ОДАМУ ЛИБОС

То ба чӣ дараҷа дорои маънавият ва маърифат будани одамро агар аз як тараф аз суханонаш бидонем, аз тарафи дигар аз тарзи либоспӯшӣ ва рафтораш мефаҳмем.

Инро мо дар тарзи либоспӯшии адибон, олимон, ходимони маданият мушоҳида мекунем.
Имрӯз дуконҳои савдо аз либосҳои гуногун пур буда, рӯз ба рӯз мӯдҳои  нав ба нав пайдо мешаванд. Ин низ шаҳодати оромӣ ва  тараққиёти ҷомеаи мо мебошад. Ба ин шукрона бояд гуфт.
Аммо тарзи либоспӯшии як қисм шаҳрвандонамонро дида, кас шарм медорад ва  афсӯс мекунад. Баъзе падарону модарон ба фарзандонашон либосҳои тангу тор харид мекунанд, аз ҷумла, ба духтарон ҳам. 
Либосҳои тангу ба бадан часпида шаҳватангез буда, шарму ҳаёро аз одам дур месозанд.  
Маданияти  либоспӯширо дар оила ба роҳ мондан вазифаи ҳар як падару модар мебошад. Боз як ҳолати ногувор ин дар тӯйҳо ба арӯсон пӯшонидани  либосҳои нимбараҳна мебошад, ки  ба ибою иффати арӯсӣ рост намеояд. 
Дар кӯчаҳо кас ба ҷавононе дучор мешавад, ки шимҳои кӯтоҳ, ҳатто шорт пӯшида мегарданд. Онҳо оё падару модар, апаю хоҳар надоранд? Охир, ин тарзи либоспӯшӣ дар назди волидайн ва апаю хоҳарон нанговар аст! 
Бинобар ин маро  лозим меояд, ба наврасону навҷавонон, ба насли оянда маданият ва тарзи либоспӯширо ёд диҳем. Дар ин масъала, ки ба урфу одат ва анъанаҳои миллии мо дахл дорад, беэътиноиву саҳлангорӣ накунем.

Назирҷон ЭРГАШЕВ, 
вилояти НАМАНГОН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: