«ОДАМШАВАНДА»

Раиси нав деҳотии шаҳрӣ буд.

Раиси нав деҳотии шаҳрӣ буд. Ӯро шаҳрии деҳотӣ гӯед ҳам мешавад. Охир, қариб сӣ сол дар яке аз коргоҳҳои бонуфузи шаҳр хидматгузор буд. Хидматгузор танҳо маънои ҳарбӣ ё худ ходиму фарроши ягон идораро надорад. Ӯ дар гузашта ходими матбуот буд. Хаткашон не, хатхон. Монед,  хидматгоре, ки қалами каҷу килеби навмашқонаи эҷодкорони наврасро рост мекунам гуфта, қалами худро шикастааст...
Ҳоло сухан на аз қаламшиканӣ, балки аламкашии ӯст. Кариб сӣ сол аст, ки аз маҳалла, мардуми зодгоҳаш дур буд, ҳамаи онҳоро ба хубӣ намешинохт. 
«Бо зар натавонад, бо зӯр натавонад, бо қаламаш ба деҳшӯрои «Боғистон»-и мо ободӣ мебахшад» гуфта, худашон номзадии ӯро ба раисии маҳалла пешниҳод карданд, боз худашон аз даруни се довталаби дигар ӯро раис интихоб карданд.
Акнун ӯ бо қомати пастаку рангаки зардакаш раиси маҳалла!
Ӯ, ки атрофиёнро хуб намешинохт, корро аз шиносоӣ сар кард. Бо дафтари хоҷагидории маҳалла қишлоқро давр зада, якояк «Боғистон»-иёнро шинохт. Шабҳо ҳиҷҷа карда, ба ҷойи ягон шеър азёд кардан, номи ҳамдеҳагонро ба ёд меовард. Охир, акнун ӯ солҳо бояд бо ин мардум кор кунад. 
«Ё, бисмиллоҳ!» гӯён дари идораи раиси маҳалларо кушоду вориди он шуда буд, ки бонуи миёнсоле гӯё, ки ӯро таъқиб мекарда бошад, шитобон даромад:
– Ассалом, муллоака, ман роҳи шумоя поида истодаам. Ҳарчӣ омадед... – ҷавонзан боз чӣ гуфтанӣ буд, ки раис ба мақсад гузаштанӣ шуд:
– Янгамулло, узр, ҳар як тори майнаамро майда-майда карда, аз микроскопи асабам гузаронида ҳам, шуморо нашинохсем. Узр.
– Медонам, укамулло, – аз янгамулло гуфтани раис шердил шуда, аз «муллоака» ба «укамулло»-гӯӣ гузашт ҷавонзан. – Медонам, ки коратон ҷудо мӯл, аҳолетон ҳам кам набудааст. То аниқ карда баромадам, ки пошнаи кафшам кафиду ду поям латта гашт.
Раис гумон кард, ки ин занак аз ягон идора, масалан статистика, суғурта ё ташкилоти дигари давлатист. Аз ин рӯ, нармтар шуд:
– Охир, ин қадар ҷойҳоро давр задана, якбора, аввал ба идораи маҳалла биёед намешуд, рӯйхати аҳолӣ дар худи идора ҳаст-ку.
– «Шунидан кай бувад монанди дидан» фармудаанд машоих. Худам рафта, дару дарвоза, ҳавливу ҷой, мошинрониву либоспӯшиашонро дида, рӯйхат кардам-дия.
– Киҳоро, барои чӣ рӯйхат кардед? – пурсид раиси ҳайратзада. 
– Одамшавандаҳоро рӯйхат кардам, бачем, – бидиррос зад ҷавонзан.
Зане, ки муллоака гуфта даромад, баъди чанде укамулло хонд, акнун бачем гӯён муроҷиат мекард. Аз ин ҳолат дили раис сахт ранҷид, вале «Меҳмон – атои Худо!» гӯён, хомӯширо афзал донист. Боз «одамшаванда»-ву «ноодам»-ҳояш чӣ мақом дошта бошанд, ӯ дар ҳайрат буд, ки занак коғазеро ба сӯяш дароз кард:
– Фармон – Корея
Зафар – Россия
Исрофил – Исроил
Ҳасан – Туркия...
Раиси нав гумон кард, ки меҳмон аз милисахона ё шӯъбаи даромаду баромади аҳолӣ аст. Аз ин рӯ, пурсид:
– Мебахшед, хоҳарам, магар ин сокинони  маҳалла вақти аз сарҳад гузаштан ягон гуноҳе содир кардаанд?
– Намедонам, бачем, намедонам. Ҳаминаш аниқ, ки дару девори худро обод кардаанд. Фақат пурсиданиям, ки инҳо оё одамҳои нағзанд, тӯйҳои пурдабдаба, орзую ҳаваснок мекунанд?
– Мебахшед, шумо аз кадом идора? – ниҳоят ба ҷойи ҷавоб савол дод раис.
– Э, мана нашинохтед, о, ман хостгор ҳастам. Мехоҳам бо ягон каси одамшаванда қудо шавам, – зеби гардану дастпонаҳои тиллоии худро намоишкорона ҷунбонда ҷавоб дод зан ва афзуд. – Худам ба қарибӣ аз Аморати Араб баргаштам. Духтарам ҳоло дар Дубай. Ба умеди мардҳо, ки нашуд, мо худамонро ба бозори зиндагӣ андохтем. Пештар «сад задани сӯзангар, як задани оҳангар» мегуфтанд. Акнун сад задани сӯзангар пешӣ кард, – ҳирингосзанон дандонҳои тиллоияшро намоён кард зан. – Мо худамоба тинҷ, барои ҳамин одамшавандаҳоро мекобем. Агар бовар накунед, рафта, аз чойхонаи маҳаллаи «Болои пул» пурсед, кӣ будани моро мегӯянд. Дадеки бачаҳо аз саҳар то бегоҳ ҳамроҳи чойхоначӣ мешинанд. Якто «Кобалт»-ча гирифта додам. Набераҳоро ба боғча мебаранду бегоҳӣ меоранд, корашон ҳамин. Ҳа, он кас пеши гузар!
– Фаҳмидам, бисёр хуб фаҳмидам, — тасдиқомез сар ҷунбонд раис. – Фақат  гӯед, ки шумо духтари ин «одамшавандаҳо»-ро келин карда чӣ мекунед?
– Чӣ мекардам, бачем, шумо, ки ҷавон ҳастед, ба фаҳми гап намеравед, «пул пула меораду бепул дарди сар меорад» – гуфтагӣ барин, мо ҳам бо бойбачаҳо қудо шуда тӯйи дакаданг карда обрӯ мегирем. Якто бачадор, ки шуд, бачаашро ба доя медиҳему худашро ба Аморати Араб мефиристем...
Раиси нав, ки худ мулоимсухану дурандеш буд, дигар тоқат карда натавонист:
– Чунин духтарро, агар духтар бошад, аз даллахона ё фоҳишахона меёбед, «Боғистон» ҷойи шумо нест, – шӯрид раис.
Зан роҳравон ғурунгид:
– Аз сару либосу идорадориат «одамшаванда» набуданат маълум буд...

Озод ҲАМИДЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: