ОФАРИН, БА УМРУ РИЗҚАТОН БАРАКА!

Абдураҳим ҳанӯз аз даври мактабхониаш ба ронандагӣ меҳру ҳаваси баланд дошт.

Абдураҳим ҳанӯз аз даври мактабхониаш ба ронандагӣ меҳру ҳаваси баланд дошт. Аъзамхон Ҳамроев ва Инъомбой Шарифов – ронандагони хоҷагии пахтакорӣ барои ӯ намунаи ибрат буданд. Орзу мекард, ки дар оянда ҳамчун соҳибкасб аз сафи онҳо ҷой гирад. Ӯ ба курси ронандагии Ҷамъияти ихтиёрии мададгори армия, авиатсия ва флот (ДОСААФ)-и ноҳияи Чуст ҳуҷҷат супурд.
Соҳиби касбу ҳуқуқи ронандагӣ шуд.
Аввали солҳои 60-ум дар шифохонаи деҳаи Варзик сардухтур Раҳматалӣ Муҳаммадалиев Абдураҳимро ба кор гирифт. «Москвич 407», ки ба вай супурданд, мошини «Ёрии таъҷилӣ»-и ноқулай буд: такяи курсии пешро паст карда, ба рӯйи он беморро хобонда, ба шифохонаи деҳа ё ноҳия мебурданд. Абдураҳим бо ин мошину 38 сӯм моҳона ба беморони деҳаҳои Варзик, Варзигон ва Қароқӯрғон, ки беш аз ёздаҳуним ҳазор аҳолӣ доштанд, хидмат кард. Барои он ки духтурзану ҳамшираҳо дар хабардиҳӣ заҳмат накашанд ва худаш рӯзу шаб зуд огоҳӣ ёбад, байни шуъбаи «Ёрии таъҷилӣ»-и шифохона ва ҳавлиаш, ки бо он дар ҳамсоягӣ буд, воситаи сигналдиҳӣ устувор намуд. Бо бонг задани ин василаи аҳамияти дутарафадошта Абдураҳим дар муддати кӯтоҳ аз хонааш баромада, дар ҷойи кораш ҳозир мешуд.
***
Ибтидои солҳои 70-уми асри ХХ ба ихтиёри шифохонаи Варзик мошини тиббии «УАЗ»-и нисбатан ҳамабоб (дар он то 5 нафар беморро ҷой додан мумкин буд) дода шуд. Аҳолӣ афзуда, деҳаи Варзигон аз ҳайати шифохонаи деҳаи Варзик баромад. 2 нафар, баъд 3 нафар ронанда навбатдорӣ мекарданд, лекин ба гармию хунукии тариқи техникаи нав Абдураҳим Тошхӯҷаев ҳамеша гӯш ба қимор буд. Хидматрасонӣ нисбат ба солҳои сипаришуда сабуку осон шуд. А. Тошхӯҷаев бо 7 нафар сардухтур, аз он ҷумла, бо Абдураҳмон Абдусамадов, Умринисо Умарова ва Абдураҳим Нуриддинов ҳамроҳ кор кард. Аз вай пурсидем:
– Барои чӣ аксарият «Андрей» гӯён ба шумо муроҷиат мекунанд?
– Ман навкор будам. Абдурашид Ҳоҷимирзоеви чустӣ сардори шуъбаи тиббии ноҳия буд, бандаро хеле дӯст медошту эҳтиром мекард, барои ҳамин «Андрей» меномид. Нағз-дия, Абдураҳимҳо бисёранд, Андрей якто, ҳама зуд мешиносанд.
Бо чанде аз шахсон, ки бо ӯ дар як ҷамоа кор кардаанд, ҳамсуҳбат шудем.
Духтури собиқадор Маҳмудҷон Файзуллоев мегӯяд: – Бо супориш ҳамроҳ бо Абдураҳим ба роҳ баромада, инчунин ба дардмандон даво мебахшидем. Ман дар ин сафарҳо аз Абдураҳим тарзи техникарониро хуб мушоҳидаву аз худ мекардам. Дертар хонда, ронандаи ҳаваскору соҳиби мошини сабукрав шудам. Албатта, ҳама одами некномро мешиносанду бо ҳурмат ба забон меоваранд. Аз онҳо яке Абдураҳим аст.
– Мошини «Ёрии таъҷилӣ»-ро шуставу озода карда, ба якдигар месупоридем. Барои ин ба мо, се ронандаи навбатдор, маоши иловагии «санитарний» дода мешуд. Абдураҳимако аз мо калонсол, таҷрибадортар ва серталаб буд. Ба мо, ҳамкасбони хурдсолу камтаҷриба: «мошин ин хел шуста мешавад, мана ин хел»..., – гӯён сахт-сахт мефаҳмонд. Мо аз вай дар соҳаи техника бисёр чизро ёд гирифта, аз рӯйи онҳо амал карда, ба нафақа баромадем, – мегӯяд ҳамкори собиқаш Холмирзо Сатторов.
***
Ҳамон соли ба фаъолият саркардаи Абдураҳим Тошхӯҷаев як ҷавондухтар аз Русия омада, дар шифохонаи онҳо ҳамчун санитарка ба кор шурӯъ кард. Вай Расима Собирзяноваи зебою тозатабиат буд. Баъд аз чор соли собиқаи кориаш дар шифохона, азбаски забони русиро медонист, ба шуъбаи алоқаи деҳаи Варзик ба кор гузаронда шуд ва дар ин ҷо то ба нафақа баромадан фаъолият бурд. Абдураҳиму ӯро ситораҳояшон бо ҳам рост омаданд. Байнашон ақди никоҳ баста шуд. Як оилаи аҳлу тифоқ бунёд гардид, дар он 4 духтар ва 1 писар ба дунё омаданд.
Гарчанд ҳамсараш каме пеш аз олам гузашт, Абдураҳимако танҳо нест, дар иҳотаи фарзандон, набераю абераҳои меҳрубону ғамхор аст. Вай бобои роҳнамою дуогӯйи аҳли хонадон, дӯстон, ҷавонон, хешу пайвандон аст. Ӯ дар даври нафақахӯриаш низ дар шифохона боз чанд сол хидмат кард.
Пири бадавлат ба синни 88 қадам гузошт. Ҳар каси зиндадил ба ин куҳансоли бо касби пурмашаққату пуршараф машғулгардида, собиқаи кории 47-соладошта, соҳиби ордену медалҳо, тақдирномаҳои фахрӣ ва сарвари хонаводаи хушбахт бо майли том: «Офарин, ба умру ризқатон барака!» гуфтанӣ мехоҳад.

Ш. МИРЗОЕВ.
Ноҳияи ЧУСТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: