ОФАРИН, СИТОРАБОНУ!

Дар хонадони Аброр чароғ фурӯзон буд.

Дар хонадони Аброр чароғ фурӯзон буд. Модар дар  хоби роҳат. Духтарчааш паси миз нишаста машғули китобхонӣ. Гоҳ-гоҳ дар дафтари кушодаи рӯйи миз қайдҳо мегузорад.
Ситорабону ном дорад ӯ. Ситорабону Пардаева. Дар синфи 8-уми мактаби рақами 21-уми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ таҳсил мегирад. Аз хонандагони пешқадами мактаб аст.
Деҳаи кучаки Соб дар қисмати шимолии қаторкӯҳҳои Нурато дар бағали кӯҳҳо воқеъ мебошад. 
Зебоманзар аст он. Боду ҳавои тоза, оби софу зулоли ошомиданӣ, дараи пур аз дарахтони чормағзу зардолу, себу тутҳои балхӣ манзараи деҳаро дучанд дилкашу дилрабо гардонидаанд. Ситорабону дар ҳамин деҳаи хушманзара ба камол мерасад, аз ин ҳама илҳом мегирад.
Охирҳои соли гузашта дар байни хонандагони мактабҳои ғайриӯзбекӣ озмуни навиштани иншо дар мавзӯи “Давлат тили –  ифтихорим” эълон шуд. Дар ин мусобиқа мактаббачагон аз ҳама мактабҳои ғайриӯзбекӣ иштирок доштанд. Иншоҳоро ҳайати ҳакам аз шаҳри Тошканд санҷид. Ва аз он ҳама иншои Ситорабону мақоми аввалро муваффақ гардид.
Ин хабари хуш ба деҳаи Соб расид. Шодию сурури мактабиёну омӯзгорон  ва ҳамдеҳагон ҳадду канор надошт. Аз чашмони муаллими забони давлатӣ – Шароф Холов ашки шодӣ мерехт. Заҳматҳояш самар доданд. Шогирди ӯ дар байни толибилмони мактабҳои русию қазоқӣ, туркманию қирғизӣ ва қароқалпоқию тоҷикӣ ҷойи аввалро соҳиб гардид. 
Хабари хуш зуд паҳн мешавад. Ситорабонуро аз тариқи шабакаи “Ёшлар”-и телевизиони ҷумҳурӣ намоиш доданд. Ӯ шеъреро ба забони давлатӣ қироат кард. Вазири таълими халқ ба ғолиби мусобиқа – Ситорабону “ноутбук” туҳфа намуд.
Баъди бозгашт аз Тошканд ҳокими вилояти Навоӣ Қобулҷон Турсунов Ситорабонуро ба ҳузури худ пазируфта, ӯро бо телевизор сарфароз гардонид.
Ин ҳамаро шунида, мо болу пар баровардем. Ситорабону набераи ҳамсинфи мо Пардабой будааст. Ҳамроҳи Низом Бозоров ба деҳаи Соб рафтем. Пардабойро ёфта, шодбош гуфтем.
Ситорабону дар хона набуд. Бо иҷозати Пардабой ба хонаи кории Ситорабону ворид шудем. «Ноутбук» дар рӯйи мизи кориаш буд. Телевизорро дар девори хона насб кардаанд.
Падари Ситорабону Аброр аз комёбиҳои духтараш шодмон буд. 
– Мо аз Ботур Аслиев хеле миннатдорем, – гуфт зимни суҳбат Пардабой. – Дар Соб зиёданд соҳибкорони боинсоф ва босаховат. Харҷи роҳу буду боши Тошкандро маҳз ӯ пардохт. 
Воқеан Ботур Аслиев соҳибкори саховатпешаву дасткушод аст. Ҳомигии мактаби зодгоҳашро ба ӯҳда гирифтааст. Дар ҳар ҷашн ба хонандагони аълохон стипендия медиҳад. Кош чунин саховатпешаҳо зиёд бошанд!
Ба қарибӣ намояндагони ҳамаи мактабҳо дар маркази ноҳия ҷамъ омаданд. Бо прокурори вилоят ва ҳокими ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Беш аз 500 нафар хонандагон ҷамъ омада буданд. Дар оғози  ҷамъомад Ситорабону Пардаева ба саҳна даъват карда шуд. Ба ӯ 20 дона китоб, ба мактаби рақами 21-ум  200 дона китоби бадеӣ туҳфа карда шуд. 
Оре, имрӯз Ситорабону натанҳо ифтихори мардуми деҳаи Соб, балки ифтихори аҳли ноҳияву вилоят низ гаштааст.

Ӯзбакбой РАҲМОНОВ,
омӯзгор,
Мавҷуда ЙӮЛДОШЕВА, 
ҷонишини директори мактаби рақами 21-уми ноҳияи Нурато.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: