ОДАМОН МИСЛИ КИТОБАНД...

Суханони ҳикматомези бузургон

Дар осоиштагӣ лаззати ҳақиқӣ нуҳуфтааст.

***

Оила булӯри ҷомеа мебошад.

Виктор Гюго.

 

Хатои бузурги насли имрӯз он аст, ки дилҳои хайрхоҳу меҳрбонро сарфи назар намуда, ба дунболи чеҳраҳои зебо мегардад.

Уилл Смит.

 

Танҳо мондан бо китоб беҳтар аз мулоқот бо аблаҳон аст.

Пиер Бауст.

 

Дар ҳар заифӣ қудрате ҳасту дар ҳар тавоноӣ заъфе.

***

Дороии бисёр мисли фақру парешонӣ зиндагиро талху ногувор месозад.

Муҳаммади Ҳиҷозӣ.

 

Дар бузургсолӣ аз омӯхтан шарм надоред: дер омӯхтан беҳтар аст аз наомӯхтан.

Эзоп.

 

Ҳамеша он чиро, ки ҳис ва фикр мекунед, анҷом диҳед. Сукут косаи чинии тақдирро мешиканад.

Бернард Шоу.

 

Кори худро дӯст дорӣ, пас он кор не, балки саёҳати шавқангезест ба сӯйи орзуҳо.

***

Агар ту мутанаффир ҳастӣ, пас ба ту пирӯз омадаанд.

Конфутсий.

 

Ҳатто ба гӯшаи хаёл наовар, ки ту ба ин ё он кор тоб оварда наметавонӣ.

Эрнест Ҳемингуэй.

 

Касе, ки ҳурмат мехоҳад, ба дигарон арҷ мегузорад.

Клан Сопрано.

 

Дар байни дуздон хатарноктаринашон девонаҳоянд: онҳо дар як вақт ҳам вақт ва ҳам кайфиятатонро медузданд.

Арасту.

Одамон мисли китобанд: ҳарфҳояшон як хел аст, вале мазмуну мундариҷаашон — гуногун.

Ги де Мопассан.

Халқе, ки танҳо бо гузаштагони бузургаш ифтихор дорад, гузаштагонаш зинда, вале худаш мурда аст.

Абурайҳони Берунӣ.

 

Иллатҳо дар навбати аввал раҳгузар, сипас меҳмон, дар ниҳояти кор хоҷаи мову шумоянд.

Тит Лукретсий Кор.

 

Аз хонаи касе, ки ба ивази некӣ бадӣ мекунад, бадӣ дур намешавад.

Ҳазрати Довуд.

 

Дӯстонро аз байни нафароне интихоб кунед, ки дар гуфтани ҳақиқат истеъдоди нодир доранд.

Владимир Зелдан.

 

Ду гурусна ҳаргиз сер нашаванд: гуруснаи илм ва гуруснаи мол.

Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.).

 

Тарҷума ва таҳияи А. Субҳон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: