ОФАРИН, ДИЁРАИ ДИЁРИ МАҲБУБ!

Дар Муғулистон аз рӯи намуди дзюдо мусобиқаи байналхалқии «Тоскулоҳи калон» баргузор гардид, ки вакили Ӯзбекистон, фарзанди Самарқанд Диёра Келдиёрова ба шоҳсуфаи баланд баромад.

Ӯ ҳарифаш  Алесия  Кузнетсоваро дар вохӯрии охирин мағлуб сохт.
– Ту бояд мактаби дзюдои Самарқандро намоиш диҳӣ,– пеш аз ба болои қолин баромадан таъкид намуд устодаш Хуршеда  Холиқова,– умедворам, ки меҳнату машқҳои пайваста зоеъ нарафтааст.
Диёра тасдиқомез сар ҷунбонд ва ба майдон баромад. Рости гап, рақиби муносиб афтода будааст, ки зуд таслим нашуд. Ниҳоят варзишгари самарқандӣ ҳунари худро нишон дод, ки вакилони Русия қоил шуданд.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки ӯ  соли гузашта дар чунин мусобиқа намояндаи  Испониё  Эстрелли   Лопесро ба доғ гузошта, ғолиб шуда буд.
Чанде пеш дар Туркия мусобиқаи  Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор гардид ва Диёра ғолиб баромад ва шӯҳрати хосса пайдо кард.
– Муҳаббат ба варзиш ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна дар қалби ман маъво гирифта, қариб 20 сол бо тарбияи ҷисмонӣ машғул ҳастам, – иброз дошт Диёра. 
— Пас аз он, ки дар Улан-Батор ғолиби мусобиқаи «Тоскулоҳи калон» шудам, баъзе аз хабарнигорон пурсиданд, ки оё ман акнун бо варзиш хайру хуш мекунам ё не?!
– Дар рӯзномаву маҷаллаҳои худ нависед, ки дар пойтахти Фаронса шарафи Ӯзбекистонро ҳимоя менамоям, – қатъӣ ҷавоб додам ман. – Солҳои охир таҷрибаи зиёде пайдо карда, паси ҳам дар чанд мусобиқаи байналхалқӣ пирӯз шудам.
Нияти ман дар Пориж ғолиб шудан аст.
Ҳоло аз муваффақиятҳои калон саргарм нашуда бо устодони меҳрубонам пайваста машқ мекунам.
Имрӯзҳо дар шаҳри Тошканд бо мураббии номдор Нелли Қиёмова ҳар рӯз болои қолин баромадан ба одат табдил ёфтааст. Дар Муғулистон соҳиби 500 балли олимпӣ шудаам.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти 
Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: