Умарҷон дар деҳаи Варзик ба дунё омада, ба синни балоғат расид.
Умарҷон дар деҳаи Варзик ба дунё омада, ба синни балоғат расид. Бо гирифтани номаи камол ронандагиро аз худ намуда, бо ин касб фаъолияти меҳнатиашро дар хоҷагии пахтакорӣ сар кард. Дар қалбаш мақсаду орзуҳои нек мепарварид. Сад афсӯс, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуду ҳамаро нотинҷу хотирпарешон кард. Калону хурд дар ҷангу ақибгоҳ ба мудофиаи сарзамини худ бархеста буданд.
Синни Умарҷон ба 18 пур шуд ва ӯро бо ҳамсолонаш ба сафи артиш даъват намуданд. Соли 1943 Умарҷон бо даъватшудагон дар муҳорибаи Қрим иштирок кард. Дар таркиби қӯшунҳо ҷангид, шаҳру деҳот, ҷумҳуриҳои бародар ва давлатҳои ҳамсояро аз фашистон озод намуда, то шаҳри Берлин расид. Дар ин ҷо барафрохтани парчами зафарро бо чашми худ дид. Дар сафи зафармандон бо ордену медалҳои бешумор ба ватан, баъд ба зодгоҳаш баргашт.
***
Сартосари кишварро асорати ҷанги хунин, норасоию гуруснагӣ фаро гирифта буд. Бо вуҷуди ин, Умарҷон ба ояндаи дурахшон умед баста, дар сари чанбари мошин нишаста, ба ҳамдеҳагони худ кӯмак мекард, мушкили варзикиёнро осон менамуд. Хонадор шуд ва соҳиби оилаи серфарзанд гардид.
Асорати ҷанг ӯро ором нагузошт. Соли 1989 дар госпитали ҳарбии Тошканд пойи захминашро ҷарроҳӣ карданд. Бо хулосаи комиссияи тиббӣ ногирои гурӯҳи якум таъин гардид.
Умарҷон шахси паҳлавонҷусса ва суҳбаторо буд. Ба фарзандон, набераю абераҳо, хешон, дӯстон, ҷавонону мактабиён аз лаҳзаҳои ҷанги даҳшатнок ҳикояҳо мекард.
– Гоҳо бо «кандашавиҳо» дар ҷанг бароямон ягон хӯрок намеомад. Мо дар ин вақтҳо сабру қаноатро пеша карда, картошкаи хому решаи дарахтонро хӯрда, бо душманон мубориза мебурдем, – мегӯяд ӯ ва таъкид мекунад, ки ба сулҳу қадри осоиш, фаровонии имрӯзаи мамлакат бояд расид.
– Аҷал ояд, одам мемурдааст, наояд не. Ман аспсавор ба аскарон ғизо мекашондам. Чанд бор дар иҳотаи борони тир монда будам. Боре ба зарфи дардастамбуда тире расид ва зарф сӯрох шуд, хӯрок рехт, аммо ман эмин мондам. Як рӯзи ниҳоят сард асп аз ҷӯйбори барфпӯше нагузашт. Ҳарчанд ҳаракат кардам, натиҷа нашуд. Аспро сӯи дигар рондам, ки ҷонвар гузашт. Баъди об шудани барф он ҷоро рафта дидам, ки дар он об мурдаи сарбозе мехобид. Он вақт ман ба ҳушёрию ҳассосии аспи ҷангӣ аҳсант хондам.
Бо ин гуфтаҳо иштирокчии ҷанг таъкид намуд, ки ҳар кас нотарсу мард бояд бошад. Барои ба мақсад расидан аз монеаҳо набояд тарсид.
– Шумо минбаъд дар хоҷагӣ чӣ тавр кор кардед? – савол медиҳем ба ӯ.
– Ба меҳнати ман шумо баҳо медиҳед, на ман, – хоксорӣ кард У. Ҷӯраев. – Солҳои охир бо мошин шир мекашондам. Рӯзе бо мошин мегузаштам, чашмам ба ду нафар зани ҳамсоя афтид, ки дар лаби ҷӯйи сари роҳ суҳбат мекарданд. Ман шири моли хоҷагиҳои Варзику Қароқӯрғонро гирифта, ба комбинати шири Чуст супурда, 50-60 километр роҳро тай карда омадам, ки суҳбати занҳо ҳоло ҳам поён наёфтааст. Яъне гуфтаниям, ки ба кори давлат беэътибор набудам, то ба охир расидани суҳбати занҳо, ман вазифаамро иҷро кардам, ҳар доим масъулиятро ҳис мекардам.
***
Ҳокими собиқи вилоят Хайрулло Бозоров зуд-зуд ба дидорбинии Ҷӯраев ба Варзик сафар мекард. Онҳо омаду рафти оилавӣ доштанд ва чун бобою набера суҳбат мекарданд.
Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Боло»-и деҳаи Варзик Маҳкамбой Мирзоев низ аз аҳволи иштирокчии ҷанг ва аъзои хонаводаи ӯ хабар мегирифт. Ин марди соҳибэҳтиромро ба чорабиниҳои Наврӯз, Хотира ва қадр, тӯю маросимҳо таклиф мекарданд.
Ҳар сол пеш аз ҷашни Ғалаба мӯйсафеди нуронӣ бо мукофоти пулии якдафъаинаи ҳукумати ҷумҳурӣ ва туҳфаҳои хотиравии созмону муассисаҳо тақдир карда мешуд.
Соли сипаригашта мо низ ба дидани Умарҷонамак бо раҳовардҳо рафта будем. Куҳансол солим барин менамуд, келинаш ва ҳамшираи тиббӣ ба ӯ вобаста карда шуда, бо нигоҳубин машғул буданд. Чашмони мӯйсафед хира шуда буд ва мо мутаассифона, аз охирин марди ҷангии деҳаамон маълумоти нав гирифта натавонистем. Ҳимоячии ватан, шахси фидокор Умарҷон Ҷӯраев дар ҳамин ҳолати ногувори пирӣ 75-солагии Ғалабаи бузург бар фашизмро истиқбол гирифт.
Бобо дар синни 95 аз олам чашм пӯшид. Ёдаш бахайр!
Ш. МИРЗОЕВ,
вилояти НАМАНГОН.