ОФАТИ ТАБИӢ ОСЕБ РАСОНД

Дар бораи ба куллӣ тағйир ёфтани иқлим бисёр менависанду мегӯянд.

Дар бораи ба куллӣ тағйир ёфтани иқлим бисёр менависанду мегӯянд. Гоҳо зимистон гарм ва бебориш омада, боиси якбора муғҷабандӣ ва гулкунии дарахтон мегардад. Ва ҳамин ки ҳаво андак сард шуд, гулҳои дарахтон саросер мерезанд. Одамон аз меваи он умед мекананд. Порсол низ чунин ҳолат рӯй дод ва мардуми деҳоти доманаи кӯҳсори Нурато аз боғҳои худ ба қадри кофӣ  меваи себ, зардолу, тут, чормағз нагирифтанд...
15-16-уми январи соли ҷорӣ якбора шамоли сахт вазид ва якҷоя борони пуршиддат борид. Шамол сутунчӯбҳоро ғалтонд, симҳои электрро, ки аз маркази ноҳияи Фориш ба масофаи 50 километр то ба деҳаи Моҷарм кашида шудааст, канду рӯйи замин хобонд. Сокинони маҳаллаҳои «Дӯстлик» (деҳаҳои Моҷарм, Андаген ва Отақӯрғон), «Ӯхм» (деҳаи Ӯхми иборат аз қишлоқчаҳои хурди Мӯла, Сиртикон, Сари ҳаёт, Ҳаёт, Табақдеҳ, Арсаф ва Ӯхми боло), «Ойбек» ва «Ӯзбекистон» аз ин офати  табиӣ бештар зарар диданд.
– Аз ин офат бештар хонаҳое вайрон шудаанд, ки нав бунёд карда шуда, девораш рӯйи пардозро надидааст ва аксаран ба талаботи меъморӣ ҷавобгӯ нестанд ва худсарона сохта шудаанд, – мегӯянд ходимони Садорати вазъиятҳои фавқулодда. 
Мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 46-уми деҳаи Ӯхм,  барилова хонаҳои истиқоматӣ, анборхона,  ошхона ва молхонаҳои якчанд нафар сокинони ин ҳудуд зарар дидааст. 
Дар деҳаи Порашт ҳам зарари ин офат бештар эҳсос мегардад. Назар ба гуфти раиси маҳалла Наврӯз Назаров манзилҳои бошандагони деҳа Икром Қурбонов, Обид Шарифов, Равшан Эркаев зарари ҷиддӣ дидааст. Аҳли хонаводаи онҳо то бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ  муваққатан дар хонаи хешу табори худ зиндагӣ мекунанд.
Масъулон, ёрдамчиёни ҳокими вилоят, раисони маҳалла, ходимони идораи вазъиятҳои фавқулодда вазъияти воқеиро санҷида, чораҳо меандешанд. Тахмин мекунанд, ки қимати умумии осеб барои ҳар як оилаи зарардида 45 миллион сӯмро ташкил медиҳад. Ҳокимият масолеҳи ваъдагии бинокориро барои ин оилаҳо расонида медиҳад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: