ОДОБИ СУХАН ВА МУОШИРАТ

Вақте ки донишомӯзи хурдсол нахустин қадами худро ба остонаи мактаб мениҳад, дар пеши назари ӯ дунёи нав, олами ҷаззобе бо рангу намои тоза ҷилва мекунад.

Дар ин ҳангом ҳар як падидаи маскани тозадидааш – аз донишомӯзони хурду калони ороста сар карда то омӯзгорони «босалобат», аз лавозими рангбаранги хониш гирифта то дарсхонаҳои пероставу мактаби «боҳайбат» дар ҳушу зеҳнаш таъсиргузор аст. Бо ин ҳол, дар шуури ҳанӯз тангу номаръии ӯ саъю талоше барои дарёфтани сабақҳои нав ба ҷӯш меояд, ҳисси омӯхтани шуниданию хонданиҳои тоза нумӯ мекунад ва донишомӯзи хурдсол бехабар аз хосту иродаи худ ба кӯчаҳои манзили саводбарорӣ ва илму донишандӯзӣ дохил мешавад.
Дар рӯ ба рӯйи донишомӯзи тозаворид омӯзгор қарор мегирад. Агар ин омӯзгор муаллими асил аст, аз рӯзҳои нахустин сафҳаи поку беолоиши зеҳни кӯдакро эҳсос мекунад ва беихтиёр, ҳатто бо ҳаяҷони ғайримуқаррарӣ аз худ мепурсад: «Оё метавонам меҳру алоқаи ӯро барангезам?», «Оё роҳ ёфтан ба қалби нозпарвару ноороми ӯ аз дасти ман меояд?». Бо ин эҳсос омӯзгори кордида ба тадриси шогирдон мепардозад. Саъй мекунад бо лаҳну овози хуш ва садои дилкаш ба шунавандаи хеш бархӯрд кунад ва дониста, бо андеша сухан гӯяд. Омӯзгори омӯзгорон Шайх Саъдӣ фармудааст:
Сухандони парварда пири куҳан
Бияндешад, он гаҳ бигӯяд сухан.
Санъати суҳбатороӣ доштан ва бо ин роҳ ҷалб намудани таваҷҷӯҳи донишомӯз аз ҷумлаи ҳунарҳои волои омӯзгор аст. Ӯ набояд шогирди худро кам гирад, балки ба ин ҳамсуҳбатони хурди худ эҳтиром гузорад, ки айнан ҳамин гуна бархӯрд баёнгари одоби ҳасанаи муошират аст. Дар ин маврид бузургон фармудаанд: «Агар ҳақиқатро ёфтан хоҳӣ, тарафи дигарро низ шунидан омӯз! Ва агар ҳақ будани худро исбот кардан хоҳӣ, исбот намо, вале ақидаи худро ба касе бо зӯрӣ талқин накун».
Аз сӯйи дигар, санъати суҳбатороӣ бо тавони сабру таҳаммул намудор мешавад. Ҳар гоҳ овози аз ҳад зиёд баланд, имову ишораи бисёр, тундмиҷозӣ, қаҳру гилаварзӣ, гуфтани суханҳои дағалу пуч ҳусни омӯзгории муаллимро мекоҳад. Омӯзгори асил бояд ҳар лаҳза ин нуктаро дар мадди назар бигирад, вагарна эътидоли худро аз даст дода, ба шогирд на тарбия, на дониш дода метавонад. Бо шогирд будан ба навъе ҳамнишинӣ бо ӯст ва омӯзгор бояд ин фазоро бо риояти одоби муошират ва барои даст додан ба ҳадафҳои ниҳоӣ эҷод намояд. Дар ин маврид набояд фаромӯш кард, ки:
Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ 
(Саъдӣ).
Омӯзгор бисёр сухан мегӯяд. Аз ин ҷойи гурез нест, зеро тақозои пешаи ӯ ҳамин аст. Вале суханро дониста гуфтан, мағзи суханро ёфта гуфтан ва парҳез кардан аз такрор баёнгари ҳунари омӯзгории муаллим аст. Омӯзгор набояд ба гумоне равад, ки барои бача ҳар чӣ гӯяд, писандида аст. Не, ӯ набояд фаромӯш кунад, ки донишомӯз бо вуҷуди синну соли хурди худ хеле зирак, кунҷков ва нуктабин аст. Мегӯянд, такрор модари дониш аст, аммо такрори аз ҳад зиёди матлаб дилбазан мешавад, хонандаро аз таваҷҷӯҳ ба дарс бозмедорад, хаёли ӯро ба шуғли дигар водор месозад. Ин нуктаро Шайх Саъдӣ хеле мӯъҷаз ва хирадмандона ёдрас намудааст:
Сухан гарчӣ дилбанду ширин бувад,
Сазовори тасдиқу таҳсин бувад.
Чу як бор гуфтӣ, магӯ бозпас,
Ки ҳалво чу як бор хӯрданд, бас.
Дар замони имрӯз ҳам, тавре ки ҳамеша будааст, омӯзгор, пеш аз ҳама, дар се сифат намудор мешавад, ба унвони коршинос (мутахассиси соҳаи худ), корманд (мабнӣ бар нерӯи кории худ) ва инсон. Бо таваҷҷӯҳ ба сатҳи донишу фаҳмиш, санъати сухан, одоби муошират ва бархурди омӯзгор бо атрофиён ин сифатҳо дар пояҳои мутафовит падид меоянд ва аз маҳорати касбию равоншиносии омӯзгор, ҳарчи самарабахш баҳра бурдани ӯ аз вақти корӣ ва ҳусни ахлоқу одоби ӯ дар ҷомеа дарак медиҳанд.
Омӯзгор ҳамзамон бо тавъам намудани се сифати худ, пеш аз ҳама, дар назди шогирдон чун инсони то ҳадде комил таҷассум меёбад. Ба хусус, вақте ки донишомӯз дар симои ӯ гузашта аз омӯзгорӣ инсони рӯҳбахш, пуштибон ва ғамхореро мебинад ва гоҳ-гоҳе низ суханҳоеро аз қабили «офарин», «боракаллоҳ», «қанд зан», «сипос»-ро мешунавад, эътибору эҳтиромаш бамаротиб меафзояд ва аз муаллими худ дар ҳама ҷо таъриф мекунад. Хушбахтии омӯзгор низ дар он аст, ки бо донишу маҳорати ҳирфаӣ, суҳбатороӣ ва одоби ҳамида ба дили донишомӯзу волидайни донишомӯз роҳ ёбад ва дар ҷомеа обрӯ пайдо кунад.

Холбика НУРНАЗАРОВА,
омӯзгори мактаби рақами 43,
ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: