ОДОБ ЗЕБИ ИНСОН АСТ

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд: «Адаб аз кӣ омӯхтӣ?» Гуфт: «Аз беадабон: ҳар чи аз эшон дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам».

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд: «Адаб аз кӣ омӯхтӣ?» Гуфт: «Аз беадабон: ҳар чи аз эшон дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам».
Дарҳақиқат, дар ҷамъият ба беодобӣ роҳ додан хулқи бади инсон ба ҳисоб меравад. Шахсе, ки сухани худро боло дониста ҳеч касро намеписандад, дар ҳаёт ба мушкилиҳо дучор мегардад. Одаме, ки ба сухани ҳамсуҳбаташ гӯш мекунад, ба худ як олам ғизои маънавӣ мегирад. Одоб ҳусни инсон аст, фармудаанд бузургони мо. Одобу ахлоқ на фақат дар рафтору кирдор, балки дар батартиб пӯшидани сару либос, таомхӯрӣ, суханронӣ, муносибат ба хурдсолону калонсолон намоён мегардад. Инсон бо одобу ахлоқаш зебост. Шахси бад ва ё хубро аз рӯйи одобу ахлоқаш шинохтан мумкин аст. Падару бобоёнамон аз замонҳои хеле қадим одамонро ба боодобу  хушахлоқ шудан даъват кардаанд. Ҳамеша шахсро ба роҳи рост ҳидоят намудаанд. Шахси беодоб ояндаи хуб надорад. Вай дар  ҳар як кори худ, роҳи худ ба душвориҳо, пасту баландиҳо дучор меояд. Гарчи дониши баланд дошта бошаду бадахлоқ бошад, ӯ дар  ҷомеа ҷойи худро намеёбад. Барои ҳамин ҳам бузургонамон гуфтаанд: «Аввал тарбия, баъд таълим».
Дар китоби қадимаи «Авесто» доир ба одобу ахлоқ бисёр суханҳои ҳикматнок навишта шудааст. Ҷиҳати тарбиявии ин китоб «гуфтори нек, рафтори  нек, кирдори нек» мебошад. Агар шахс аз синни хурдсолӣ ба тарбияи худ эътибор диҳад, то давраи калонсолӣ дар  худ боқӣ мемонад. Ин маънӣ дар ҳадисҳо ҳам хуб тарғиб карда мешавад. Дар оилае, ки одобу ахлоқ мавқеи асосӣ дорад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз  меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв  мекунад. Ба ин маънӣ Абулҳасани Фаррухӣ гуфтааст:
Зи нури рӯз гурезад ҳамеша зулмати шаб, 
Чу фахр пайдо гардад, нуҳуфта гардад ор. 
Барои ин, сараввал бояд худи мо боадаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебои адаб ҳидоят намоем. Ҳикмати хирадманди бузурги мо Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:
Боядат аввал адаб андӯхтан,
Пас дигар касро адаб омӯхтан.
Имрӯз ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон рӯз то рӯз афзуда истодааст, ки ин ба ҷомеа хатари ҷиддиро ба миён мегузорад. Ин аввало дар натиҷаи бепарвоии падару модарон сар мезанад. Ҳар як сухани волидон, калонсолон барои мо – ҷавонон панд аст. Илова бар ин, дар ҷевони китоби ҳар яки мо бояд китобҳо доир ба панду андарзи бузургон ҷой дошта бошад.
              
Сабина ДАВРОНОВА,
донишҷӯйи курси дувуми бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи 
омӯзгории Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: