а-ғз..., — гуфтан гирифт.
– Э, монед-е, гапи дигар наёфтед-чӣ? – гуфтанд навмедона боддиҳандаҳо, ки нияти тамошои идомаи ҷанҷолро доштанд.
Раис, ки ин манзараро мушоҳида мекард, аз суханони Ҳалимбобо ба ҳайрат афтод ва аз хашму ғазаби ӯ  дар як лаҳза гӯё ному нишоне намонд. Ӯ ҳайратзада назди Ҳалимбобо омаду дастони ӯро  гирифта, сахт-сахт фишурд ва:
– Ҳақиқатан ҳам шумо Луқмони Ҳаким будаеду ман намедонистаам. Узр, сад узр, маро мебахшед, гуфт. Барҳақ:
Некони ҷаҳон бар дили худ кина нагиранд,
Дарёсифатон ҷуз гуҳар аз сина нагиранд.
Покизаравонанду батамкину дилогоҳ,
Ҷуз нуру сафо лаззату нӯшина нагиранд.

Фозил ШУКУРЗОДА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: