ОДАМОН БОЯД САМАРАИ ИСЛОҲОТ ВА ДИГАРГУНСОЗИҲОРО ДАР ҲАЁТИ ХУД ЭҲСОС НАМОЯНД

Президент Шавкат Мирзиёев 29 июн ба мақсади шинос шудан бо рафти ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар маҳалҳо, корҳои бунёдкориву ободонӣ, лоиҳаҳои нав ва мулоқот оростан бо халқ дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд шуд.

Чун дар тамоми минтақаҳои мамлакатамон дар ноҳияи Олмазор низ бино бар рушди истеҳсолот, сохтмони объектҳои замонавии иҷтимоӣ, ободонии маҳаллаҳо, беҳтар гардондани шароити зисти аҳолӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд.
Роҳбари давлатамон аввал бо корҳои бунёдкорие, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Иброҳимота амалӣ мегарданд, шинос шуд.
Президентамон 1 июни соли ҷорӣ ҳангоми ташриф овардан ба маҳаллаҳои Хирмонтеппа ва Тирсакободи ноҳияи Чилонзор бино бар ташаккул додани лоиҳаи барномаи «Маҳаллаи обод» супориш дода буд. Дар ин асос ба мақсади дигаргун намудани қиёфаи маҳаллаҳо  Барномаи «Маҳаллаи обод» қабул гардид. 
Маҳаллаи Иброҳимота низ ба барномаи мазкур ворид шудааст.
Дар маҳаллаи мазкур 19-то манзили дуошёна ва 4-то манзили чорошёна ҷойгир шудааст. Онҳо дар соли 1960 сохта шуда, имрӯз таъмирталаб мебошанд. Шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ низ фарсуда шудааст.
Мувофиқи барномаи «Маҳаллаи обод», тамоми манзилҳои серошёна, кӯча ва роҳравҳои маҳалла аз таъмир бароварда шуда, ҳудуд обод мегардад. Ҳафт манзили дуошёнаи арзон, муассисаи замонавии таълими томактабӣ сохта мешавад. Инчунин, дар асоси лоиҳаи намунавӣ бунёд намудани гузари маҳалла, шабакаи пардохти хидмати коммуналӣ, майдончаҳои бачаҳо ва варзиш ба нақша гирифта шудааст.
Роҳбари давлатамон перомуни корҳо бино бар омӯхтани маҳаллаҳои шаҳри Тошканд ҳарф зада, таъкид намуд, ки бояд хона ба хона гашта, талабу дархости ҳар як оиларо омӯхта, ба ҳаллу фасли муаммоҳои онҳо кӯмак расонд, ба ин корҳо соҳибкоронро ҷалб намуда, ҷойҳои корӣ созмон дод.
– Одамони ин маҳал низ аз фарзандонашон, аз фардо умедҳои калон доранд. Дигаргунсозиҳое, ки дар мамлакатамон татбиқ мегарданд, натиҷаи барномаҳои қабулшударо одамон бояд дар худ эҳсос намоянд, гуфт Шавкат Мирзиёев. – Мақсади асосӣ аз ҳаёташон розӣ кардани одамон, барои онҳо фароҳам овардани шароитҳои муносиб мебошад. 
Роҳбари давлат бо фаъолон ва аҳолии маҳаллаи мазкур суҳбат орост. Бобати моҳияти ислоҳот оиди бо кор таъмин намудани аҳолӣ, рушди таълими томактабӣ ва мактаб, ҳамчун инсонҳои баркамол тарбия намудани ҷавонон мулоқот ба амал омад. Ҳангоми суҳбати самимӣ таъкид гардид, ки барномаҳои «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод» ва «Ҷавонон – ояндаамон» дар беҳтар гардондани шароити зисти аҳолӣ, дастгирӣ намудани ҷавонон замина фароҳам меорад.
Шавкат Мирзиёев  21 апрели соли гузашта ҳангоми ташриф ба ноҳияи Олмазор бино бар ташкил намудани истеҳсоли бозичаҳои бачаҳо дар назди фабрикаи бозичаҳои Тошканд супоришот дода, ба ин кор бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷиро масъул таъин карда буд.
Роҳбари давлатамон дар доираи ташрифи навбатӣ дар корхонаи мазкур шуда, бо лоиҳаҳои сармоягузории татбиқшуда шинос гардид. 
Хусусан, ба мақсади сермаҳсул истифода бурдан аз майдонҳои истеҳсолии ҳудуди фабрика аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «NBU Investment» якҷоя бо  сармоягузорони ташаббускор дар ин ҷо панҷ лоиҳа татбиқ мегардад. Корхонаҳои «Toys City», «O’yinchoglar Fabrikasi», «Funny Kids World», «National Products», «United Nation company» ва ғайра барои бачаҳо либос, ашёҳои гуногун ва бозичаҳо истеҳсол хаҳанд кард. 
Алҳол дар корхонаҳои мазкур бино бар истеҳсоли ашёҳои гуногуни замонавӣ ва бозичаҳо панҷ лоиҳаи арзишаш 209 миллиард сӯм татбиқ мегардад. Баъди пурра ба кор дароварда шудани лоиҳаҳо беш аз 920 ҷойҳои нави корӣ созмон дода мешаванд.
Дар айни ҳол дар доираи лоиҳаҳо корҳои сохтмониву таъмирии бинову иншоотҳои зарурӣ амалӣ гардонда мешавад. Инчунин, дар асоси шартномаҳои воридотии баимзорасида як қисми таҷҳизот оварда шуда, онҳо васл карда мешаванд. Қисми боқимондаи таҷҳизот дар давоми моҳи июли соли 2018 расонда хоҳанд шуд.
Имрӯз корхонаи «Toys City» ба кор сар карда, дар ин ҷо истеҳсоли қариб 70 намуди маҳсулот ба роҳ монда шуд.   Ҷолиби диққат аст, ки аз сабаби аз корхонаҳои маҳаллӣ гирифта шудани қисми асосии ашёи хом, нархи маҳсулот нисбат ба маҳсулоти хориҷӣ хеле паст буда, сифаташ баланд мебошад.
Ҳар як падару модар мехоҳад, ки фарзандаш аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим ба воя расида, ҷаҳонбиниаш васеъ, дорои фазилатҳои баланди маънавӣ бошад. Дар ин бобат аҳамияти бозичаҳо калон аст, – гуфт Президентамон. Бозичаҳои дар корхонаҳои мазкур истеҳсолшуда аз ҷиҳати сифат бояд аз маҳсулоти хориҷӣ камӣ надошта бошанд.
Дар ин ҷо муаррифисозии лоиҳаи сохтмони бинои «Маркази хидматҳои давлатӣ»-и ноҳияи Олмазор ба амал омад.
Дар мамлакатамон бино бар аз ҷониби давлат дастгирӣ намудани табақаи аҳолии ба ҳимоя муҳтоҷ пайваста ислоҳот амалӣ гардонда мешавад. Хусусан ба мақсади беҳтар гардондани тарзи зисти оилаҳое, ки дар шароитҳои иҷтимоиву маишиашон вазнин зиндагӣ мекунад, ба онҳо дар бобати таъмин намудан бо хонаву ҷойи арзон, хидматрасонии тиббӣ, харид намудани техникаҳои маишӣ ва ҳайвонҳои хонагӣ ёрии беғараз расонда мешавад.
Инчунин дар ҳудуди Маркази маданияти кару гунгҳои Ҷамъияти карҳои Ӯзбекистон корҳои васеъмиқёс ба иҷро расиданд. Аввал ҳудуди иборат аз шаш гектар обод гардонда шуд. Бинои Маркази маданияти кару гунгҳо куллан аз таъмир бароварда шуда, толори консерти дорои 450 ҷой, хонаҳои маҳфилҳо, толорҳои варзишӣ замонавӣ ҷиҳозонида шуданд.
Дар шафати марказ толори варзишии пӯшидаи федератсияи варзиши Ҷамъияти карҳои Ӯзбекистон мавҷуд буда, ҳоло таъмири асосии он амалӣ гардонда шуд. Дар паҳлӯи он стадиони нав барпо гардид.
Президентамон бо шароитҳое, ки дар бинои Маркази маданият фароҳам оварда шудаанд, шинос шуд. Бо аъзоҳои ҷамъият доир ба эътибор ба табақаи аҳолии ба ҳимояи  иҷтимоӣ муҳтоҷ, ҳаллу фасли муаммоҳои онҳо суҳбат орост. Муҳим будани масъалаи тайёр кардани педагогҳоро бино бар омӯзондани бачаҳои кару гунг ва сурдотарҷумонҳо таъкид намуда, оид ба тайёр намудани қарор, ки беҳтар гардондани шароити таҳсил, тарбия, меҳнат, истироҳат ва табобати табақаи мазкури шаҳрвандон супориш дод.
Сарвари давлат ба чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба шоҳмот Сироҷиддин Зайниддинов, ҷоизадори чемпионати Осиё оид ба таэквондо Даврон Хидиров, режиссёри ҷавон Олга Ошипкова аз шаҳри Тошканд хона, инчунин барои маркази маданият ду автобус туҳфа гардид.
Медонед, ки давлат ба халқ хидмат мекунад. Ин тамоилро мақсади худ қарор додаем. Шумо ҳам узви муносиби ҷамъиятамон мебошед. Дар ин соҳа тамоми шароитҳоро фароҳам меорем. Ҳар як инсони Ӯзбекистон барои ман қадр дорад, гуфт Шавкат Мирзиёев. 
Дар асоси қарори роҳбари давлатамон аз 11 июни соли 2018 «Дар бораи чорабиниҳои ташкилӣ оид ба рағбатноксозии шуғли аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор» бобати дастгирии тоифаи алоҳидаи субъектҳои соҳибкорӣ, ба меҳнат ҷалб кардани шахсони ногиро имтиёзҳои нав дода шуд.
Мувофиқи қарори мазкур дар ҳудуди тобеи ҷамъияти карҳо иборат аз се блок минтақаи саноатӣ ташкил карда шуд. Имрӯз дар яке аз онҳо корхонаи дӯзандагии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Кӯкчатекстил» ба кор оғоз намуд.
Дар корхона 27 нафар аъзои ҷамъияти карҳо бо кор таъмин гардиданд. Ба онҳо 74 нафар коргарони соҳибмалакаи «Кӯкчатекстил» асрори дӯзандагиро меомӯзанд.
Президент бо занони дӯзанда суҳбат орост. Таъкид намуд, ки ин гуна корҳо идома меёбанд. Бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани шахсони ногиро таҳти эътибори доимӣ қарор мегирад.
Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти шуъбаи корҳои дохилии №2 ноҳияи Олмазор шинос гардид.
Шуъбаи корҳои дохилӣ фаъолияти худро дар бобати бартарафсозии ҷиноят ва поймолсозии ҳуқуқ дар ҳудуди маҳаллаҳои «Шифокорлар», «Ҷийдалӣ», «Хислат», «Берунӣ», «Мирзо Ғолиб», «Ҷиғатой Оқтепа» ба амал меорад.
Дар шуъба тамоми шароити зарурӣ барои  фаъолияти босамари инспекторони қисми навбатдорӣ ва ҳамчунин инспекторони тафтишот, пешгирии поймолсозии ҳуқуқ, ҷустуҷӯи ҷиноӣ, кор бо ноболиғон, ходимони расмисозии визаҳои вуруду хурӯҷ ва шаҳрвандӣ, инспектори маҳалла оид ба профилактика ба вуҷуд оварда шудааст.
Шуъбаи корҳои дохилӣ бо технологияи замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ таъмин мебошад. Дар қисми навбатдорӣ низоми шабонарӯзии назорати видео роҳандозӣ гаштааст, ки дар назорати вазъияти ҳудуд, мубориза бар зидди ҷиноят, таъмини бехатарӣ ва оромии шаҳрвандон аҳамияти муҳимро молик аст.
Камераҳои интеллектуалие, ки дар объектҳои ҷамъиятии ноҳия гузошта шудаанд, ба қисми навбатдорӣ фотороботи шахсонеро, ки дар ҷустуҷӯ ҳастанд ва рақами давлатии автомобилҳои дуздидаро ирсол менамоянд. Низоми назорати видеоӣ ба пойгоҳи маълумотҳои ВКД пайваст гаштааст, вай ба шуъба огоҳиро дар бораи шахси шубҳанок мефиристад. Пас аз он ба маҳалли қарори шахси шубҳанок ходимони мақомоти корҳои дохилӣ таъҷилан раҳсипор  мегарданд.
Дар ноҳия иморатҳои бисёрошёна, муассисаҳои олии таълимӣ, шифохона, масҷид, бозори деҳқонӣ ва дигар объектҳои иҷтимоӣ зиёданд. Шуъба вазъияти зери тасарруфи худро назорат намуда, дар ҳолати зарурӣ чораҳои таъҷилӣ андешида, оромиро таъмин менамояд.
Дар суҳбат бо шахсони ваколатдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Президент таъкид кард, ки таъмини осудагии аҳолӣ, огоҳии ҷиноят ва поймолсозии ҳуқуқ имрӯз яке аз вазифаҳои бартаринок ба шумор меравад. Доир ба ҳифзи муҳити маънавии суботнок дар ҷамъият, парҳез намудани ҷавонон аз таъсири шохаҳои мухталифи динӣ, мустаҳкамсозии осудагӣ ва оромии мардум, муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ супоришҳо дод.
– Эҳтиёҷи зиёд ба мутахассисоне, ки ҳамзамон сабабҳои ба роҳи нодуруст афтидани шаҳрвандон, аз он ҷумла ҷавонон, омӯзиш, ифшо ва таҳлили сабабҳои онҳо, омилҳои асосии ҷинояткориро бидонанд, эҳсос мегардад. Психологҳои касбӣ намерасанд. Имрӯз аёниятҳои методӣ, ки имкони пурра ифшо намудан ва аниқ намудани ҷиноятро ба вуҷуд меоранд, фавқулодда заруранд, – гуфт роҳбари давлат. – Барои бо низом роҳандозӣ намудани кор дар самти мазкур вақти ташкил намудани маркази тарбияи мутахассисони молики дониши амиқи динӣ, дар назди Прокуратураи генералӣ таъсис намудани маркази криминалистика фаро расид.
Шавкат Мирзиёев дар Маркази ҷавонони Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд бо лоиҳаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Олмазор шинос гардид. 
Тақдимоти лоиҳаи сохтмони маркази нави ноҳия – «Olmazor city» баргузор гардид. Дар мавзеъ, ки беш аз 24 гектар майдонро дар байни кӯчаҳои Янги Олмазор ва Роҳи ҳалқаи хурд фаро мегирад, сохтмони иморатҳои маъмурӣ, биноҳои бисёрҳуҷраи иқоматӣ, бизнес-маркази замонавӣ, меҳмонхонаҳо ва хиёбонҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Роҳбари давлат ин лоиҳаро дастгирӣ намуд.
Супориш доир ба кор бо ҷавонон, инкишофи саноат ва сайёҳӣ дода шуд. Ногузирии баргузор намудани барӯихатгирии биноҳои холии ноҳия, ҷалби сармоя ва технологияи хориҷӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор ишора гардид.
Дар Маркази ҷавонони шаҳри Тошканд зери раёсати Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ҷамъомад бо иштироки фаъолони шаҳри Тошканд, ҷавонон ва намояндагони ҷамъият баргузор гардид.
Он чиз зери танқид гирифта шуд, ки ноҳия аз рӯи бисёр нишондодҳо дар бобати инкишоф ақиб мемонад. Аз он ҷумла зикр гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия 2 баробар, ҳаҷми хидматрасонӣ 3 баробар нисбат ба нишондоди миёнаи Тошканд паст мебошад.
Ногузирии истифодаи босамари имконоти мавҷуда, барқарор намудани заводҳои ғайрифаъол, ташкили корхонаҳои нав, барои одамон ба вуҷуд овардани манбаи даромад аз ҳисоби инкишофи соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ таъкид гардид.
Доир ба мустаҳкамсозии муҳити хонавода, бо кор таъмин намудани аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва занон супоришҳо дода шуд. Инчунин ба раисони маҳаллаҳо дар бобати баргузор намудани тӯй ва анъана ва таомулҳои ихчами оилавӣ, бидуни хараҷу мараҷ тавсияҳо дода шуд. Дар ноҳия ташкил намудани 58 тӯйи намунавӣ – дар ҳар як маҳалла яктоӣ ва дар телевидение ва матбуот васеъ равшан намудани он супориш дода шуд.
Қариб 20 фоизи аҳолии ҷаҳонро ҷавонон ташкил менамоянд. Дар Ӯзбекистон ин нишондод аз 60 фоиз зиёд аст. Ҷавонон – давлати беназири мамлакатамон. Ба он дар дараҷаи сиёсати давлатӣ эътибори алоҳида нигаронда шуда, барояшон тамоми шароит ва имконот ба вуҷуд оварда мешавад. Ҷавобан ҷавонони мо дар истеҳсолот, илм, таълим, маданият, санъат, варзиш, технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ва дигар ҷанбаҳо ба натиҷаҳои баланд ноил мегарданд.
Дар ҷамъомад ҷавонон бо пешниҳодот ва ташаббусҳои худ баромад намуданд. Президенти мамлакат ба роҳбарони масъул доир ба омӯзиш ва дастгирии пешниҳодот супориши дахлдор дод. Ногузирии сохтмони хобгоҳҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ дар шаҳраки Донишҷӯён таъкид ёфт.
Сулҳ – арзиши олӣ. Вақте ки дар оила осудагӣ ҳукмрон аст, ҷамъият, мамлакат осуда аст. Аз ин рӯ ҳифзи осудагии мо, содиқона хидмат намудан ба халқро эҳтиёт бояд кард, дар ин ҳол ҳатман натиҷа ҳосил мегардад, гуфт роҳбари давлат.
Аҳамияти таъмини вазъияти суботноки иҷтимоиву маънавӣ дар маҳаллаҳо, баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои ташкиливу амалӣ дар ҷанбаи маърифати динӣ, баргузории корҳои маданиву маърифатӣ барои ҳифзи ҷавонон аз ғояҳои мухталифи бегона, аз он ҷумла ташкили чорабиниҳои ташвиқотӣ дар асоси ғояи «Маърифат бар зидди ҷоҳилӣ» зери шиори «Дар ноҳияи Олмазор роҳгумзадагон нахоҳанд буд» таъкид ёфт.

З. ҶОНИБЕКОВ,
М. ЭЛМУРОДОВ,
А. ҒАФФОРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: