ОДАМОН БАРОИ ЧӢ МӮҲТОҶИ ҲАВОИ ТОЗААНД?

Инсоният, олами ҳайвоноту наботот ба ҳавои тозаву беғубор ҳамеша эҳтиёҷ доранд.

Ҳавои ифлос сабаби ангезандаи бемориҳои гуногун мегардад. 
Барои шаҳрвандони маҳаллаи Маннон Уйғури ноҳияи Шайхонтаҳур нафас кашидан аз ҳавои тоза дер боз муаммо шуда мондааст. Аҳолии ин мавзеъ аз бӯйи бадноки кушхона, ки бо хонадон ҳамшафат аст, азият мекашанд. 
– Аз рӯи шикояти мардуми маҳаллаи мазкур ба он ҷо рафтам. Аз бӯй ва ҳавои бадноки он, рости гап, гулӯям сӯхт. Ба яке аз хонадонҳои наздики саллоҳхона сар халондам, бӯйи бад ҳатто дар либос, гилам, парда, кӯрпаю болин нишастааст,– мегӯяд депутати шӯрои ноҳияи Шайхонтаҳури намояндагони халқи шаҳри Тошканд Бахтиёр Шамсиддинов. – Аз кушхона бӯйи бадноки мол, хун ва ғалоғулаи одамон ба атроф паҳн мешудааст. Чорворо асосан, шабонгоҳ оварда сар мезадаанд, ки ин ҳолат, албатта, ба истироҳати шабонаи аҳолӣ халал мерасонад.
Мувофиқи гуфтаи Б. Шамсиддинов, ӯ муҳокимаи масъалаи мазкурро то Сенат баровардааст. Комиссияи махсус ташкил карда шуда, аз рӯйи шикояти аҳолии маҳалла кори кушхона омӯхта шудааст. Баъди дида баромадани масъала қарор карда шудааст, ки кушхона набояд дар ҳудуди истиқоматии аҳолӣ ҷойгир карда шавад.
Ҳама чиз барои манфиати халқ, фаровонии ҳаёти ӯ мегӯем, аммо ба туфайли беэътибории баъзе шахсони мансабдор аҳолии оддӣ ҳатто аз ҳавои тоза маҳрум мебошанд. 
Аҳмароймомо Миёноваи 90-сола дар наздикии кушхона истиқомат мекунад.
– Дер боз ба ҳавои тоза зор ҳастем,– мегӯяд момо. – Шабу рӯз аз кушхона бӯйи бад меояд. Аъзоёни оилаам бо баҳонаи мактабу кор ба кӯча баромада мераванд. Мани барҷомонда маҷбур ҳастам, ки рӯзи дароз аз ин ҳаво нафас кашам. Хешовандону қарибонам маро хабаргирӣ меоянд, аммо «аз бӯйи бад дар хонаат нишастан намешавад» гуфта зуд баромада мераванд. Дардамонро кӣ мешунавад, намедонам.
Дар талабномаи Вазорати нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ «Қоида ва меъёрҳои санитарӣ» низ нишон дода шудааст, ки кушхонаҳо бояд аз ҳудуди истиқоматии аҳолӣ дар масофаи 500 метр дуртар ҷойгир шаванд.
Аҳолии маҳалла ба Маркази санитарӣ-эпидемиологии давлатӣ якчанд маротиба муроҷиат кардаанд. Дар натиҷа, баъди омӯхтани ин камбудиҳо мутасаддиёнро ба ҷарима кашида, кушхонаро як муддат бастаанд. Аммо дере нагузашта он боз кори худро давом додааст.
Таҳти роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ бахшида ба иҷрои барномаи давлатии «Маҳаллаи обод» ва «Деҳаи обод» дар шаҳри Тошканд ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор шуда буд. Дар он роҳбари давлат таъкид намуда буд, ки аҳволи баъзе маҳаллаҳои пойтахт назар ба деҳаҳои дурдасти кишвар  таассуфовар мебошад. Ҳамон вақт ба ҳокимияти шаҳри Тошканд ва Маркази назорати санитариву эпидемиологии давлатӣ супориш дода шуда буд, ки дар муҳлати се рӯз фаъолияти ҳамаи кушхонаҳое, ки бо забҳи мол машғуланд, боздошта шавад ва дар оянда дар дохили шаҳр ба ташкил намудани чунин корхонаҳо роҳ дода нашавад. Бино ба ин асос 28 июни соли 2018 саридораи ветеринарии шаҳри Тошканд рухсатномаеро, ки барои фаъолият бурдани ҷамъияти масъулияташ маҳдуди  «Бизнес–феникс»-и хонаи 145 «б», кӯчаи Улуғбеки ноҳияи Шайхонтаҳур дода буд, бекор кард. Аз ин бармеояд, ки кушхона бояд фаъолияти худро қатъ намояд. Аммо, назар ба маълумоти аҳолӣ алҳол дар манзили номбурда хоҷагии фермерии «Искандар Насрулло Хуррамбек» ва ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бизнес–феникс» ҳамон фаъолият мебаранд.
– Ба кушхона харидорони бисёре меоянд, дар натиҷа атрофи роҳу кӯча аз автомобилҳо пур мешавад, аз дарвоза даро-буро ниҳоят душвор мегардад,– мегӯяд сокини маҳаллаи номбурда Н. Раҳимова. – Баробари бӯйи бадноки молу хуни онҳо, дар ин ҷо сагу гурбаҳои дайду ва калламушҳо низ бисёранд.
Шаҳри Тошканд бо ободу зебогиаш ном баровардааст, аммо вазъиятеро, ки ҳоло зикр намудем, хеле ҳузновар аст. Албатта, аҳолиро бо гӯшт таъмин бояд намуд, аммо ҳар як кор бо ҳалолию покизагӣ ва бо ризоияти мардум ба анҷом расад, ба мақсад мувофиқ мебуд. Соҳибони кушхона солҳои сол боиси норизоии аҳолӣ нагардида, ҷоя-шонро тағйир диҳанд, мувофиқи талаб кушхонаро ба берун аз шаҳр кӯчонанд, олам гулистон мешуд.
Тааҷҷубовар аст, ки мутасаддиён роҳҳои ҳаллу фасли муамморо наандешида, онро хаспӯш месозанд. Наход мадда кардани муаммои зери ҷойи хаспӯшшуда онҳоро ба ташвиш намегузошта бошад?

Н. АБДУРАИМОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: