Офарандаи симои зани Шарқ

Дар Галереяи санъати тасвирии пойтахт дари намоишгоҳи осори мусаввири шинохта Шаҳноз Абдуллоева боз гардид.

Дар Галереяи санъати тасвирии пойтахт дари намоишгоҳи осори мусаввири шинохта Шаҳноз Абдуллоева боз гардид.

Дар эҷодиёти ӯ мавзӯи зани Шарқ ҷойгоҳи худро дорад. Беш аз 70 намунаи эҷоди наққош, ки бо усули рангтасвир офарида шудаанд, дар 5 толори галерея ба маъраз гузошта шудаанд. Наққош ба образи зан, хоҳ дар асотиру афсонаҳо бошад, хоҳ дар ҳаёти имрӯз, рӯйи эътибор мегардонад. Хоссатан, колорити нозуку нафиси ба худ хоси Шарқ дар наққошиҳои ӯ ҷойгоҳи алоҳида дорад. Деворнигораҳои дар дунё машҳури Варахшаю Панҷакенти бостонӣ манбаи илҳоми ӯянд.
Ӯ дар анъанаҳои нафису нозуки Шарқ, минётураҳои Осиёи Марказӣ, символизми рус, қиёфаҳои зебои аҳди Эҳё ва маданияти миллӣ ҳамоҳангиеро пайдо карда тавонистааст. Айнан ҳамин ҳамоҳангӣ дар офаридаҳои наққош ба таври ба худ хос инъикос ёфтааст. 
Намунаҳои эҷоди ӯ: «Роҳи бузурги абрешим», «Тӯй», «Арӯс», «Суҳбат дар ангурзор», «Маҳлиё», «Маҳтоб», «Мадонна», «Оҳанги шомгоҳ», «Накҳати садбарг», «Рақс», «Пазмонӣ», «Наврӯзмоҳ», «Бибихонум дар боғи Темур» алоқамандони санъати тасвириро ба андеша водор месозанд.
Барандаи медали «Шуҳрат», хатмкардаи Институти театр ва санъати наққошии Тошканд Шаҳноз Абдуллоева дар шаҳри Тошканд дида ба дунё кушодааст.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: