Имрӯзҳо аз ҷониби ҳукумати кишвар ба ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст.
Аксари ҷавонони мо пайваста ба илму дониш рӯ оварда, аз имкониятҳо самаранок истифода мебаранд ва барои фатҳи қуллаҳои илму маърифат қадамҳои устувор мегузоранд. Низомӣ барҳақ гуфтааст:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Шукрона Ғафурова аз қабили чунин ҷавондухтарони соҳибистеъдод мебошад, ки ҳанӯз аз овони хурдсолӣ баҳри омӯзиш камари ҳиммат баста буд. Қобилияти хуби азхудкуниву зеҳни бурро доштан далели заковати ӯст. Инро нахуст падараш ҳис намуда, ӯро ба мутолиаи китоб ва фарогирии дониш ҷалб карда, аз наздик кӯмакрасон мегардид. Азбаски Шукрона дар оилаи омӯзгор Маҳками Ҷаъфарзод ба камол расидааст, муҳити хонаводагӣ низ ба рушди истеъдоди ӯ бетаъсир намонд. Бар замми ин, меҳнати пурсамари устодаш Ситораи Азиз лоиқ ба таҳсин аст. Маҳз ин омӯзгор зеҳни бурро ва хотираи қавӣ доштани шогирдашро пай бурда, ӯро ба омӯзиши амиқи фанҳо ҷалб намудааст.
Бо таъсири чунин омилҳо Шукрона дар ду соли охири таҳсил ба комёбиҳои арзанда ноил гашт, яъне вай пайдарпай дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба гирифтани ҷойи аввал муваффақ гашта, барои ширкат дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Чанде пеш хабари хуш шунидем. Хатмкунандаи мактаби рақами 7-уми ноҳияи Сариосиё Шукрона Ғафурова аз фанни забон ва адабиёти тоҷик бо ба даст овардани 80 хол дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи аввалро гирифтааст. Барои ин муваффақиятҳо ба ӯ диплом, роҳхат барои воридшавӣ ба мактаби олӣ ва дар ҳаҷми 1,5 миллион сӯм мукофотпулӣ супорида шудааст.
Мо Шукронаро бо чунин муваффақияти назаррас муборакбод намуда, орзуи онро дорем, ки минбаъд таҳсилро дар донишгоҳ идома дода, ба қуллаҳои баланди илму дониш бирасад.
Матн ва сурати Солеҳ МУҲАММАДҶОН,
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.