«ОДДИЯКАК «МУАЛЛИМ» ГӮЕД»

Иттифоқ афтод, ки ин бор бо устоди давраи мактабхониам Мирзоамин Умаров суҳбати дуру дароз дошта бошам.

Вай одами хеле хоксору фурӯтан аст, вале донишу заковати қавӣ дорад. Солҳои таҳсил дар мактаби миёна ба мо аз фанни риёзиёт сабақ медод. Бо вуҷуди он ки дар дарсҳои дигар фаъол будам, ба масъалаву мисолҳои зиёди фанни риёзиёт чандон сарфаҳм намерафтам. Чунин ҳол шояд барои хонандаи ин сатрҳо низ ошно бошад.
– Медонам, ки ту бештар ба фанҳои гуманитарӣ шавқу ҳавас дорӣ. Падару модарат устодони ҳамаи мо ҳастанд. Шояд дар оянда ту пайрави онҳо шавӣ, аммо дар тайёр кардани дарсҳои фанни риёзиёт низ ҷаҳду ҷадал кун, ки ба фоидаи туст, дар акси ҳол ба модарат – муаллима Аҳророва шикоят хоҳам кард,– гуфт ба ман боре Мирзоамин Умаров.
Баъд ба катибаи болои тахтаи синфамон ишора намуд, ки он ҷо чунин навиштаҷот овезон буд: «Риёзиёт шоҳи фанҳо аст». 
Мирзоамин Умаров баъди хатми факултаи риёзиёти Донишкадаи омӯзгории Фарғона ба деҳа баргашту якҷо бо падару модарам дар мактаб машғули фаъолияти омӯзгорӣ шуд. Модарам наздики бист сол вазифаи директории мактабро бар дӯш дошт. Падарам аз забону адабиёт дарс медоданд. Онҳо фориғуттаҳсилони риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории  Хуҷанд буданд.  
Бо дарназардошти он ки аз падару модар танбеҳ нагирам, оҳиста ба омӯхтани фанни риёзиёт камар бастам, аммо тайи чанд муддат мушкилӣ мекашидам ва аз худ суол мекардам, ки ҳамон «икс»-ҳо ва «игрик»-ҳо дар ҳаёт барои чӣ  лозим мешуда бошанд. Танҳо баъди хатми донишгоҳ ва иҷрои вазифа дар Дастгоҳи сохтмони Ҳилманди Афғонистон дарк намудам, ки чаро устодамон Мирзоамин Умаров тахтаи синфро аз  «икс»-ҳо ва «игрик»-ҳо пур  мекардааст.
Ҳоло  вай дар нафақа аст ва бо завҷааш  –  апаи Баҳринисо дар иҳотаи фарзандону набера ва аберагон даври пирӣ меронад. Тавре ки апаи Баҳринисо мегӯяд, шавҳараш соатҳо нишаста китоб мехонад.
– Баъзан ҳайратам меафзояд, ки  наход одам ҳамин қадар китобро дӯст дорад.  Вақте ки даҳон кафонда мегӯям, ки хезанду назди ҷӯраҳояшон раванд, ё ки ба маркази ноҳия рафта давр зада оянд, ҳамаи ҳарфҳоям бефоида аст. Ба он кас гӯӣ чиву ба девор гӯӣ чӣ. Даҳонам дард мекунаду халос,– гуфт шикваомез апаи Баҳринисо.
– Ин янгаат намедонад, ки вайро танҳо монда худам ба чойхонаи деҳ баромада оши палав намехӯрам. Бе вай он ош аз гулӯям ҳам намегузарад. Сайру саёҳати маркази ноҳия низ дар танҳоӣ дилгиркунанда аст. Беҳтараш назди ӯ китоб варақ  зада мешинам ё ба ягон кори дигар худро андармон месозам,– сӯи ман чашмак зада мегӯяд устод. 
Ба гуфтаи Мирзоамин Умаров  зиндаҳо ба баҳори хуррам расиданд ва ӯву завҷааш низ шукр мегузоранд, ки дидани боз як Баҳору Наврӯзи дигар барояшон насиб гардид. Ҳамсуҳбатам илова кард, ки баъзан бо каланд бехи ниҳолҳоро нарм мекунад, хуни рагу паяшро медавонад, ки барои саломатӣ фоидаи калон дорад. 
– Дар ҳамин солу замон  одамони сергап зиёд шудаанд. Дар гапашон на маъно ҳасту на мантиқ. Аксарият даст аз китобу рӯзномахонӣ кашидаанд. Аксари вақт аз кӯча сарам гиҷ шуда бармегардам, барои ҳамин дар хона нишастанро афзал мешуморам,– мегӯяд Мирзоамин Умаров.
Аз гуфтугузори самимии чанд дақиқа муқаддами зану шавҳар дарк кардан мушкил набуд, ки онҳо бо ҳам хеле унс гирифтаанд ва бе ҳамдигар ин оламу одамони атрофро тасаввур карда наметавонанд. Гуфтаҳои як замон баёнкардаи бобои Мирзоюсуфам  ба хотирам расид, ки кампирашонро аз даст дода буданд. Ба гуфтаи бобоям вақте ки одам пир шавад, медонад, ки замони реҳлат оҳиста наздик мерасад,  барои ҳамин мехоҳад ҳарчи бештар назди ҳамсари худ бошад. Агар зан пеш аз марди мӯйсафед фавтад, вой бар ҳоли ҳамон мӯйсафеде, ки безан танҳо мондааст. Бобои Мирзоюсуф  боз  мегуфтанд, ки кас ба синни пиронсолӣ расад, ба дилаш талотӯбу хархашаҳои беҳуда ва доду мағали наберагон низ чандон намефорад.
Зоҳиран устод Мирзоамин Умаров зимни суҳбат шояд ҳамин матлабро мадди назар дошт, ки ба завҷааш ҳарфи тунд нагуфт, баръакс бо суханони нарму гарм дили вайро шоду масрур гардонид. 
Баъд ҷилави суҳбатро ба мактаб ва кори таълиму тарбия кашидам.
– Солҳое, ки дар мактаб кор мекардем, чандон шароити созгор надоштем. Аммо талаб хеле пурзӯр буд. Тасаввур кунед, ки ягон дарсро бидуни конспекту воситаҳои аёнӣ намегузарондем ё  бесабаб аз дарс ба ҷое баромада намерафтем. Боз комиссияҳо зуд-зуд «меҳмон» мешуданду ана баъд соатҳои дароз шӯрои педагогӣ барпо карда, масъалаҳоро бардавом муҳокима мекарданд,– изҳор  намуд Мирзоамин Умаров.
Ба таъкиди ӯ обрӯву манзалати омӯзгор низ хеле баланд буд. Синфхонаҳо хурд бошанд ҳам, дар он то чиҳил ва баъзан бештар  талабаҳо дарс мехонданд. Дар басти дувум шом, ки фаромад, ҳама ҷо торик мешуд. Муаллимон маҷбур мешуданд, ки кӯдаконро вақти зиёд дар синфхона нигоҳ надоранд ва дар зарурат онҳоро то хонаҳояшон бурда мемонданд. 
Мирзоамин Умаров  мегӯяд, ки дар якуним-ду соли охир Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба муассисаҳои омӯзишу парвариш ва ходимони он таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд.
– Аз як муаллиме, ки ба нафақа баромадаасту дубора дар мактаб касбашро идома медиҳад, пурсидам, ки чӣ қадар маош мегирад. Дар ҷавоб гуфт, ки пули нафақаву маошаш дар маҷмӯъ беш аз чаҳор миллион сӯмро ташкил мекунад. Охир, ин маблағи хеле калон аст, ки барои омӯзгорон мепардозанд. Онҳо бояд фарзандони мардумро бо садоқати том таълиму тарбия диҳанд,– мегӯяд бо хитоб Мирзоамин Умаров ва меафзояд: – Замона дигар шудааст, зиндагии мардум хуб ва ҳама ҷо осоишу фаровонист. Ба қадри ин неъматҳо ва шароите бояд расид, ки ҳукумат барои шаҳрвандон, хосатан барои фаъолияти кормандони муассисаҳои омӯзишу парвариш фароҳам овардааст.
Дарвоқеъ, Умаров дар деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх як идда шогирдонро тарбия кардаву ба камол расонидааст, ки бархе аз онҳо аллакай мисли ӯ нафақахӯр шудаанд. Одилҷон Тешабоев, Қодирбек Амирбеков, Ғафурҷон Сангинов, Хумориддин Мамашарифов аз зумраи шогирдони устод Умаров ба шумор мераванд.
– Ман ҳамеша заҳматҳои устод Умаровро қадр мекунам. Маҳз ба туфайли ҳидояти он кас риштаи риёзиётро интихоб кардам ва ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб супоридам. Баъди хатми он ба мактаби деҳ баргаштам ва бо маслиҳати ӯ ва устодони дигар такмили касб кардам. То синни нафақа ба фарзандони мардум аз фанни риёзиёт сабақ додам,– мегӯяд бо ифтихор Хумориддин Мамашарифов.
– Мо баргузории як ҷашнвораро барномарезӣ кардаем.  Дар он бархе аз устодонро даъват хоҳем кард, ки дар омӯзишу парвариш ва ба камол расидани мо саҳми хеле калон гузоштаанд. Яке аз ин устодон Мирзоамин Умаров мебошад, ки меҳмони мо хоҳад шуд,– мегӯяд Аълочии таълими халқи ҷумҳурӣ Қодирбек Амирбеков.
Ногуфта намонад, ки Мирзоамин Умаров аз шунидани калимаи «муаллим» хушаш меояд. 
– Шояд ин калима дар умқи дилам маъво гирифтааст ва ба гӯшам гуворо садо медиҳад. Барои ҳамин мехоҳам, ки шогирдонам маро оддиякак «муаллим» гӯён муроҷиат кунанд,– хоксорона  иброз дошт муаллим, ки ба синни мубораки 75 расидааст.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: