Ба ин шоҳбайти Мирзо Турсунзода имрӯзҳо боз ҳам бештар рӯ овардан лозим мешавад.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд
бахт,
Душманӣ орад ба
мардум рӯзи сахт.
Ба ин шоҳбайти Мирзо Турсунзода имрӯзҳо боз ҳам бештар рӯ овардан лозим мешавад. Зеро ҳоло хоҳ ҷониби Ғарб назар афканем ва хоҳ сӯйи Шарқ як вазъи номутаносибу номураттабро мушоҳида мекунем. Ин ҳолатҳоро дида ҳисси қаноатмандиву шукронагӣ боз ҳам бештар дар қалбу шуурамон ҷӯш мезанад, ки дар кишваре зиндагӣ дорем – осмонаш мусаффо, заминаш ором, халқаш осуда. Субҳидам ором аз хоб мехезему бо нафаси тоза зиндагии нав оғоз мекунем, бо хотири ҷамъ пайи кору зиндагии худ мешавем.
Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлол дар Ӯзбекистон ба масъалаҳои миллӣ муносибатҳои дуруст роҳандозӣ шуд. Сиёсати оқилона ва одилонаи ҳукумат дар ин бобат ба таъмини сулҳу осоиш сабаб гардид. Барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои халқ ва миллатҳо марказҳои миллӣ-маданӣ ташкил гардидааст, ки он имрӯз бешак барои мустаҳкам гардидани дӯстии халқҳо, оромии кишвар, ривоҷу равнақи мамлакат мусоидат менамояд.
Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Сурхондарё низ аз аввалин марказҳои фарҳангӣ маҳсуб шуда, соли 1994 бо ташаббуси як гурӯҳ равшанфикрони воҳа ташкил гардидааст. Дар тӯли 30 соли фаъолияташ марказ барои таҳким бахшидани дӯстии халқҳо, сарҷамъ намудани эҷодкорони воҳа, ҳифзи арзишҳои миллӣ бисёр корҳои шоёнеро ба сомон расонид.
Бо қаноатмандии том эътироф бояд кард, ки фаъолияти марказҳои миллӣ дар Ӯзбекистони Нав хеле ҷоннок гардид. Муносибатҳои манфиатбахшу дӯстона бо кишварҳои ҳамҷавор ба ин таъсири мусбат расонид.
Дар вилояти Сурхондарё низ 5 маркази миллӣ-мадании тоҷикони ноҳияҳои Сариосиё, Узун, Бойсун, Олтинсой ва Деҳнав ташкил гардид. Бо ташаббуси равшанфикрон ва дастгирии ҳокимияти ноҳияҳо имрӯз ҳама марказҳо бо дафтари корӣ таъмин гардидаанд. Марказҳо ҳар сари чанд вақт чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор месозанд ва намояндагону фаъолон ва эҷодкорони воҳа дар ин чорабиниҳо фаъол ширкат меварзанд. Баргузории чунин чорабиниҳои маданӣ, ки бо ҳамоҳангии дигар миллатҳо ташкил мешавад, албатта, рангу таровати дигар дорад. Кас худро дар як муҳите тасаввур мекунад, ки ҳавояш форам, манзарааш дилфиребу мурғонаш ба ҳар лаҳн месароянд. Ин аст афзалияту манфиати дӯстӣ.
Самаранокии фаъолияти марказ дар он дида мешавад, ки бо гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тирмиз робитаи қавӣ дорад. Дар ҳар гуна чорабиниҳои дӯстиву фарҳангӣ донишҷӯёни мо бо либосҳои миллии тоҷикӣ фаъолона ширкат меварзанд, шеър ва сурудхонӣ мекунанд.
Хурсандиовар аст, ки Маркази миллии тоҷикони вилоят ҷиҳати мустаҳкам намудани дӯстӣ бо намояндагони илму фарҳанги кишвари бародари Тоҷикистон низ ҳамкорӣ дошта, дар ин самт корҳои назаррас роҳандозӣ шудаанд.
Барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, умуман пешбурди фаъолияту кори босамари марказ, албатта, маблағ лозим мешавад. Шукр, дар ин бобат мушкилот нест. Нақши Фонди ҷамоатӣ дар рушди марказҳо калон аст. Фонд тайи се соли охир барои маоши раисону муовинони марказҳо субсид ҷудо месозад, ки самараи худро дода истодааст. Ин ба дӯши мо масъулияти ҷиддиро низ бор мекунад ва моро водор месозад, ки бештар кор кунем. Ба ғайр аз ин, ҳар сол фонди ҷамоатӣ грант-лоиҳа эълон мекунад. Тайи 5 соли охир марказамон бо лоиҳаҳои пурмазмуну созанда ширкат варзида, 2 маротиба грант-лоиҳаи фонди ҷамоатии ҷумҳурӣ ва як маротиба грант-лоиҳаи вилоятиро соҳиб гардидааст. Як қисми маблағи ин грантҳоро агар мо ба чорабиниҳои фарҳангӣ масраф созем, қисми дигарашро барои либосҳои миллӣ, мебелу ҷиҳози кабинет, воситаҳои техникӣ масраф месозем.
Соли гузашта аз ҳисоби маблағи грант китоби пурмуҳтавои «Дӯстии халқҳо – дӯстии миллатҳо»-ро ба чоп расонидем, ки хонанда бо мақолаҳои арбобони барҷастаи давлатӣ, ашъори шоирони бузурги тоҷику ӯзбек, ки дар боби дӯстии ин ду халқи азалан дӯст навиштаанд, шинос мешавад.
Соли ҷорӣ низ тасмим гирифтаем, ки аз ҳисоби маблағи грант китоби шоири шаҳир Шодӣ Каримро, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Ӯзбекистон зиндагӣ ва фаъолият кардааст бо номи «Фариштаҳо дуо кунед!» (ба ду забон) чоп намоем.
Дар Хонаи дӯстӣ марказҳои миллӣ-мадании тоҷикон, русҳо ва туркманҳо ҷойгир шудааст. Идораи фонди ҷамоатии вилоят низ дар ҳамин биност. Роҳбари фонд Нуриддин Ҷумъаев барои пешравии корамон ҳамеша кумак ва маслиҳатҳои муфид медиҳад. Дар Хонаи дӯстӣ мо бо бародарони дӯсти худ аҳлона, дӯстона кор мекунем, чун аъзоёни як оила ба ҳамдигар оғӯш мекушоем, мададрасону меҳрубонем.
Ман ҳамчун як нафар тоҷик эҳсос мекунам, ки дар Ӯзбекистони Наву соҳибистиқлол дари имкониятҳо барои ҳамаи халқу миллатҳо боз аст. Масалан, танҳо дар вилояти Сурхондарё 78-то мактаби тоҷикӣ ва тоҷикӣ-ӯзбекӣ мавҷуд буда, барои таълиму тарбияи фарзандонамон тамоми шароит муҳайёст. Дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз факултаи филологияи тоҷикӣ, дар филиали Донишгоҳи ба номи Низомии Тирмиз ду гурӯҳи шуъбаи рӯзона ва ғоибона ва дар Донишгоҳи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав 4 гурӯҳ фаъолият мекунад.
Инчунин, минбари тоҷикони вилоят – рӯзномаи «Ховар» ва маҷаллаи «Суғдиёна» низ талаботи маънавии моро қонеъ месозад, эҷодиёти соҳибқаламони воҳа ва берун аз онро сайқал медиҳад. Радиои тоҷикӣ бо барномаҳои рангину ҷаззоби хеш садои дӯстии моро ба ҳар сӯ илқо месозад. Пас, барҳақ бояд эътироф кард, ки дари ҳама имкониятҳо ба рӯямон боз аст.
Рамазон АБДУЛЛОЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз, раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Сурхондарё.