ОФАРИНИШИ ФИЛМҲОИ ТАЪРИХӢ — ТАҚОЗОИ ДАВР

Дар Қасри кинои ба номи Алишери Навоӣ нахустнамоиши филми таърихии “Авлонӣ” баргузор гардид.

Ин нахустнамоиши филмест, ки дар бораи ҷадидҳо нақл мекунад ва аз ҷониби коршиносони зиёди синамо ба ҳайси яке аз ҳодисаҳои муҳими фарҳангии кишвар арзёбӣ гардид. 
Сенарияи филми мазкур ба қалами Нависандаи халқии Ӯзбекистон Тоҳир Малик ва Муқаддас Усмонова мутааллиқ аст. Коргардони он Музаффар Эркинов мебошад. Гуфта мешавад, ки эҷодкорони ин филми таърихӣ асари “Фароштурук”-и Тоҳир Маликро барои офаридани он манбаи асосӣ қарор додаанд. 
Абдулло Авлонӣ шахсиятест, ки барои истиқлолият ва озодии мардуми худ ҷаҳду ҷадал намудааст ва аз маърифатпарварони аввали асри бистуми қарни милодӣ ба шумор меравад. Аз ҷараёни филми таърихии “Авлонӣ” бармеояд, ки вай соли 1919 ба Афғонистон сафари дипломатӣ анҷом додааст. Аз тариқи ин филм эҳсоси ботинии Авлонӣ барои бинандагон возеҳ ва равшан нишон дода мешавад. 
Дар замони зиндагии вай ҳодисаҳои мухталиф ва дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ мепайвастанд, фикру назарҳо, равияҳо, муборизаҳои шадиди байни сохторҳои сиёсии ҳамон замон, изтиробҳои Авлонӣ барои беҳбудии ояндаи халқи худ дар меҳвари ҳодисаву воқеаҳои ин филм бозтоб ёфтаанд.
– Абдулло Авлонӣ  инсонест, ки ҳамчун шоир, драматург, мураббӣ ва муаллифи аввалин китобҳои дарсӣ шинохта шудааст. Ҳамчунин вай таъсискунандаи ширкатҳои интишоротии “Мактаб” ва “Нашриёт” низ мебошад. Ин маърифатпарвар аз аввалин асосгузорони театри миллии ӯзбек маҳсуб меёбад ва ба ташкили труппаи театри “Турон” асос гузоштааст, – мегӯяд раиси Агентии миллии “Ӯзбеккино” Фирдавс Абдухолиқов.
Дар филми “Авлонӣ” мухтасаран фаъолияти гуногунпаҳлӯи ӯ инъикоси худро ёфтааст. Вай дар оғоз ба сафи ҷадидҳо пайвастааст ва баъдан ба ҳукумати шӯроҳо хидмат намудааст. 
Қобили зикр аст, ки дар филми таърихии “Авлонӣ” симои ӯро ҳунарпеша Алишер Йӯлдошев офаридааст. Барои дар савияи баланд таҳия ва эҷод шудани ин филм Матёқуб Матҷонов, Муҳаммадалӣ Абдуқундузов, Аброр Йӯлдошев, Ҷавоҳир Зокиров барин  санъаткорони маъруф аз наздик ҳамкорӣ ва кӯмак намудаанд.
– Муддати наворбардории филми “Авлонӣ” панҷ моҳро дар бар гирифт ва моҳи апрел оғоз ёфта, моҳи август ба интиҳо расид. Барои саҳнаҳои наворбардорӣ вилояти Хоразм, Қароқалпоқистон ва шаҳри Қӯқанд интихоб карда шуданд. Зарурат пеш омад, ки бештар аз 20 декоратсияи гуногун, аз қабили 3 вокзал, ду поезди дарозиаш 14-метрӣ, як киштӣ ва зиёда аз 500 костюм дӯхта шуд, – мегӯяд коргардони филм Музаффар Эркинов.
– Ҳадафи асосӣ аз офаридани ин филм чӣ буд? – мепурсем аз Музаффар Эркинов.
– Ҳувайдост, ки дар симои Абдулло Авлонӣ хостем зиёиёнеро дар меҳвари ҳодисаҳо нишон диҳем, ки дар ҳамон давраҳои пурошӯб зиндагӣ кардаанд, мубориза бурдаанд ва нисбати халқу меҳани худ дар дили бисёриҳо меҳру муҳаббат парваридаанд,– посух дод коргардони филм.

Мирасрор АҲРОРОВ,
 мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: