ОГОҲӢ ВА ЭҲТИЁТКОРӢ – ШАРТИ НИГОҲДОРИИ ҲАЁТ

Масъалаҳо вобаста ба таъмини бехатарӣ дар роҳҳои автомобилгард яке аз муҳимтарин масъалаҳои рӯз мебошад, гуфт Президент дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 11 феврали соли ҷорӣ дар асоси тамоюли «Роҳи бехавф ва равон» баргузор гардид. Чораҳо оиди ба дараҷаи нав бардоштани таъмини амнияти инсон дар ҷодаҳо мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифт ва роҳбари давлати мо, аз ҷумла, таъкид сохт, дар ҷамъомади мо масъалаи муҳим ва таъхирнопазир дида баромада мешавад, ки он ҳам бошад – таъмини бехавфӣ дар ҳара

Соли 2021 дар мамлакат бештар аз 10 ҳазор садамаи автомобилӣ ба қайд гирифта шуд, гуфт вай, дар натиҷа беш аз 9 ҳазор нафар шаҳрвандонамон ба дараҷаҳои гуногун ҷароҳат бардоштанд. Аз ҳама ногувотар он ки бо рӯй додани ҳолатҳои нохуш дар роҳҳо 2,5 ҳазор нафар шахсон, аз ҷумла, 263 нафар бачаҳо ҳалок гардиданд, ки ин фоҷиаи калон аст.
Аварияҳо вобаста ба ҳалокати одамон дар вилояти Тошканд аз ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ – 21-то, дар Ҷиззах – 16-то, дар Сирдарё – 15-то, дар Навоию Самарқанд – 14-тоӣ, дар Қашқадарёю Намангон – 13-торо ташкил менамоянд, ки назар ба дигар ҳудудҳо то дараҷае зиёд. Рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд садамаҳои автомобилӣ тӯли соли сипаришуда аз ҳама зиёд дар вилоятҳои Фарғона (1469-то), Тошканд (1336-то), Самарқанд (1129-то) ба вуқӯъ пайвастаанд. Аҷиб он ки дар сераҳолитарин шаҳрҳои мамлакат Тошканд ва Намангон ҳолатҳои ногувор вобаста ба садама нисбатан камтар қайд шудаанд. Дар пойтахт, инчунин шаҳрҳои Намангону Андиҷон, аз ин мебарояд, тартиби амнияти ҳаракати роҳ то андозае риоя мегардад.
Яке аз сабабҳои асосии рӯй додани ҳолатҳои нохуш дар роҳҳои автомобилгард – баланд бардоштани суръат. Аз панҷ як ҳиссаи садамаро маҳз ронандагони шитобкоре, ки суръатро аз меъёр зиёд бардоштаанд, содир намудаанд. Бо иштироки велосипедронҳо – 1075, мотосиклронҳо – 84 маротиба ҳодисаҳои нақлиётӣ ба амал омадаанд. Бештар аз 2000-то авария дар роҳҳо бо айби ронандагони ҷавони то 30-сола ба қайд гирифта шудааст.
Дар рӯй додани фалокат дар роҳҳо, зимнан, баробари ронандагон қисмате аз пиёдаҳо низ сабаб шудаанд. Дар 4698 ҳолат иштироки онҳо ба назар мерасад. Риоя насохтан ба нишон ва аломатҳои ҳаракат дар роҳҳо, аз ҷои ростомада кӯчаро бурида гузаштан, дар чорроҳаву гузаргоҳҳо ба ишораҳои чароғаки роҳ бепарво будан, дар кӯчаҳо, дар гӯш «наушник» мусиқа гӯш карда, бехабар аз одаму олам қадам заданҳо ба чӣ оварданаш мумкин?
Яке аз муҳимтарин вазифа дар муассисаҳои таълимии томактабию мактабӣ ба фарзандон –  фаҳмонидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо. Вале маълум мешавад ба ин масъала дар қисме аз даргоҳҳои таълиму тарбия аз паси панҷа менигаранд. Баъзе падару модарон низ дар ин масъала то андозае бепарво. Таваҷҷуҳ созед: бо иштироки бачаҳо ба вуқӯъ пайвастани 1621 ҳодисаи нохуш магар ташвишовар нест? Новақт аз ҳаёт чашм пӯшидани 263 нафари онҳо-чӣ?
Эътибор нигаронем боз ба факту рақамҳо вобаста ба ҳодисаҳои нохуш, ки ҳамаамонро ба андеша водор месозад: 45 фоизи садамаҳо дар натиҷаи ба қоидаҳои ҳаракати роҳ нописандона нигаристани ронандаҳо ба амал омадаанд. Паси фармон нишаста, беэътибор ба қоидаи роҳ мошин рондан нишонаи чист? Мегӯянд, мошин идора кардан – чун дорбоз болои сим қадам задан, яъне боэҳтиёт будан! Дорбоз танҳо ҳаёти худро фикр карданаш мумкин. Ронанда-чӣ?
На ҳамаи онҳое, ки мошин меронанд, таҷрибаи кофии мошинронӣ доранд. 10 фоизи садамаҳо дар соли сипаришуда маҳз бо айби ронандагоне, ки ҳанӯз аз ӯҳдаи хуб мошинронӣ намебароянд, ба вуқӯъ пайвастаанд.
Ҷуз ронанда ва пиёда ба рӯйдиҳии ҳодисаҳои фоҷиаангез боз кӣ гунаҳкор? Роҳсозон ё худ мутасаддиёне, ки коршоямию корношоямии роҳҳои автомобилгардро назорат менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд дар ҳудудҳои ҷудогона ҳолати роҳ ва инфрасохтор ба талаботи рӯз ҷавобгӯ не. Аз чаҳор як қисми рӯйдиҳии ҳодиса дар роҳҳоро маҳз ҳамин чиз сабаб шудааст.
Барои мумфарш ва тахту равонсозии ҷодаҳои автомобилгард ҳар сол давлат чӣ қадар маблағ ҷудо мекунад. Мегӯянд, наҳама масъулон дар роҳсозию таъмири ҷодаҳо дар иҷрои вазифаи худ ҳалолкор. Ё худ корҳо сарам-дилам пеш бурда мешаванд. Вақти зиёде нагузашта бесифатии таъмир ошкор ва роҳҳо валангор мегарданд. Чашмбандӣ ва коррупсия дар сохтор ҳамон ба мушоҳида мерасад. Бинобар ҳаракат дар роҳҳои валангор баробари шикаст ёфтани чархҳои мошин, хароб шудани асаби ронандаҳо, нороҳатии онҳое, ки дар мошин нишастаанд, мутаассифона, аварияҳо низ зиёд ба мушоҳида мерасанд.
Навъе пай мебарем, муаммову масъалаҳои гуногун вобаста ба рӯй додани садама дар роҳҳо ба заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва тарзи риоя ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар ҷодаҳо вобастагии қавӣ доранд. Ронандаҳое кам не, ки дидаву дониста қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон мекунанд. Аз таҳлилҳо маълум гашт, 46 фоиз ҳодисаҳои нохуш бо дағалона қонуншиканӣ сохтани ронандаҳо содир шудаанд. 
Он гуна, ки роҳбари давлати мо дар ҷамъомади видеоселекторӣ алоҳида таъкид карда гузашт, қисмате аз ронандагон ба автомактабҳо нарафта ва аз курсҳо нагузашта, гувоҳнома мегиранд. Касе ҳақ пардохт ва каму беш ҳунари ронандагӣ дорад, гувоҳнома гирифтанаш мумкин. Давр тақозо дорад автомактабҳо тарзи корбарии худро бояд куллан дигаргун созанд. Ба омодасозии ронандаҳо чун ба масъалаи ҳаёт ва мамот нигаранд. Таъмини амният дар ҳаракати роҳ танҳо вазифаи кормандони сохтор нест. Ба ин масъала бояд бепарвоӣ зоҳир нанамуд. Ба ҳар як ҳуқуқшикан дар соҳа ҷазо муқаррар, гуфт роҳбари давлат.
Мувофиқи тартибе, ки ояндаи наздик ҷорӣ хоҳад гашт, ба ҳар як ронандае, ки қоидаи ҳаракати роҳро вайрон кард, хол гузошта мешавад. Масалан, ба оне, ки ба чароғаки сурх риоя накард, – як хол, ба оне, ки аз муқобили мошини дигар баромад, 2 хол, ба ронандае, ки аз меъёр зиёд суръат тезонд – 3 хол. Вақте холҳои ӯ дар давоми сол ба 12 расид, вай аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карда мешавад. Дар ин самт ҳоло лоиҳаи қарор кор карда бароварда мешавад. Зимнан, миқдори бадали суғуртаи маҷбурии ронанда ба холҳои ҷаримавии вай вобаста хоҳад гашт. Ба онҳое, ки бетартибона мошин меронанд, навъи алоҳидаи ҷавобгарии «безории роҳ» муқаррар мегардад.
Баъд аз ин фаъолияти автомактабҳо амиқу дақиқ омӯхта мешавад. То  ҳозир алвақт инспексияи назорати сифати назди Девони Вазирон фаъолияти онҳоро таҳти назар қарор медод. Ин вазифа, айни замон, додани литсензия ба зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ супурда шудааст. Гурӯҳи экспертӣ фаъолияти автомактабҳоро таҳти санҷиш қарор медиҳад. Агар сифати таълим хуб нест, омӯзандагон дар вақташ ба машғулот ҳозир намешаванд, бинои таълимӣ ба талаб ҷавобгӯ нест, мактаб аз литсензия маҳрум ва пӯшида мешавад. Мақсад, омода сохтани ронандагоне, ки устод дидаанд, дар мактаби воқеии таълим ва ҳунар сабақ омӯхта, асос ва нозукиҳои касбро пурра фаро гирифтаву аз имтиҳон гузашта баъд соҳиби ҳуҷҷат мешаванд.
Навъе ба ҳама маълум, қоидаҳои ҳаракати роҳ нав пайдо нашуда, балки таърихи дурудароз доранд. Тахмин мекунанд, нахустин саъйҳо дар ҷодаи ба тартиб андохтани ҳаракат дар кӯчаҳои шаҳр ҳанӯз дар Рими қадим аз ҷониби Қайсари Рум (Сезар) кор карда баромада шуда ва ҳаракати яктарафа дар баъзе кӯчаҳо ҷорӣ гашта буд (дар солҳои 50-уми пеш аз милод). Қоидаҳои ҳаракати роҳ дар таърихи навро англисҳо пешниҳод кардаанд. Дар майдони назди Парлумони Лондон 10 декабри соли 1868 семафори роҳ, ки аз механики филизии гардишнок сохта шуда ва вазифаи чароғаки раҳнаморо иҷро мекард, гузошта шуд. Қарор дар бораи тартиб додани қоидаҳои ягонаи ҳаракат дар роҳҳо соли 1909 дар Париж дар доираи анҷумани байналхалқӣ қабул гашт. Баъдтар конфронси байналмилалии Женева дар ин самт конвенсияи махсус қабул намуд (с.1931). Ба қоидаи ҳаракати роҳ дар Ӯзбекистон тӯли ду  даҳсолаи охир чанд бор дигаргунӣ ва иловаҳо ворид гашт, вале тавре ба наздикӣ роҳбари давлат таъкид сохт, он қоидаҳо куҳна шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Супориш дод дар ҳолати амиқ омӯхтани афкори мутахассисону ронандагон он қоидаҳо аз нав, дар асоси талабот ва меъёрҳои байналхалқӣ кор карда бароварда шаванд. Гап акнун сари пурра амалӣ шудани нуктаҳои ҚҲР, ки дар асоси қонуну қарорҳои нав корбаст шудааст. Ҳар як шаҳрванд ба ин масъала бояд ҷиддӣ муносибат кунад. Чи ронанда ва чи пиёда, вақте дар кӯча аст, ҳушёрӣ аз даст надиҳад. Вақте қоидаҳо аз тарафи умум пурра риоя шуданд, одамон сиҳат ва саломат ба манзил мерасанд.

М.ШОДИЕВ,
шореҳи «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: