ОХИРИН ВАСИЯТИ АМИР ОЛИМХОН

Наберагони амир мехоҳанд, ки ҷасади бобояшонро аз нав дар сарзамини аҷдодӣ ба хок супоранд

Гадо гар дар Ватан мирад, 
амир аст,
Амири беватан зору ҳақир аст.
Ин байт дар сари марқади охирин подшоҳи аморати Бухоро Амир Олимхон  дар мазори Шуҳадои Солеҳини шаҳри Кобул рӯи санги мармар ҳаккокӣ шудааст.
Наберагони амир Саидрасул, Ҳикматулло ва Саидаъзам баробари хондани ин байт кӯдаквор гиря карда, мегуфтанд, ки ҳарчанд дар Афғонистон чашм ба олами ҳастӣ кушудаанд, вале ин ҷоро барои худ Ватан намеҳисобанд. «Ватангумкарда ҳар ҷо, ки равад ёди Ватан дорад», гӯён ашки  чашмонро поккунон орзуи бозгашт ба Ватани аҷдодиро доранд.
Саидаъзам Азизи Бухороӣ, набераи духтарии амир, фориғуттаҳсили факултаи рӯзноманигорӣ, ки 45 сол дораду аълон ба тиҷорат машғул аст, худро сухангӯи хонаводаи бобояш муаррифӣ карда гуфт:
– Дар Афғонистон наздик 50 оила хешовандони амир зиндагӣ мекунанд.
Пайвандону наздики амир ҳамчунин дар Амрико, Олмон, Туркия, Сурия, Покистон ҳаёт ба сар мебаранд, ки дар маҷмӯъ ба 300 оила мерасанд.
Ба гуфтаи Саидаъзам, вақте  ки аморати Бухоро суқут кард, бобояш Амир Олимхон шаш моҳ дар Кӯлоби Тоҷикистон буд. Сипас 5  апрели соли 1921 ба Афғонистон омад. Ҳамин тавр, 23 соли умри боқимондаи амир дар Афғонистон гузашта, 9 апрели соли 1944 дар Кобул вафот кард. Хонаводаи амирро давоми ин солҳо дар қалъаи Фатур, воқеъ дар 17 километрии Кобул ба ҳайси маҳбуси сиёсӣ нигоҳ медоштанд. Намегузоштанд, ки аз қаламрави барояшон муайяншуда берун пой ниҳанд. Баъди даргузашти бобояш аҳли оилаи амирро давлати вақти Афғонистон аз Кобул ба Ҳилманд мекӯчонанд. Дар ин вилоят аз ҷои ноободи шӯразор барои онҳо замин ҷудо мекунанд. Дар ин ҷо 32 соли аввал эшонро ба ҳайси муҳоҷир ном мебурданд. Алҳол дар Кобул се духтари амир ва се писараш дар Покистон, Олмон ва Амрико зиндагӣ доранд. Саидаъзам афзуд, ки аз соли 1921 то соли 1974 ҳеҷ кадоме аз хешовандони амир шаҳодатномаи табаъаи Афғонистонро надоштаанд. Танҳо як коғази сапеди муҳрзада шахсияти кулли хонаводаашонро тасдиқ мекард.
Сипас наберагони амир охирин васияти бобояшонро, ки дар шаҳри Кобул иншо шудааст, қироат карданд:
«Агар дар ҳар куҷо  аз ин ҷаҳон вафот шавам, ворисонам маро ба таври амонат ба хок биспоранд. Вақте ки ватанам – Бухорои Шариф аз чанги русҳо, болшевикҳо озодӣ  ва истиқлоли худро ҳосил намуд, ҷасадамро аз хок кашида, дубора ба ватанам интиқол диҳед ва дар он ҷо ба хок биспоред... Падари бузургворам ва худам дар вақти зимоми умури салтанати хеш як миқдор пул ва тиллоро ба таври амонат дар бонкҳои Фаронса, Ҳиндустон, Покистон гузоштем ва ҳам барои осоиши ҳамватанони хеш дар кишварҳои исломии ҷаҳон Арабистони Саъудӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Маккаи мукаррамаю Мадинаи мунаввара, дар Шом, Сурия, Ироқ, Покистон як миқдор работҳоро аз пули байтулмол харидорӣ кардам. Баъдан аз пулҳои дар кишварҳои хориҷӣ ҷамъшуда дар ободии ватанам истифодаи дуруст сурат бигирад. 
Амир Олимхон – амири Бухоро,
13 саратони соли 1302».
Наберагони амир пас аз хондани васиятнома изҳор доштанд, ки «агар моро ба Тоҷикистон даъват кунанд,  мо ба дӯши мардуму давлати Тоҷикистон бори зиёдатӣ нахоҳем шуд. Мо ин пулҳоро, ки бештар аз 90 сол дар бонкҳои ҷаҳон маҳфуз асту миқдораш ба миллиардҳо доллар мерасаду боқимонда аз тиллову бриллианту алмос иборат аст, гирифта ба ободии Ватани азизамон сарф хоҳем кард. Ин пули ҳам байтулмол ва ҳам пули амири Бухорост ва ин пул амонат аст».
Мусофир ҳар куҷо бошад,
Ватанро дӯст медорад,
Чу булбул дар қафас бошад,
Чаманро дӯст медорад, –
Саидрасул, набераи дигари амир дар ҳоле ин байтро қироат мекард, ки ашк аз рухсораш мешорид...
Сӯҳбати мо ба поён расид, аммо раҳораҳ суханони духтарону наберагони Амир Олимхон дар гӯшам садо медоданд.
«Мо агарчи дар Афғонистон ба олами ҳастӣ чашм кушодем, вале ин ҷоро барои худ Ватан намеҳисобем. Мо хизматгори мулки бегона ҳастем. Мо ният дорем, ки ба Ватан хизмат кунем...»
Аз китоби «Камони қомат»-и (с.2006) Алӣ ҶӮРА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: