ОФАРИН ШЕРАФКАН!

Шукронаи Ватан, шукронаи истиқлол ва сарвари давлат мекунем, ки барои ҷавонон шароити мусоид оиди варзиш фароҳам оварда шудааст.

Шукронаи Ватан, шукронаи истиқлол ва сарвари давлат мекунем, ки  барои ҷавонон шароити мусоид оиди варзиш фароҳам оварда шудааст.

Сол то сол сафи варзишгароне, ки дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ натиҷаҳои баланду ҷойҳои муносибро ишғол мекунанд, зиёд шуда истодаанд. 
Шерафкан Шокиров дастпарвари мактаби 9-уми деҳаи Навободи ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд мебошад. Ҳоло дар синфи 3 мехонад. 
– Аз рӯзҳои аввали ба мактаб қадам мондан бо одоб ва кунҷковии худ фарқ мекард, – мегӯяд устоди ӯ Абдувосит Маллаев. – Таи ин солҳо  бо донишу рафтори худ байни хонандагон намунаи ибрат аст. Устодон ҳама аз ӯ мамнунанд. 
Шерафкан қариб як сол мешавад, ки аъзои дастаи варзишгарони намуди «Таэквандо» мебошад. Устоди ӯ дар ин ҷода  Даврон Комилов мебошад. Тармими пайваста, ҳамдигарфаҳмии устоду шогирд, мақсади нек самараи худро дод. Аввали моҳи ҷорӣ дар пойтахт талоши ҷумҳуриявӣ оид ба таэквандо байни наврасон баргузор шуд. Хушбахтона, Шерафкан  чанд рақиби худро мағлуб сохт ва  ҷои 3-юмро сазовор гардид.  Дар ин синну сол ин қаҳрамонист. Ба ғайр аз ин, дар чемпионати Ӯзбекистон  ширкат варзидан худ бахт аст. Офарин Шерафкан!  
Қуллаҳои баланд дар пеш аст. 

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ,
ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: