ОФАРИН, ҲАСАНБОЙ!

Чанде пеш дар Париж Бозиҳои олимпӣ ба анҷом расид.

Дар  ин мусобиқаи бонуфуз 70 нафар варзишгарони ӯзбекистонӣ дар 19 намуди варзиш иштирок карда, ба якчанд муваффақият ноил гаштанд. 
Қаҳрамонони Ӯзбекистони Нав, ки дар Бозиҳои олимпӣ натиҷаҳои таърихӣ ба даст оварда, шарафи Ватанро ҳимоя намуданд, ба кишварамон баргаштанд. Онҳоро ҳазорон мухлисон бо тантана пешвоз гирифтанд. 
Яке аз қаҳрамонон – чемпиони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ Ҳасанбой Дӯсматов мебошад. 
Ҳасанбой дар деҳаи Куллаи ноҳияи Булоқбошии вилояти Андиҷон ба воя расидааст. Дар 5 солагӣ дар машғулотҳои каратэ ва кикбоксинг, ки дар деҳа ташкил шуда буд, иштирок намуд. Вақти машғулотҳои иловагӣ аз устодаш Алимардон Зуфаров усулҳои техникаи боксро омӯхт. Ҷуссааш хеле хурд буд, аммо ҳаракати зиёд, лаёқат ва маҳорати беҳамто дошт. Дар мусобиқаҳое, ки дар ноҳия ва вилоят баргузор мегашт, маҳорати худро нишон дода, ғолиб мешуд.
Вақте ки устод дар бораи маҳорати ӯ сухан ронда, ба мактаби махсуси варзишӣ доданро тавсия карда буд, модаркалонаш Буойша Ҳайитбоева Ҳасанбойро ба коллеҷи варзишии Андиҷон овард. Ин вақт Ҳасанбой 12 сола буд. Дар машғулотҳо фаъол иштирок кард. Кӯшиш намуд, ки техникаи муштзаниро пурра аз худ кунад. Дере нагузашта ӯ чемпиони Ӯзбекистон гардид. Баъди хатми коллеҷ Ҳасанбой ба Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба тарзи имтиёзнок қабул шуд. Ӯ то ин дам якчанд маротиба дар Бозиҳои Осиё, универсиадаи ҷаҳонӣ ва бисёр турнирҳои байналхалқӣ ғолиб гашта, ба шоҳсуфаи баланд баромад. 
Бо фахру ифтихор бояд ёдовар шуд, ки якчанд сол пеш Ҳасанбой дар мусобиқаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни 49 кг. иштирок карда, рақиби колумбиягӣ Юберхен Мартинес Ривасро мағлуб  намуд ва чемпионии олимпиро ба даст дароварда буд. 
– Фарзанди як деҳқони одӣ ба ҳамин қадар муваффақиятҳои калон ноил гашт, – мегӯяд раиси маҳаллаи Ривоҷ  Маҳлиё Нурматова. – Ғалабаи Ҳасанбой натанҳо аҳли маҳалларо, балки ҳамаи ӯзбекистониёнро шод гардонд. Аз ин муваффақиятҳо ниҳоят шодем ва ифтихор мекунем. Падараш Маъруфҷон дар хоҷагии фермерӣ, модараш Дилноза бошад, дар мактаби миёнаи рақами 9-ум ҳамчун муаллимаи синфҳои ибтидоӣ кор мекунанд. Додаронаш Исломбек ва Фаёзбек низ бо варзиш машғуланд. Ҳамаи ин натиҷаи таваҷҷуҳи роҳбари давлатамон ба насли наврас аст. 
– Аз ин муваффақиятҳое, ки фарзандони ӯзбекистонӣ ба даст дароварданд, натанҳо модарон, балки тамоми мухлисони варзиш, ҳамаи ҳамдиёрон шоду масруранд, – мегӯяд модари Ҳасанбой Дилноза Ҳайитбоева. – Ягон дақиқае нест, ки телефонамон хомӯш истад. Ҳама бо хушу хурсандӣ ба шодии мо шариканд. Аллакай хонаамон ба тӯйхона табдил ёфтааст. Боз хурсандиовар аст, ки  вақти мусобиқа ҳокими вилоятамон Шуҳрат Абдураҳмонов ба хонаамон омада, рафти бозиҳои Ҳасанбойро бо мо якҷоя тамошо карданд.
Роҳбари давлатамон ба ҳар як ғолиб занг зада, ҳар яки онҳоро «духтарам», «писарам», гӯён муроҷиат карданд. Ин эътибори дучанд ба мо – модарон боз ифтихор бахшид. Гуфтаниам, ки ин муносибати самимонаи Президентамон варзишгарони ҷавонро дар оянда боз ба муваффақиятҳои бузург даъват мекунад.  
Оре, имрӯз ба Ӯзбекистони азизамон тамоми дунё бо чашми ҳавас нигоҳ мекунад. Мутахассиси бритониёӣ Тейлор О’ Хиггинс дар бораи Ҳасанбой Дӯсматов чунин мегӯяд: «Ҳасанбойро муштзани ҷуссааш хурд, аммо маҳораташ калон, лаёқаташ баланд гӯён таъриф кардан мумкин. Вай бори дигар собит кард, ки новобаста аз вазнаш дар байни ҳаваскорон муштзани рақами якум аст».  

Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: