ОДАТ ВА УРФИ МАРДУМОНИ ҶАҲОН

Чунин ба назар мерасад, ки баъзе аз ишораву таомул ва одатҳои мардумон ва фарҳангҳои мухталиф дар фаҳмиш хилофи ҳамдигаранд.

 Барои мисол чандтои онро меорем, ки дар роҳнамоиҳои ҳинд барои меҳмонони мамлакат тавсия гаштааст.

Дар Ҳиндустон маъмулан бо ҳамдигар одамон бо истифодаи калимаи «намасте» салому алейк мекунанд, ки он маънои «Дар наздат таъзим мекунам!»-ро дорад. Дар ин ҳангом каф ба каф гузошта шуда, онҳо дар баробари сари қафаси сина бояд ба ҷисми кас часпида бошанд. Ҳамзамон сари одам каме хамида бояд бошад. Вобаста ба мақоми иҷтимоии шахси муроҷиашаванда, дастҳо баъзан баландтар бардошта мешаванд.
***
Дасти чап дар ин мамлакат танҳо бо мақсадҳои гигиенӣ истифода мегардад, аз ин рӯ вай «нопок» ҳисобида мешавад. Аз ин боис, ба касе бо дасти чап расидан, ё худ таом дароз кардан мумкин нест. Зимни тановул низ фақат аз дасти рост бояд истифода гардад.
***
Ба маънои гӯё рад кардан агар дар кишвари Ҳинд сар ҷунбонанд, онро ҳаргиз ба ҷойи ҷавоби «не» набояд қабул кард. Қоидаи риояи илтифот ба ҳиндуён рӯирост ба саволи баёншуда ҷавоби «рад» доданро манъ мекунад. Аз ин рӯ, ба онҳо саволе набояд дода шавад, ки барои ҷавоби рад додан водор созад.
***
Бо чунин ишораи даст, ки маъмулан дар бисёр ҷойҳо истифода мегардад, ба назди худ даъват кардани шахс дар Ҳиндустон таҳқир ба шумор меравад. Барои ин мақсад дар ин диёр дастро ба пеш рост карда, кафро ба поён мехобонанд.
***
Агар дар замин нишаста бошед, бояд пойҳои худро назорат кунед, то ки онҳо аз андоза берун дароз нашаванд ва ё ба ҷониби касе равона нашуда бошанд. Дар чунин асно диккак нишастан беҳтар аст.

Таҳияи Т.МИРҲАЁЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: