ОДАМОНИ АЗИЗИ «АЗИЗОН»

Дербоз ҳамкору ҳамроҳам пофишорӣ мекард, ки «биё ба Бухоро равем».

Дербоз ҳамкору ҳамроҳам пофишорӣ мекард, ки «биё ба Бухоро равем». Ман ҳар дафъа сафарро ба ин шаҳри шариф мавқуф гузошта фурсати муносиб меҷустам. Аммо ин  дафъа қарори мо қатъӣ буд. 
– Тобистони соли 2013 дар фароғатгоҳи «Чимён» истироҳат мекардем. Дидам, ки ду-се нафар дар хараки саҳни истироҳатгоҳ нишаста,  бо забони тоҷикӣ байни ҳам гуфтугӯ доштанд. Оҳиста наздашон рафта пурсидам, ки шумо тоҷики куҷоед? – нақл мекунад ҳамроҳам Раҳимшоҳ Шарифзода. – Онҳо гуфтанд, ки аз Бухорои шарифанд. Се нафар бародаронанд...
Аз байн солҳо гузаштанд. Боре ҳангоми ба шаҳри Тошканд рафтан ин бародарон дар шаҳраки Гагарин (ноҳияи Мирзочӯли  вилояти Ҷиззах) таваққуф намуда  дӯсти худ – Раҳимшоҳро суроғ карданд.
Даме сари як пиёла чой сӯҳбат ороста  кӯфтагии роҳро бароварданд ва боз роҳашонро идома доданд...
Инак, қариб ҳашт сол аст, ки онҳо мунтазири ба Бухоро омадани Раҳимшоҳанд.
Моро дар наздикии шаҳри Бухоро Саидака бо додараш Салим пешвоз гирифт.
– Мо дар қишлоқи Работи маҳаллаи «Азизон» (тобеи ноҳияи Рометан) умр ба сар мебарем, – раҳораҳ мефаҳмонад Саидака Қурбонов. – Деҳаи мо аз шаҳри Бухоро дар 25 километр дурӣ, дар қисми офтобшинами он воқеъ гаштааст. Аз наздикии деҳа шоҳроҳи «Бухоро–Газлӣ» мегузарад.
Сокинони қишлоқи Работ ва умуман маҳаллаи «Азизон» қариб ҳама  тоҷиконанд. Мактаби ошёнадор аввалҳо ба ду забон: тоҷикию ӯзбекӣ фаъолият мекард. Аммо солҳои охир якбора синфҳои тоҷикӣ барҳам ёфтанд. Ҳарчанд аҳолии маҳаллӣ ба тоҷикӣ ҳарф мезананд. 
Саид Қурбонов умре аз паи ҳунари худ пайвандгарӣ нон хӯрд. 
— Фақат ду-се соли охир ба ин кор даст назадам, – мегӯяд ӯ. – Охир синнам ҳам аз шаст гузашт.
Додаронаш Ҳайит, Салим, Садир бо тиҷорат машғуланд. Дӯконҳои тиҷоратии фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ доранд. Дар қитъаи замини наздиҳавлӣ боғ барпо кардаанд. Аз ҷумла, дар 18 сотихи замин дарахтони анор, анҷир, ангур, зардолу, беҳӣ ва ғайра аллакай бор овардааст.
Онҳо моро ба зиёратгоҳҳои Бухорои Шариф бурданд. Зиёрати Ҳафт Пир таассуроти калон боқӣ гузошт. Мо дар сафари дурӯза бо ҳамин қабил одамони неки деҳаи Работи маҳаллаи «Азизон»-и ноҳияи Рометан ошно гардидем. Самимияту меҳмоннавозии онҳо намунаи ибрат аст.

Анорбой НАЗАРОВ.
Вилояти ҶИЗЗАХ.
Суратгир: 
Раҳимшоҳ ШАРИФЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: